Намоиши китоб бахшида ба “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”

Бахшида ба “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ намоиши китоб ташкил кард. Дар ин намоиш гулчини беҳтарин китобҳо барои бачаҳо ва наврасон гирд овардаву дар маърази тамошо гузошта шудааст.

Хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон ҳоло имкон доранд мустақим ба китобҳое чун асари маъруфи Пешвои миллат “Забони миллат-ҳастии миллат”, китобҳои энсиклопедии “Чи ? Кай? Дар кучо?”, “Донишномаи кӯдакон ва наврасон”, асарҳои устод Айнӣ “Марги судхӯр”, “Мактаби кӯҳна“, А П. Чехов “Каштанка“, А.С. Пушкин “Стихи и сказки”, “Английский букварь”, “Английский словарь”, “Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, осори адибони кӯдакнависи кишвар ба мисли Абдумалик Баҳорӣ, Азизи Азиз, Ҷӯра Ҳошимӣ, “Баҳориёт”-и Саййидои Насафӣ, як сислсила китобҳои Афсона ва ғайра аз наздик шинос шаванд.

Аз ин пештар ҳам шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” маҳфили “Дар суҳбати адиб”-ро бо ширкати нависандаи маъруф, ҷонишини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан махсумзод баргузор карда буд.

МАТЛАБИ ҲАМСОН:

 

Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо ширкати Равшани Махсумзод” /2129/