СУҲБАТ БО НАҚҚОШИ МОНИҚАЛАМ САБЗААЛӢ ШАРИФ

 АЗ МУШКИЛОТИ РАССОМӢ, ИШҚИ АВВАЛУ ОХИР, БАҲС БО НАБИЕВУ ДӮСТӢ БО МАҲКАМОВ, НОМА БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ҶӮРААШ ЧИНОРИ ТАНҲО, ЁДЕ АЗ ЛОИҚУ САЙФ РАҲИМ ВА …

 Аз рӯзе, ки ба Китобхонаи миллӣ ба кор омадам, як масъулиятам муаррифии ин боргоҳи маърифат ба онҳоест, ки бори нахуст қадам ба остонаи он мегузоранд. Ва ҳамеша мисли он ки як одати муқаррарӣ бошад, назди мусаввараи наққоши мониқалам Сабзаалӣ Шариф “Аз давра ба давра…” қарор мегирам ва онро барои меҳмонон шарҳ медиҳам. Ҷолиб он аст, ҳар бор аз ин мусаввара ҳам барои худ ва ҳам барои меҳмонон як ҳарфи нави гуфтанӣ пайдо мекунам. Ба назарам он як роман-эпопеяи таърихи миллат аст, ки нақлаш поён надорад ва гӯё муаллиф ҳамарӯза ноаён ба он чизе меафзояд. Аммо чунин нест. Муаллиф солҳо заҳмат кашидаву ин асари мондагорашро офарида ва ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст. Вале он чунон офарида шудааст, ки ҳар бор агар бингарем, маънии наве пайдо мекунем. Ба гумонам рисолати як асари мондагор ҳам ҳамин аст, ки бинандаашро ба андешаҳои нав ба нав барад….

Ва чун қасд кардам як суҳбате бо муаллифи “Аз давра ба давра…” дошта бошам, аввал навиштаҳову нигоштаҳояшро омӯхтам ва саранҷом ба ин суҳбат мушарраф шудам. Аммо осон набуд Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор Сабзаалӣ Шарифро ба суҳбат моил кардан. Ин худ достони дигар аст, ки замоне шояд бинвисам.  Аз суҳбати тӯлоние, ки доштем, мухтасарашро ин ҷо меорам.

 

ДОСТОНИ РӮИ КОР ОМАДАНИ “АЗ ДАВРА БА ДАВРА…”

 

– Барои ҷустуҷуи мавзуи мусаввараҳоятон вақт, андеша, мутолиаи зиёд ва мушоҳида мебояд. Офаридани як тасвир бароятон дар муддати чанд вақт муяссар мешавад?

 

– Вай мӯҳлат надорад. Вай фавқулодда пайдо мешавад, фавқулодда ба анҷом мерасад.

Аммо дар китоби ёддоштҳоятон хондам, ки асари «Аз давра ба давра…»ро дар муддати 18 сол офаридед.

– 18 сол рамзист. 18 сол ба офаридани он машғул шудам, лекин тамоми умр дар фикраш будам. То 18 сол кор кардан, бояд омода буд. Ин асар порча-порча, лахта-лахта бо лахчақалам тасвир шуд. Фавқулода пайдо мешуд, баъдан ба тартиб медаровардам. Баъди силсилаи асари «Сиёҳу сафед» дар ҳамин девор (девори устохонаашро нишон медиҳад) ба порча-порча тасвир намудан оғоз намудам. Як замон дидам девори устохонаам пур аз тасвириҳо шуд. Баъд онҳоро оҳиста-оҳиста пайванд кардам. Барои ин асар маводҳои бисёр доштам.

Ҳанўз аз даврони донишҷӯӣ ба мавзӯҳои миллӣ таваҷҷӯҳ дорам. Аз ин рў, мавзӯи кори дипломиям дар омўзишгоҳи рассомӣ «Шӯриши Восеъ» буд. Ин бояд асари кошонакорӣ аз сангҳои табиии маҳаллӣ мешуд. Кори дипломиямро, ки аввалин асари монументалӣ буд, бо баҳои аъло ҳимоя намудам. Раиси имтиҳони давлатӣ, ки намояндаи Академияи давлатии рассомии шаҳри Маскав ба номи Суриков буд, гуфт ин ҷавон бояд рассоми монументалист шавад, зеро дар ботинаш ин истеъдодро дорад. Чун ба мавзӯъҳои барҷаста даст мезанад.

Бо тавсияи он кас дар ҳамин факулта дохил шуда, таҳсиламро идома додам. Дар донишкада мехондам, дар дарсҳои устухонбандӣ (композитсия) мавзӯи ҷиҳатҳои миллидоштаро интихоб мекардам. Ифтихори миллӣ доштам. Вақти донишкадаро хатм кардан низ мавзуи дипломиям «Меҳмондории тоҷикон» асари монументалӣ ки дар амал иҷро шуд ва дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» то ҳол вуҷуд дорад.

 

Вақте Донишкадаи театрӣ-бадеии шаҳри Тошканд ба номи Островскийро хатм намуда, ба Душанбе баргаштам, китоби «Таджики»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони русӣ чоп шуда буд. Шабҳои дароз онро мехондам. Мутолиаи ин асар ҳисси миллиямро бештар кард, боварам афзуд, ки аз ифтихороти миллиямон зиёдтар асарҳо офарам ва дар ин мавзӯҳо кор кунам. Яъне тамоми умр ба мавзӯи асари «Аз давра ба давра…» омодагӣ мегирифтам. Ҳар асаре, ки дар донишҷӯӣ ва баъди он офаридам, ҳар китобе, ки мутолиа намудам, ҳамааш дар асари «Аз давра ба давра…» ифода ёфт.

Чеҳраҳои устод Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Сотим Улуғзода, Толиб Шаҳидӣ, Фаттоҳ Одина, Миробов ва дигар фарзандони барӯманди миллатро, ки дар устохонаам дидед, айёми зинда буданашон тасвир кардаам ва онҳоро дара асарам «Аз давра ба давра…» тасвир намудам. Бо онҳо ифтихори дўстиву бародарӣ доштам ва дар асари «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» ҷо додаам. Образи чеҳраҳои таърихие, ки дар ҳаёт набуданд ва онҳоро надидаам, аз китобҳову  маводҳои бойгонӣ омўхта, офаридам.

Ман бо суратҳои ин асар ба сарвари давлат нома навишта, муроҷиат кардам, то тақдири ин асарамро ҳал намояд. Бо тавсияи сарвари  давлат мусаввара ҷои муносиб ёфт.

Дар асари «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» Исмоили Сомонӣ дар сараш тоҷи давлату дар дасташ тоҷи фахрист, ки ҳамаи мардумро ба ваҳдат мехонад. Аз зери тоҷи фахрӣ кабутари тасвир ёфтааст, ин кабутарест, ки дар киштии Нӯҳ дар нулаш як навдаи дарахт дорад. Ин навдаи ниҳол аз наздик будани замин дарак медиҳад. Яъне, кабўтар ба киштибудагон хабари хуш овардааст, ки соҳил наздик аст. Шоҳи аксёфта низ ба миллаташ хабари хуш овардааст, ки шумо имрӯз соҳиби давлат ва забон ҳастед.

Дар образи Исмоили Сомонӣ симои тамоми шоҳони давру замонҳоро ҷамъбаст кардам. Зеро замони Сомониён миллати мо пурқудрат шуд, соҳиби давлат буд.

– Болои шакли рангаи асари «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» чанд сол кор кардед?

– Дар шакли рангааш се сол бо ранг кор кардам. Ин шаклро махсус барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ранги зарҳалӣ оро додам. Шакли аввалаш, ки сиёҳу сафед аст, дар бойгониям ҳаст. Чаро бо ранги заррин онро оро додам? Чун дар асри тиллоӣ зиндагӣ дорем, ба замони худшиносӣ расидем, эҳё шудем, худшиносиямон баланд шуд.

Дар пеши чашмонамон чӣ қадар ободӣ шуд, роҳҳову гулгаштҳову неругоҳҳо бунёд гардиданд. Ин ободиҳо бо сарвари хирадманд ва  эҳсоси баланди худшиносӣ ба амал меоянд.

Фикр мекунам насли оянда аз мо беҳтар зиндагӣ хоҳанд кард. Насли имрӯз озоданд, ҷаҳонбиниашон фаррох аст, чор тарафашон кушода аст. Ман, ки тарбиятгирифтаи ҳокимияти шўравӣ ҳастам, шоҳиди маҳдудиятҳову монеаҳову нофаҳмиҳои он давр будам. Он замон ҷиҳатҳои худшиносии миллӣ вобаста ба иделогияи шўравӣ буд ва хусусиятҳои худро дошт. Ҳоло озод ҳастем. Мардуми озодпарвар, ки ҳастем, гуманизми баланд дорем.

Аммо он замон ҷиҳатҳои хуб ҳам дошт. Бояд онҳоро дар мавриди эҷодкорон мавриди истифода қарор диҳем. Ҳокимияти шўравӣ мардуми эҷодкорро мепараврид, хусусан рассомонро.

Соли 2006 дар театри Лоҳутӣ намоиши асарҳоям бо номи «Субҳи сафед» ва асарҳои монументалиам «Аз давра ба давра …» баргузор шуд. Пас аз намоиш аксар суол медоданд, ки ин асарро бо фармоиши кӣ офаридед? Гуфтам супориши дилам, номусам буд. Яъне, мехостам қарзи фарзандиямро дар назди миллатам иҷро кунам. То куҷо ин мусаввара муваффақ аст, намедонам. Вақту замон инро баҳо медиҳад. Ҳоло сад шукр, ки ин асарро мардум  писандиданду ҳар гуна ном монданд. Ба гӯшам расид, ки мардум асари  «Аз давра ба давра …»-ро «Ифтихори миллат» ном гузоштаанд. Ин боиси ифтихору хушнудиям аст.

Дар асари «Аз давра ба давра…» ду давра ба риштаи тасвир кашида шудааст ва пайванди ин ду давра бармалост. Замони зардуштӣ, то шўравиву имрўз. Фарзандони барўманди миллат, марҳила ба марҳила тасвир шудаанд. Аммо наметвонистам ҳама эҳсоси диламро дар як асар ҷо кунам, ҳамаи онро ғунҷондан имкон надорад. Ният дорам ин силсиларо идома диҳам, агар умр вафо кунад.

Асри 19 даври зулми амири Бухорои Шариф ба мардуми заҳматкаши кўҳистон андозҳои бераҳмона мебастанд. Ин магар дарди миллат набуд, ин исёни мардуми Хатлонзамин набуд, ки онҳоро истисмор мекарданд, азият медоданд. Мардуми баномус, ки буданд, шўриш бардоштанд, қаҳрамони миллат Восеъ исён кард. Спитамону Темурмалик ва дигарон ба ҳамлаи мақдуниҳову муғулон сари таслим фуруд наоварданд. Онҳо бо душман ҷангиданд. Ҳамаи ин ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллат маро водор карданд, ки асаре офарам, ки ҳамаи онҳо дар он ҷой ва мақоми худро дошта бошанд. Аммо ҳоло ҳам фикру андешае, ки доштам, ба анҷом нарасидааст ва дар фикри ин силсила машғул мебошам.

Оё фикр мекунед бинан он мақсади муаллифро ба зудӣ дарк мекунад?

– Инаш кори эҷодкор нест. Худо ба дили эҷодкор меандозад ва ў меофарад. Ман намедонам фардо чӣ меофарам, ба кадом тарз, ба кадом устухонбандӣ. Вақте сари кор менишинам ишорае пайдо шудан мегирад.

  • Яъне илҳом меояд?

– Илҳом гапи маъмулист. Як ҳиссиётҳое пайдо мешаванд, ки интизор набудед. Силсилаи «Сиёҳу сафед» замони воқеаҳои нангин рўи кор омад. Се сол дар мотам будам, намедонистам чӣ кор кунам. Ба куҷо сарамро занам. Чӣ гуна пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирем. Саг соҳибашро гум карда буд. Дастам намерафт эҷод кунам.

Фарзандонам хурд буданд, меомаданду тамошо мекарданд. Яъне онҳо ҳам ба ман кумак мекарданд. Нигоҳи онҳоро дида, дилам реш-реш мешуд. Охир онҳо бояд дарс мехонданд, вале аз тарси воқеаҳои фоҷеабор аз хона берун намешуданд. Барои як нон соатҳои яки шаб маҳалла ба маҳала мегаштам. Бисёр воқеаҳои даҳшатборро дидам. Ин чизҳо сабаб шуданд, ки асари  «Сиёҳу сафед» таъсирбахш баромад.

Рўзе дар чорчубае матоъро кашидам, силсилаи «Сиёҳу сафед» худаш пайдо шуд. «Илтиҷои модар»-ро дар ду- се рўз офаридам. Мавзўи модар ҳамеша дар эҷодиётам ҷилва мекунад. Аз кўдакӣ то имрўз, ки мусафед шудам, аз модар дуо мегирам.

 

ГИРЯИ ЗАНЕ АЗ ДИДАНИ АСАРИ «СИЁҲУ САФЕД»

 

Дўстам Нур Табаров як рўз занг зад, ки дар маҷаллае навиштаанд, зане ҳини тамошои асари «Илтиҷои модар» гиря кардааст. Яъне пайванди меҳри модар ба воситаи асари ман ба ин зан таъсир расондааст.

Боз мо рассомон менолем, ки мардуми мо санъати рассомиро дарк намекунанд, ба асарҳои рассомон он қадар таваҷҷўҳ надоранд. Охир нависанда, оҳангсоз, рассом, қалби миллатанд ва вақте ин дил асар меофарад, ба дили мардум ҷо мешавад. Дардеро, ки ў иброз медорад, албатта ба мардум таъсир мекунад.

Албатта, мардуми мо дар бораи санъати рассомӣ маълумоти камтар доранд. Ин ҳунар нозукиҳое дорад, ки бояд миёни мардум фаҳмонда шавад ва таблиғи асари санъатро бояд аз хонавода ва кўдакистонҳо оғоз кард.

– Аввалин асаратон чӣ гуна ба намоиш роҳ ёфт?

– Аввалин асаре, ки дар ҷавониям офаридам ва онро осорхона харид, дар васфи анорбоғи бобоям буд. Аз ман хостанд, ки бобоямро унвондор тасвир намоям, аммо ман мехостам, ки дар рӯҳияи вай ҷасорату бузургияшро нишон диҳам. Ин болотар аз нишону унвонҳои давлатист. Ин асарамро ба намоиш роҳ надоданд, ки бароям як зарба буд.

Бисёр ҷавонон дилшикаставу рӯҳафтода шуда, баъзеяшон тарки ин касб намуданд. Лекин ман ва дўстонам таслим нашудем. Хирагӣ мекарадем, дар суханрониҳоямон аз минбарҳо андешаҳоямонро рӯирост мегуфтем, ки барои ин корамон моро бад ҳам медиданд.

  • Боре гуфтед ман то ҳол танқид мешунавам. Чаро?

– Бо танқид баҷуръат шудам ва то ҳол танқид мешунавам. Бо чунин муносибат обутоб ёфтам. Барои ҳамин ҳамеша  шогирдонамро мегӯям, ки пурсабр бошед, мушоҳидакор бошед, аз интиқод натарсед. Ҳар қадар танқид кунанд, ҳамон қадар устувор мешавед. Интиқоде ҳаст, ки метавон ба он чандон таваҷҷуҳ накард, интиқоде ҳаст, ки бояд сари он андешид.

 

РАШК, БАХИЛӢ ВА БОЗ ЧИЗҲОИ ДИГАР

 

– Чаро ҳамеша шуморо пешпо медоданд, садди роҳатон мешуданд?

– Бахилӣ ҳам буд, рашк ҳам буд. Зеро насли мо композитсияҳое тасвир мекард, ки онҳо ҳайрон мемонданд. Мо саводи касбии олӣ доштем. Замона дигар шуда буд, стереотипҳо аз байн рафта буд. Шахсан худам ба ҳар коре даст мезадам, бо баҳра аз донишам даст мезадам.

Маош гирифта, нисфашро ба фарзандонам мегузоштаму нисфи дигарашро роҳкиро карда, ягон асарамро бо худ мегирифтаму ба Шӯрои бадеии Маскав мебурдам. Он ҷо намоиши умумииттифоқӣ баргузор мешуд. Ҳамаи ҷумҳуриҳо ширкат менамуданд. Маҷаллаҳои маъруф аз қабили “Творчество”, “Искусство” дар бораи асарҳои ман мақолаҳо чоп мекарданд. Баъд дар Тоҷикистон хабар меёфтанд  ва маро даъват мекарданд, танбеҳ медоданд, ки чаро бидуни иҷозаи мо асарҳоятро Маскав бурдӣ? Мегуфтам шумо маро роҳ намедиҳед, чӣ кор кунам? Он ҷо озодист, ҷавононро дастгирӣ мекарданд.

Дар ҳақиқат ҳам Маскав ҷавононро бисёр кӯмак менамуд. Роҳи маро Москав боз кард. Бо ман шартномаҳо мебастанд, баъд дар Тоҷикистон хабар меёфтанд.

Садди роҳи ҷавонони дигар низ мешуданд. Иншоотҳоро низ ба мо ҷавонон намедоданд. Ягон рассоми калонсол иншоотро ба номи худ мегирифт, мо ҳамроҳаш кор мекардем. Баъд мо дар пленуму ҷаласаҳо даъво ва ҳуқуқҳоямонро талаб мекардем, онҳо мегуфтанд, ки инҳо ҷанҷолиянд, миллатгароанд. Маро бори аввал ҳамон солҳо миллатчӣ гуфтанд.

  • Аз сензураи айёми шўравӣ бигўед.

– Дар асарам бо номи «Гусел дар меҳмонӣ» мӯйсафедеро тасвир кардам, ки писарашро, ки савори асб аст, бо дуо гусел мекунад. Он замон сензура сахт буд. Ибодат Раҳимова (Худо раҳматаш кунад) гуфт медонед, ки идеологияи ҳозира дуо доданро иҷоза намедиҳад. Гуфтам падар ба писараш дуо дода истодааст. Маро модарам (падар надоштам) ва бобоям ҳамин хел дастонашонро бардошта дуо додаанд. Маро дар хона ҳамин хел тарбия додаанд. Чаро дар хона манъ нест, дар асар мамнуъ бошад? Ў гуфт бояд динро таблиғ накунем.

Ин дин нест, урфу одати мост. Моро дар таърихи КПСС омӯзонданд, ки ҷиҳатҳои реализми сотсиалистиро риоя намоем, он чиро, ки мебинем мешунавем, тасвир кунем. Яъне воқеанигор бошем. Мо –ку ҳамин корро мекунем, гуфтам.

– Мавзуи асарҳоятонро аз куҷо пайдо мекунед?

– Ҳар чизе барои офариниши асаре такон мешавад. Масалан, марги Бобоҷон Ғафуров маро водошт, ки рўи асар. “Ҳамеша зиндаанд” ҷиддӣ кор кунам. Марги Маҳмудҷон Воҳидов низ, ки ҷўра будем ва ҳамчунин моро тарк намудани устод МирзоТурсунзода. Муддати як сол ҳарсеашон дунёи моро тарк карданду ба абадият пайвастанд. Инҳо сутунҳои миллат буданд. Асари «Ҳамеша зиндаанд» ҳамон ҷо пайдо шуд.

 

БАҲС БО РАҲМОН НАБИЕВ, ДӮСТӢ БО ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ

 

– Баҳсатон бо Раҳмон Набиев аз куҷо шуруъ шуд ба куҷо кашид?

– Бо Раҳмон Набиевич барои бинои Сирк баҳс кардем. Он вақт ӯ Сарвазири кишвар буд. Шакли ҳайвонҳое, ки барои даромадгоҳи бинои Сирк аз мис сохта будам, ба он кас маъқул нашудааст, гуфтаст бардоред инро. Ман набудам. Бояд дар ҳузури муаллиф инро мегуфт ва далелашро мефаҳмонд.

Вохӯрдем. Тупаланг бардоштам. Гуфтам чаро заҳмати маро бе машварати ман аз байн бурдед?  Ман шабҳо нахобида, бо машаққат эҷод кардам. Маош ку надодед, ақаллан дар ҳузури ман мефаҳмондед, ки чаро маҳсули ҳунарамро аз байн бурдед.

Бори дигар мулоқот кардем. Эҳтиромона гуфтам тасвири офаридаам аз шӯрои бадеӣ гузаштааст, муаллифи ин иншоот-меъмор қабул кардааст. Чаро шумо иҷозат надодед? Посух дод:

-Меъморат дигар. Мақоми ман баланд. Бояд ман қабул кунам. Рав, ба куҷое шикоят мекунӣ, кардан гир, -гуфт.

Бори дуюм соли 1990 дар театри Лоҳутӣ вохўрдем. Он вақт президент шуданӣ буд. Ин пеш азинтихобот буд.

Асари сегонаи монументалӣ «Фазои вақту замон» дар пешдолони театри Лоҳутӣ овезон аст. Як назар андохту пурсид: Ин чӣ? Исо Абдурашидов, роҳбари онвақтаи театр гуфтанд ин асарҳои офаридаи ин кас (ба ман ишора карда). Ба тасвирҳои бари девор нигоҳ карду бом ан салом кард. Моҳияти асарро барояш фаҳмондам. Бо вуҷуд гуфт, ки инро мардум намефаҳманд. Гуфтам аллакай дар борааш дар рӯзномаҳо навиштанд, аз ҷониби  мардум пазироии хуб шудаст. Ва гуфтам: Раҳмон Набиевич як бор маҳсули заҳматамро написандидаву бидуни маслиҳату машварат канда партофтед, ин бор қанотамро нашиканед, ки гапи бисёр мешунавед. Пуштам бақувват шудагӣ. Асарҳои зиёд офаридам. Ин яке аз асарҳои охирам аст. Суханам писандаш омад, хандиду ҳамдигарро оғӯш гирифтем. Ҳақ ҳамеша ҳақ аст охир.

 

 

– Бо сарвазири вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов ҳамкорӣ ва муносибати хубу дўстона доштед. Ҳатто ўро дар китобатон «ҳимоятгари мо» гуфтед. Қиссаи дўст шуданатон чӣ гуна аст?

– Бо ягон нафар узви дастаи мо ҳаргиз бо овози роҳбарӣ гап намезад. Гуё ҳамкорамон бошад. Вақте дар иншооти Кохи Борбад дар мавриди сохтмон «ҷаласа» мешуд, кор ё муҳокимаи иншоот анҷом меёфт, ҳамаро ҷавоб медод, ғайр аз ману ҳамкорам Валимад Одинаев ва меъмор. Менишастему ў аз сидқи дил гап мезад. Мегуфт ин тавр бояд кард, он тавр бояд кард, чӣ фикрҳо доред? Аз ҷо мехесту палтову мӯзаҳои корияшро мепўшид, ки либосҳояш пури лой мешуд. Коргар буд, фидоӣ буд. Ҳамроҳ ин тарафу он тараф мегаштем, маслиҳатҳо мепурсидам, ҳеч гоҳ намегуфт ман роҳбарам. Қаҳҳор Маҳкамов бисёр роҳбари хоксор ва самимӣ буд. Ин хислатҳояш маро бо ў наздик кард.

Котиби аввал буд, ҳамсарам Нозигулро ў ба кор қабул карда буд. Айёми сар задани воқеаҳои нангин Нозигул дар он ҷо кор мекард. Нафаре аз мухолифин бо номи Сабзаалӣ Шарифов, ки дар радио кор мекардааст,  аз Қаҳҳор Маҳкамов  талаби истеъфо намуда, бар зидди ў бархостааст.

Қаҳҳор Маҳкамов ёварашро даъват карда, гуфтааст, ки охир ман Сабзаалӣ Шарифовро мешиносам, наход ў чунин рафтор кунад?

Вақте мефаҳмад, ки завҷаам дар он ҷо кор мекунад, мегўяд, ўро пурсед. Нозигул мегўяд иштибоҳ кардед, шавҳари ман ақидаи мустаҳкам дорад. Ў як эҷодкор аст, ки ба сиёсат таваҷҷўҳ надорад.

Баъдан Нозигул бо коре назди Қаҳҳор Маҳкамов медарояд.

-Қаҳҳор Маҳкамович дилатон дур рафт а?-мепурсад занам бо шўхӣ. Мардаки ман ин хел одам нест.

-Медонам. Шавҳаратро хуб мешиносаму яке дилам дур рафт, кӣ медонад, ҳозир ҳодисаҳое шудаистодааст, ки…,- мегўяд ў.

Аз байн солҳо гузашт. Ў аз вазифа рафт.

Ҳарду аз як ҷой нафақа мегирифтем. Боре дар навбати нафақа истода будам, ки ҳама ба сўе нигаристанд. Ман ҳам ба ҳамон тараф нигоҳ кардам. Дидам, Қаҳҳор Маҳкамов аст. Навбатамро ба ў додам ва ба муҳосиб гуфтам нафақаи ўро бенавбат бидиҳад. Ў гуфт чаро ин корро кардӣ?

 

МУШКИЛОТИ ХОНАВОДАГИИ ЯК ЭҶОДКОРИ МУВАФФАҚ

 

Аз ишқи донишҷуиятон Татяна Соловева қисса кунед. Чаро бо ӯ издивоҷ накардед?

– Ӯ дарди дили ман аст. Дар Хоразм вақти таҷрибаомўзӣ вохӯрда будем. Татяна дар соли сеюми Академияи рассомии ба номи Репини шаҳри Ленинград мехонд. На танҳо ошиқаш, ошиқи донишу ҳунараш ҳам шудам. Дар як моҳ бисёр чизҳо аз ӯ омӯхтам, ки ин маро бо ӯ бештар наздик кард. Мақсади ниҳоиям дохил шудан ба Донишкадаи рассомии шаҳри Ленинград буд. Ба Донишкадаи рассомии шаҳри Тошканд ба умеди он дохил шудам, ки аз он ҷо ба Донишкадаи рассомии шаҳри Ленинград гузарам. Дар қисматам Хоразм будааст. Ба чанги Татяна афтидам (механдад). Ба ў гуфтам, ки орзу дорам дар Ленинград таҳсил кунам. Ваъда дод, ки кӯмак мекунад. Пас аз бозгашташ ба Ленинград мактуб навишт, ки дар Ленинград хондан ду роҳ дорад: ба хотири хатарнок будани саломатият, яъне агар таҳсил дар Тошканд ба сиҳатат хатарнок бошад, метавонӣ дар Ленинград идома бидиҳӣ, ё оиладор бошӣ. Ва пешниҳод кард, ки  бо ҳам издивоҷи сохта мекунем, ту хондан гир.

 

– Бо ҳамсари аввалатон Дилбар чӣ гуна ошно шудед?

– Ман варзишгар ва дар гурўҳи яккачини Ўзбекистон аз шамшербозӣ дохил будам. Дар мусобиқаҳои донишкада аз ин намуди варзиш ширкат меварзидам. Муррабиямон гуфт бояд ба мусобиқаи умумииттифоқӣ омода шавӣ. Ба толори варзишӣ, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор» ҷойгир буд, барои тамрин рафтам. Дидам духтараки ҷавоне шамшербозӣ дораду ҳамаро мебурад. Азбаски ниқоб дошт,  руяшро надидам. Бачаҳо гуфтанд ин духтарчаи майдаҳак ҳамаро бурид, намехезӣ ҳунаратро нишон диҳӣ? Гуфтам айб аст бо  як духтар бозӣ кардан. Хайр ҷавон будем. Рафтам, бо шамшер дар таги дасташ задам. Ў, ки инро интизор набуд, мехост ҷавоб диҳад, ки боз ба тарафи дигараш задам. Истод, ки боз задамаш. Қаҳраш карду ниқобашро гирифта партофт.  Дар толор ҳама хандиданд. Ў асабӣ шуда -э дафъ шавед,-гуфт. Ман, ки дар кишвари бегона ташнаи забону ҳамватанонам будаму дар ҳасрати сухани тоҷикӣ, аз сухани ў шах шудам.

Дилам сухт, ки духтарро хафа кардам. Дар бараш нишастаму пурсидам, ту тоҷикӣ? Гуфт узбекам. Гуфтам пас тоҷикиро аз куҷо медонӣ?

  • Чӣ тавр?- пурсид ў.
  • «Дафъ шавед» танҳо тоҷикон мегӯянд, илова намудам ман.

Пурсид шумо тоҷик ҳастед? Гуфтам яҳудии бухороиям. Бовар кард (механдад).

Тамрини ман шуруъ шуду аз ў тамом. Дидам портфелаш аз худаш калон аст. Гуфтам ин портфелатон аз худатон калон аст, чӣ хел мебаред? Гуфт шумо мебаред -да. Гуфтам ман хари боркаш нестам. Машқ тамом шуду баромадам, ки ў мунтазири ман нишастаст. Портфелашро бардошта, гуселаш кардам. Хулоса рӯзи дигар ҳам тамрин омадам, ки ӯ низ он ҷост. Ҳамин тавр шинос шудем. Ў аз Самарқанд будааст.

Хондам, ки вақте аз ҳамсаратон ҷудо шудед, ў ба Кумитаи Марказӣ шикоят кард, ки ин дар зиндагиву эҷодатон мушкили зиёде пеш овард. Сабаби ин ҷудоӣ чӣ буд ва ин шикваву шикоятҳо бароятон чӣ паёмадҳо дошданд?

– О занҳо, шумо кунҷкобед (механдад).

Касбамро бад медид. Иллати ҷудоиямон ҳамин буд. Хушбахтона узви ҳизб набудам, вагарна…. Вале чун вазифаи давлатӣ доштам, соли 1982 котиби раиси Иттифоқи рассомон оид ба меъморӣ ва санъати монументалӣ интихоб шуда будам, бо вуҷуди он ки 5 маротиба ба сафи ҳизб даъватам карданд, дохил нашудам.Чун ба он омода набудам.

Ҳамсари аввалам касбамро дуст намедошт.Вақте касбамро мепурсанд, мегӯям касби мо падарлаънат касб аст. Зеро аз рӯи ин касб фарзандат ҳам дар азоб аст, хонаводаат ҳам пош мехӯрад.

Шукрона, ки фарзандонамро сари вақт хабар мегирифтам, таъмин ва тарбия мекарадам. Барои ҷудоӣ аз ҳамсарам як умр худамро гунаҳкор меҳисобам. Гарчанд ҳар ҳафта ўро хабар мегирифтам, ҳатто гирифта хона меовардам. Вале аз ҷудоии ман писари маризам Шоҳинҷон бисёр азоб кашид. Ба хотири ў бисёр ғам мехӯрам. Дар пеши ӯ худамро беандоза гунаҳкор меҳисобам. Барои ӯ бояд аз модараш ҷудо намешудам, худамро қурбон мекардам. То синну солаш ба ҷое расидан, бояд сарро хам карда тоқат менамудам. Зеро дар ҷое, ки модараш ўро ноилоҷ шуда супорида буд, ба бемории зардпарвин мубтало гашт, ки мо бехабар мондем. Ва ин зардпарвин ба ҷигар зарар расонду ӯро мубталои бемории сирози ҷигар намуд.

Шоҳинҷон рӯи дасти ману модараш ҷон дод. Ин бароям бисёр зарбаи сахт шуд. То ҳол сари қабраш рафта дуо мехонаму аз рӯҳаш узр мепурсам.

Чӣ кунам, насибам ҳамин будааст?

Лолаҷонакам – фарзанди нахустинамон синфи 4-5 мехонд, боақлак буд. Фарёди ӯ ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад. Фоҷиае буд, ки гузашту рафт.

Сад шукр, ки ҳамсари дуюмам Нозигул маро дарк мекунаду кўмак мерасонад. Одам аз одам фарқ мекардааст. Дар урфият беҳуда намегўянд, ки вакт шифобахш аст. Ҳоло бо завҷаи нахустам ҳамдигарфаҳӣ дорем. Сабабгори ин Нозигул бо хислатҳои некаш аст. Худо нигаҳбонаш бошад.

– Дар бораи ҷураатон чанори танҳо, ки китобатонро ба номи ў гузоштед ва дар асарҳоятон чун пирамарди хирадманд тасвир ёфтааст, чанд сухан бигўед.

– Соли 1996 дар осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод 50-солагиямро ҷашн гирифтам. Устохонаам омадам, ки бетартиб буд. Илоҷи кор кардан набуд. Писарам Мурод донишҷў буд. Мехостам устохонаи худашро дошта бошад, дар устохонаам маводҳо барои кор кардан буд. Калиди устохонаамро ба ў додам. Худам дар хона камин гирифтам. Дар як гўшаи ҳавлиям як хонача сохтам барои кор карданам, яъне устохона. Асари  “Сиёҳу сафед” ба ҷоизаи Рудакӣ сазовор шуд. Ва ин ҳуҷраро аз маблағи ҳамон ҷоиза сохтам, китобҳоямро дар он ҷамъ овардам. Вақте китоб мехондам, дар варақ ҳар гуна қайдҳо мекардам, яъне мавзӯҳои ба зеҳнам омадаро ёддошт мекардам. Саргарми андешаву мулоҳизаву мутолиа будам, ки кўдакиву чаноре, ки дар зераш бузург шудам, ба ёдам омад. Чиноре, ки зери сояи он модарам менишасту чой менӯшиду суҳбат мекард.

Чанор дӯсти рамзӣ ва пайванд кардани худ ба зодгоҳ аст. Барои эҷодгар баҳри пайванд додан рамзе зарур аст. Вақте ёддоштҳоямро менавиштам, мутаваҷҷеҳ шудам ҳама навиштаҳоям сари чанори танҳо ва анорбоғи бобоям пайванд мехўрад.

Чанор 500 метр аз хонаи бобоям дур буд. Дар таги чанор ба тасвир кардан машғул мешудам. Он вақтҳо майдон холӣ буду атроф пахтазор. Хонаву дар набуд. Ин ҷўраам дигар нест. Ҳама ҷо хона шуд. Кадом рўз гўристонҳоро ҳам хона мекунанд.

Ҳар гоҳ Сари Хосор мерафтам, зери чанор асарҳо меофаридам.

Модарам дар саҳро буд, дар пахтачинӣ буд, зери чанор менишастаму ўро интизор мешудам, худ ба худ гап мезадам, суруд мехондам, дар замин расм мекашидам.

Бубинед, чанор ҷон надорад, лекин бо ӯ сӯҳбат мекардам, рози дил мегуфтам. Ҳаноми таътил ба аёдати модарам мерафтам ва  ҳатман дар таги чанор менишастам. Бачагиямро ба ёд меовардаму асрори дил мегуфтам. Чанор бароям дўст шуд.

 

АЗ САЙФ ҲАМ ГУФТУ АЗ ДИГАРОН ҲАМ

 

Марги фоҷеабори Сайф барои адабиёт ва фарҳанги кишвар зарбаи ҷонкоҳе буд. Шумо,ки аз дӯстони наздики марҳум будед, ин фоҷеаро чӣ гуна қабул кардед?

  • Маргаш бароям талафоти бузург буд. Даҳшат буд. Масирамон, ки аз як сў мерафт, ҳар субҳ вориди автобус мешудему ҳамдигарро медидем ва бо ишораи сар салом мегуфтем. Бо чашм суҳбат карданамон 2- 3 сол идома ёфт. Яке Сайф ғайб зад.

Ёд дорам бори аввал бо Сайф дар театри Лоҳутӣ бахшида ба садсолагии Абулқосим Лоҳутӣ вохўрдем. Ду асарам дар он ҷо овезон буд: бахшида ба Маҳмудҷон Воҳидов ва Ҳамеша зиндаанд”.

Марде омаду дар пуштам рост истод. Дўстонам ҳама баргаштанду нигоҳ карданд. Риш монда буд, нашинохтам. Аз ҷоям бархостаму нигоҳ кардам, ки Сайф (он вақт номашро намедонистам). Маро, ки дид, хандаи зебое карду миёнамон гуфтугў сурат гирифт:

–Э ҷўра, чӣ хелӣ?

-А ҷўра дар куҷо будӣ, 2-3 сол надидамат?

Сўи асарам баргашту гуфт «мафтун кардӣ».

-Асари тасвириро хуб дарк мекунӣ?-ҳайрон шуда, пурсидам.

-Ай изом нате, – бо шухӣ гуфту ҳамин тавр шинос шудем. Мизро овардаму нишаст. Ҷураҳоям Валимад Одинаев, Дод Самадов ва Сайф Шералиев пурсиданд, ки ин мард кист. Гуфтам худатро муаррифӣ кун. Гуфт ман Сайф Раҳим ном дорам, ду –се сол аст дар Афғонистон кор мекунам. Лекин ин кори акаи Сабзаалӣ бисёр диламро тасхир намуд. Барои ҳамин омадам, ки асарашро бубинам. Ман бачаҳоро бо Сайф ошно кардам, бо ҳам дўст шуданд. Сайф то охири умр бо онҳо дўстӣ дошт.

Соли 1980 буд. Афғонистон рафт ва баъди ду сол баргашт. Аз ҳамсарам ҷудо шуда будам, танҳо будам, устохонаам меомаду соатҳо бо ҳам суҳбат мекардем. 5 соли зиндагӣ дар Афғонистон назараш дигар шуда буд, хеле фарқ мекард бо собиқ. Солор, сангин, пуртамкин ва пурмутолиа ва донишмандтар шуд буд. Ман ҳам худамро пурра ба корам бахшидам. Ба ҳамдигар беҳад даркор шудем. Ба ҳамдигар зарур шудем. Як рўз ба хонааш даъват кард. Фарзандонаш хурдакак буданд.

Издивоҷ бо ҳамсарам Нозигулро ҳам Сайф тавсия кард.

Як рўз қаҳраш карду гуфт -э акаи Сабзаалӣ ба ту ҳамин хел духтар даркор аст. Ин хел духтари кўҳистонии баҷуръатро намеёбӣ. Гуфтам ба ман зани камгап даркор аст. Комсомолка-памсамолка набошад, сергап набошад. Ба ҳизб шавқ надоштам.

Дар як суҳбати телевизионӣ аз  ҳамсари Сайф Раҳим пурсиданд, ки акаи Сабзаалӣ ба хонаатон меояд?

Ў гуфт сари гўраш мераваду пояш намешавад, ки ба хона биёяд.

Наметавонам. Ҷое, ки хунаш рехтааст, қадамамро монда наметавонам. Аз пушти дарвозааш меравам мебинам Зебову фарзандонашро. Зебо гиря мекунад ака биё хона, ҳама меояд.

– Зебо хоҳар хафа нашав, наметавонам. Манзили охираташ ҳамеша меравам. Парадокси зиндагиро бинед: рўзи 20-уми май таваллуди Лоиқ асту марги Сайф.

Аз дўстиятон бо устод Лоиқ чӣ хотирот доред?

Лоиқ дар устохонаи қаблиям бо ман ҳамсоя буд. Шабҳо, ки каме менўшид, меомад, соатҳо суҳбат мекардем. Дар ин масъала ҷўра будем (механдад). Он вақтҳо ман ҳам ғам доштам, аз ҳамсарам ҷудо шуда будаму кўдаконамро ёд мекардам. Лоиқ ба устохонаам меомад, чақ-чақ мекардем. Чеҳраашро он вақтҳо эҷод мекардам. Афсўс, ки анҷомашро надида, ба абадият рафт.

Он ҷо як аҳд кардем…

Раҳима Аъзам.