Суол ва ҷавоби зиндагиномаи Пешвои миллат

   Таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рўйдодҳои гуногун дар курраи олам намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад. Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

   Солҳои 1991-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа бештар аз 150  ҳазор нафар бегуноҳ ҷони худро аз даст

Лаклаки сафед дар тасаввури атфол

  Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дастони моҳир» баргузор шуд, ки ба лаклаки сафед бахшида шуда буд. Сараввал муаллима дар бораи ин намуди паранда маълумот дод. Вай гуфт:

   Оилаи лаклакҳои сафед зернамуде ба назар мерасад, ки дар зери таҳдиди маҳвашӣ қарор доранд. Лаклаки сафед парандаи мавсимии 

Сулаймон бо чунин ҳашмат, назарҳо буд бо мураш

   Сулаймон яке аз персонажҳои қиссаву ривоятҳои тоҷикӣ, писари Довуди набӣ ва севвумин подшоҳи банӣ Исроил, ки соли 1006 ё 1001 то милод ба тахти шоҳӣ нишастааст. Мувофиқи маъхазҳои динӣ, ў ҳамчун шахси худопараст Байту-л-муқаддасро бино карда чун подшоҳи одил ба ободии  кишвар ва рафоҳияти раият дақиқати махсус медодааст. Дар муддати кўтоҳ шуҳрати адлу дод, илму дониш, ҳикмат ва рою тадбири  неки ҳукуматдории ў ба ҷаҳон паҳн гардидааст.

   Сулаймон дар Таврот подшоҳ ва дар китоби муқаддаси Қуръон паёмбар ва яктопарастӣ манбаи ибрат дониста шудааст. Эҳтимол меравад, ки симои мавсуф  қабл аз интишори дини 

Анонс: “Маҳфили Ҳамешабаҳор” дар саҳни Китобхонаи миллӣ

Рӯзи 4 - уми сентябри соли ҷорӣ  "Маҳфили Ҳамешабаҳор" баргузор мегардад.


МАВЗУЪ: Баҳори ФАРЗОНА ВА ОЗАРАХШ
Баҳсҳо перомуни китобҳои ин ду шоири шаҳири кишвар хеле шавқовар ва хотирмон хоҳанд гузашт

 

Як қиссаро бо се забон дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед

   Дар адабиёти муосири тоҷик таҳқиқи бадеии масоили марбут ба таҳаввулоти сиёсии охири  қарни XX, ки дар фазои Шўравӣ ба амал омад, беш аз пеш муҳим ва мубрам арзёбӣ мегардад. Дар робита ба масъалаи мазкур, таваҷҷуҳи  адибонро беш аз ҳама омилҳо ва сабабҳои ба садамаи сиёсӣ дучор омадани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ, зуҳури низоъҳои минтақавӣ ва хоса тағйиру дигаргун шудани арзишҳои маънавию ахлоқии ҷомеа ба худ ҷалб месозад. Дар ин замина, дар насри муосири тоҷик ҳам як силсила асарҳои хурду бузурге ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар маҷмуъ манзараи умумии таҳаввулоти таърихию сиёсӣ, табдили арзишҳо, дигаргуншавии низоми идоракунии ҷомеа ва

Аз Юсуфҷон Аҳмадзода чӣ метавон хонд?

   Юсуфҷон Аҳмадзода соли 1947-ум дар ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1965-ум ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил мешавад ва баробари таҳсил нахуст дар нашриёти "Ирфон", баъдтар дар нашриёти "Адиб" то соли 2010  кор мекунад. Аҳмадзода аз оғоз барои кўдакону калонсолон асарҳо  офарида, даҳҳо маҷмўаву достон ва қиссаву афсонаҳои хуберо  бо номи "Хурсандӣ", "Ҳулбў", "Садсола шав-е, Дурроҷ!", "Панҷоҳ барг", "Оинаи дидор",  "Модарбузург ва Азроил", "Абри сафед", "Мўрчае дона ёфт", "Хумори ишқ", "Наҷвои хўшаҳо", "Ҳафт рўъё" ва "Ишқи духтари кулаҳпўш"-ро ба нашр расонидааст. 

Страницы