Чӣ гуна бояд китобхониро таблиғ кунем?

 Дар васфи китоб шеърҳову суханҳои ҳикматомез бигўянд ва ба фарзандони худ таъкидҳои муфид кунанд, аз ҷумла: «Писарам, ин шеъро ҳифз кун, зеро мо агар китобхон набошем, аз ин олам ҳеч чизи шоиста барои худ пайдо намекунем. Агар хоҳӣ  ки донишманду муътабар шавӣ, пас китобхон шав, зеро тамоми илмро аз китоб хоҳӣ  дарёфт». Шояд ин суханҳои ширини модар ба зеҳни ў таъсир расонад ва минбаъд вақти худро бо китобхонӣ сипарӣ кунад.

Гуштоспнома

«Гуштоспнома» манзумаи Дақиқӣ мебошад. Ҳазор байти онро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ дохил кардааст. Абёти Дақиқӣ дар заминаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ тақрибан солҳои 977-978 дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Аҳмади Сомонӣ таълиф шудаанд. Шумораи байтҳои манзумаро Фирдавсӣ ҳазор, Муҳаммад Авфӣ бист ҳазор ва Ҳамдуллоҳи Муставфӣ сӣ ҳазор гуфтаанд. Аз он ҳазор байти дар «Шоҳнома» овардаи Фирдавсӣ боқӣ мондааст. Мазмуни байтҳо бо китоби «Ёдгори Зарирон» 

Лаҳзае, ки Озарро шоир кард

 Озар Салим – шоири маъруф, чанд рӯз пештар навишт: Имрўз рўзи хубе будааст. Барои иштирок дар конфронси илмию адабӣ, ки фардо ба муносибати 80-солагии устод Саидчон Ҳакимзода дар Донишгоҳи омўзгории шаҳри Кўлоб баргузор мегардад, даъватнома дарёфт намудам. Агар гурдаҳои дардмандам амон диҳанд, хоҳам рафт ва агар не, узрам пазиро бод.

 Саидҷон Ҳакимзода бар ман ҳаққи устодӣ доранд ва 

Лутфан бихонед, хеле аҷиб аст: Дар бораи «Анҷумани пайравони мактаби Толстой»

 Яке аз ҷамъиятҳои англисии дўстдорони Лев Николайевич Толстой (дар шаҳри Манчестр), ки худро «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» номидаст, аз нависанда тақозо мекунад дар бораи иқдомоту фаъолияти анҷуманашон ба ихтисор, лоақал бо чанд калима ибрози ақида кунад. Лев Николаевич дар номае посух медиҳад:

 «Дўсти азиз, Шумо ҳақ доред, тасаввур кунед, ки ман бояд ба «Анҷумани пайравони мактаб Толстой» алоқа нишон

Профессор Асадулло Сӯфизода дар синни 87-солагӣ ба олами боқӣ сафар кард

Профессор Асадулло Сӯфизода баъди бемории тӯлонӣ дар синни 87-солагӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам бирафт. Устод Асадуллозода аз ҷумлаи фолклоршиносони маъруфи кишвар, муаллифи садҳо мақола, даҳҳо китоб дар бораи эҷдоиёти шифоҳии мардум аст. Муҳимтар аз ҳама устоди садҳо шогирдоне буд, ки имрӯз дар гӯшаву канори хоки кишвар саргарми таълиму тадриси насли наврасанд. Дар бораи тарҷумаи ҳоли устод Асадулло Сӯфизода малаби муфассалтарро

Занам, бигзор, бошам зан ҳамеша...

15 июни соли равон шоираи маъруф Зулфия Атоӣ зодрӯз дорад. Зулфия Атоӣ аз ҷумлаи адибонест, ки даҳсолаҳост бо шеъри нобаш қалби хонандагонашро тасхир кардааст. Аммо роҳи расидан ба ин шуҳрат барояш осону сода набудааст.

 ЗУЛФИЯ АТОӢ (Атоуллоева Зулфия) 15-июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон

Страницы