февраля 2016

Тарҷумаи тоҷикии “Тоҷикон”-и Александр Шишов аз чоп баромад

Маркази Тоҷикшиносӣ-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Тоҷикон-и донишманди машҳури рус Александр Шишовро дар ҳаҷми 456 саҳифа аз чоп баровард. Асари мазкур бори аввал соли 1910 дар Тошканд ба чоп расида буд. Соли 2006 бошад, ин китоб бо эҳтимоми донишманди тоҷик Қодири Рустам дар шаҳри Олмотии Қазоқистон мунташир шуд. Дар асоси ҳамин нусха шоир ва тарҷумони тоҷик Ислом Юсуфӣ ин китобро ба тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин асар зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода рўи чоп омадааст ва масъулияти таҳрири онро Алишери Муҳаммадӣ ба дўш дорад. Дар китоб асосан дар хусуси рўзгори фарҳангии тоҷикони кўҳистони Осиёи Миёна – Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Шуғнон, Рўшон ва болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён ва ғайра дар охирҳои садаи XIX ва оғози асри XX

Диққат озмун: Китобхони беҳтарини сол кист?

Ба ин савол метавон моҳи сентябри соли равон посух дарёфт кард. Ин озмунест, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ эълон кардааст. Озмун рӯзи 4-уми сентябр, ки Рӯзи ҷумҳуриявии китоб аст, ҷамъбаст мегардад ва ғолибонаш дар осонаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонда мешаванд. Дар озмун се ҷойи ифтихорӣ таъин шудааст ва касоне шоистаи он хоҳанд буд,

Хатари терроризм ва амнияти миллӣ: чаро ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванд?

Муҳтавои аслии Конфронси “Омилҳои тамоюли ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои экстремистию террористӣ”, ки баъд аз зуҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, посухи ҳамин савол буд. Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов оид ба хатари терроризм ва тамоюли гаравиши ҷавонон ба созмонҳои мамнўъи террористиву экстремистӣ ибрози назар намуд. Вай яке аз ин сабабҳоро

Ҳар рӯзи моҳи январ 1236 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллӣ меомаданд

Моҳи январи соли равон Китобхонаи миллӣ мизбон ва пазирои 37088 нафар хонандагон буд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 15732 нафар зиёд мебошад.
Бино ба гуфтаи Фирдавс Аминов, Сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ба Китобхонаи миллӣ 1236 нафар ворид шудаанд ва дар толорҳои гуногуни хониш саргарми китобхонӣ шудаанд.
Фирдавс Аминов мегӯяд, моҳи январи соли

ҲАБИБ ЮСУФӢ - ТАРОНАСАРОИ ВАТАН


Ҳабиб Юсуфӣ аз тавонотарин шоирони давраи Шӯравии тоҷик буд. Ҳафтоду як сол пеш, рӯзи 22 феврал, дар зимистони сарди соли 1945 дар хати пеши ҷанг аз тири фашистон ба ҳалокат расид.
Вай зодаи Самарқанди бостонӣ буд. Ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Дар он солҳои мудҳиш самимонатарин таронаҳои меҳанпарастии худро навишт. Шеъри Ҳабиби ҷанговар руҳбахши ҷабҳаву ақибгоҳ буд.

Бобоҷон Ғафуров ҚаҳрамониТоҷикистон

Сухан гуфтан аз Бобоҷон Ғафуров душвор нест. Як олими баруманд, арбобисиёсиву давлатӣ, шахсе, ки умрашро дар хидмати мардум ва миллат сарф кардааст.
Муаллифи китоби “Тоҷикон”, китобе, ки арзиши садҳо рисоларо дорад, китобе,ки барои шинохти миллат хидмати арзишманд кардааст.
Бобоҷон Ғафуров  ҚаҳрамониТоҷикистон,арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, докториилми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон(1951), узви пайвастаиАИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходимихизматнишондодаи илми Ҷумҳурии

АДРЕС - НИШОНӢ - СУРОҒА

Суроғ дар забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибоси туркӣ буда, ин вожа дар фарҳангҳои куҳан, бинобар осори чанде аз гузаштагон ба гунаи суроғ (سراغ) омадааст. Дар фарҳангномаҳо аз ин маъниҳои вожаи суроғ ёд мешавад: ҷустуҷӯ, кофтуков; интизор; нишон, асар, аломат; дарак, хабар. Вожаи суроғ дар ин маъниҳо дар осори Ҳозиқ, Сайидо, Савдо, Ҷомӣ, Бедил ва чанд адибони дигар ба кор рафтааст.
Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо «суроғ»  (سراغ) чунин