марти 2016

Боздиди Сафири давлати Қатар аз Китобхонаи миллӣ

Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар Алӣ бин Муборак Алмуӣаннадӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни боздид вай аз осорхонаи шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир, толори намоишгоҳи китобҳои тозанашр ва дигар толорҳои Китобхона дидан кард. Дар мулоқот бо роҳбарони Китобхона масоили рушди ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои Давлати Қатар баррасӣ шуд. Зимни суҳбат ҳамчунин...

Мукаррама Қаюмова: Либоси миллӣ шиносномаи миллат аст

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» нишасти илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз таҷассумгари ҳунарҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар олимону муҳаққиқон ва мутахассисону рўзноманигорон иштирок намуданд.
Маҳз таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ буд

“Фурӯғ”-и телевизионӣ наворбардорӣ шуд

Барномаи фарҳангӣ-фароғатии телевизионии «Фурўғ» дар толори бахши кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ шуд. Дар ин барнома дар бораи асари пурмазмуну тарбиявии «Тобистон» - и нависандаи шинохта Пулод Толис сўҳбати хотирмоне баргузор гашт. Дар оғози барнома порчаи телевизионие аз лаҳзаҳои шиносоии каҳрамонҳои асари мазкур Ҳасан ва Қосимҷон намоиш дода шуд. Сипас, барандаи барномаи «Фурўғ» Умед Ҷумаев аз иштирокчиёни

Конфронси Наврӯзӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар толори “Қонуни забони тоҷикӣ” бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод кард ва гуфт, ки ин танҳо як ҷашн нест, ин эҳёи табиат аст, ин баҳор аст, ин зиндагии тоза ва сабз аст. Мудири кафедраи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои...

Анъанаи баҳорӣ: Рӯзи покиву озодагӣ дар Китобхонаи миллӣ

Чун анъанаи дерин дирӯз, якшанбе, 13-уми март кормандони Китобхонаи миллӣ сари кор омаданд ва даст ба поккории атрофи Китобхона, нарм кардани бехи ниҳолҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо, рубучини утоқу роҳравҳо заданд. Ин танҳо як омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз набуд, ин як анъанаи деринест, ки ҳар моҳ баргузор мешавад. Ва ҳадаф поку озода нигоҳ доштани ин боргоҳи маърифат аст.

Шоира Рудобаи Мукаррам дар меҳмонии ҷавонони Китобхонаи миллӣ

Рудобаи Мукаррам, шоираи ҷавон баъди зуҳри рӯзи ҷумъа дар Китобхонаи миллӣ бо хонандагон ва кормандони Китобхона дидор кард ва як маҳфили шеъру суруд баргузор намуд.
Ин маҳфил бо талоши Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуд ва аз силсилаи чорабиниҳои тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни Наврӯз буд.  
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода

Пирӯзии Шобегим Маликшоева дар озмуни “Килки сабз”-и “Сафина”

Шобегим Маликшоева, мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сеюмин даври озмуни “Килки сабз”-и шабакаи ӣелевизионии “Сафина” ғолиб омад са соҳиби дипломи ин озмун шуд. Озмуни “Сафина” таҳти унвони “Килки сабз” тӯли як ҳафта дар се давра идома дошт ва имрӯз даври ниҳоии он ҷамъбаст гардид. Дар озмун 15 нафар навқаламон ширкат варзида, ҳунару маҳорати эҷодии худро дар назди ҳайати доварон нишон доданд...

Конфронси илмӣ-оммавии “Сайри таърихии Наврӯз”

Баъди аз зуҳри 10-уми марти соли равон дар ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» конфронси илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Сайри таърихии Наврўз» доир гардид. Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сйфиддин Назарзода ҳамагонро ба ба фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод кард ва барояшон хушбахтию пирўзиҳо таманно намуд. Сайфиддин Назарзода Наврӯзро за беҳтарин суннатҳои миллӣ

Ҷоизаи Саъдӣ имсол насиби Худоӣ Шариф шуд

Донишманди шинохтаи тоҷик, профессор Худоӣ Шариф сазовори ҷоизаи Бунёди Саъдии ройзании фарҳангии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Маросими эътои ин ҷоиза дирӯз бо ширкати Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Маросими ҷоизасупориро Директори Китобхонааи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ кард. Доктор Иброҳим Худоёр,

“Мақоми зан дар ҷомеа” дар Маркази фарҳанги Чин

Бахшида ба рӯзи Модар дар Маркази фарҳангии Чини Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ аз қадру манзалати зан дар ҷомеа ёд кард. Вай гуфт, ки заҳмату шабзиндадориҳои модарро наметавон ба ягон чизи дигар баробар кард. Ҳамчунин талоши занон низ баҳри бунёди як ҷомеаи босуботу мутараққӣ арзишманд аст. Баъдан муовини директори...

Атфол дар маҳфили “Дастони моҳир” Харгӯшакро сохтанд

Мавзуъи маҳфили навбатии “Дастони моҳир” “Харгӯшак” буд. Ин маҳфил то зуҳри имрӯз дар толори хониши атфол баргузор шуд ва ташкилкунандагон аз афроди ширкаткунанда хостанд маҳорати худро барои сохтани харгӯш ба кор баранд. Харгӯш ҷонварест, ки дар бисёр афсонаҳои қадимиву имрӯз ҳузур дорад ва офаридани образи ӯ барои кӯдакон чандон мушкил ҳам нест. Хоса дар ин рӯзҳо, ки баҳор меояд ва табиат зинда мешавад. Дар бисёр

Зан-Модар аз нигоҳи Пешвои миллат

Чанд иқтибос аз гуфтаҳову навиштаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи занону модарон.