Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Файзализода Ҷумахон Хол доктори илмҳои педагогӣ, профессор

14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 1970-1980 – таҳсил дар мактаби миёнаи №8 деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таҳсил кардааст.

Соли 1981- коргари бригадаи чорвопарварии совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик.

Соли 1981-1982- коргари комплекси гӯсфандпарварии совхози Кангурт.

Солҳои 1982-1984- адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск.

Солҳои 1985-1986- коргари бригадаи №3 совхози боғутокпарварии ба номи Исмат Шарипови ноҳияи Темурмалик.

Солҳои 1986-1987- мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи комсомолии совхози Кангурти ноҳияи Совет. (бо ҳуқуқу ихтиёроти кумитаи ноҳиявӣ)

Солҳои 1987-1992 донишҷўи  факултети таърихи Институти давлати педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко.

Солиҳои  1990-1992-муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби миёнаи №62-и шаҳри Душанбе.

Солҳои 1992-1996- ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко.

Солҳои 1995-1998- аспиранти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.

Солҳои 2000-2007- муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.

Солҳои 2000-2003-муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.

Солҳои 2007-2008-декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

Солҳои 2008-2011- сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ҳамин донишкада.

Солҳои 2011-2013- муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.

Солҳои 2014-2017- аввал дар вазифаи сардори раёсати таълим ва сипас баъди тағйир ёфтани сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сардори шуъбаи таълим кор кардааст.

Соли 2017-2020- муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

04.02.2020- бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Соли 2006 рисолаи номазадиро дар мавзӯи “Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил” ва соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзиши он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» дифоъ кардааст.

Муаллифи беш аз 80 нигориши: 13 кори илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ ва ғ. мебошад.

Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2020) ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 3 писару 1 духтар мебошад.