мая 2016

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз Муассисаи фарҳангии ЭКО дидан кард

Гурӯҳи меҳмонони тоҷик, ки барои ширкат дар 29 - умин Намоишгоҳи байналхалқии китоби Теҳрон даъват шудаанд, аз қароргоҳи Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) боздид намуданд.
Бино ба гуфтаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии  ЭКО дар ибтидои ин нишаст Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси давраии Шӯрои намояндагони доимии Муассисаи

Зикри шароитҳои мусоиди Китобхонаи миллӣ дар мулоқот бо хонандагон

Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ тибқи барномаи “Даъват ба Китообхона” дар се мактаби ноҳияи Исмоили Сомонӣ: мактабҳои таълимоти ҳамагонии рақамҳои 12, 34 ва 44 бо хонандагону устодон мулоқот карданд.
Дар ҳар мулоқот дар ин мактабҳо хонандагони синфҳои 9-11 даъват шуда буданд, ки теъдодашон бештар аз 200 нафар буд. 
Дар мулоқотҳо сармутахассиси шуъба...

“Офтобаки ман”-и “Дастони моҳир”

Ширкаткунандагони маҳфили навбатии толори кӯдакон ва наврасон ин бор тасвири Офтобаки баҳориро кашиданд.
Мураббиён чун анъанаи дерин дар бораи мавзуъ ва супориш суҳбати муфассал карданд. Албатта, дар бораи Офтобу Замину дигар Сайёраҳо савол карданд ва ба атфол фаҳмонданд, ки Офтоб барои ҳаёти инсон чӣ нафъ дорад.
Ҳоло баҳор аст ва баъди баҳор навбати тобистон, яъне гармое, ки онро Офтоб ба Замин ҳадя мекунад. Аз ин рӯ атфол расми ин падидаи нодири

САSA-1000: Дуюмин рӯзи ҳамоиши байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дуюмин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «САSA-1000 ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» ба анҷом расид. Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокдорони он сухан гуфта, зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки камбуди нерӯи барқ дар мавсими сармо ба танзим даромада, рушди устувори соҳаи энергетика ба роҳ монда шавад.

Машғулияти тактикии ВКД: "Сӯхтор"-и яке аз толорҳои хониши Китобхонаро "хомӯш" карданд

Кормандони мубориза бо сӯхтор як сенариёи рамзии хомӯш кардани сӯхтор дар як толори китоби Китобхонаи миллиро тамрин карданд.
Ҳафтаи равон тибқи нақшаи хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  як машғулияти тактикии оташнишонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Мувофиқи сенарияи чорабинии мазкур гӯё дар яке аз толорҳои  хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар масоҳати 140

Бонувони ватандӯсти Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ

Соли 2015-ум халқҳои ҷаҳон 70-умин солгарди ғалаба аз болои Германияи фашистиро ҷашн мегиранд. Дар торумори фашизм Тоҷикистон низ саҳми арзандаи худро гузоштааст.Корнамоиҳои қаҳрамононаи занони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба назар намоён гардид. Вақте ки Германияи фашистӣ ба мамлакати Шўравӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард, занони Тоҷикистон якҷоя бо тамоми халқҳои Иттифоқи Шўравӣ дар як саф истода...

Рафтани бебозгашти фотеҳи ҷанг

Аз охирин сарнавишти қаҳрамони ин қисса касе чизе намедонад. Ва муаллиф дар ин даҳ соли охир бори дуюм аст, ки аз ӯ ҳикоят мекунад. Дар ҳикояти аввал яқинан ӯ зинда буд. Вале ҳоло қисмати номаълуме дорад ва ҳадаф аз чопи очерк пайдо кардани иттилои дақиқ дар бораи ӯст.
Шояд даҳ баҳор аст, ки ӯ низ қатори даҳҳо нафар аз кормандони ин китобхона тарки Ватан кардааст. Людмила Михайловна Рижева, ки солҳо сардори

Китобхонаи миллӣ даргоҳи илму маърифат

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки инсонҳо аз ин ганҷинаи тамомношуданӣ  бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила

Тасаввури кӯдаконаи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ба тифлон - ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи Рӯзи Ғалаба пешниҳод шуд. Вазифа он буд, ки атфол тасаввури худро дар бораи Ҷанг ва Пирӯзӣ рӯйи коғаз оранд.
Чун ҳамеша роҳбалади маҳфил мавзуъро фаҳмонд ва чӣ будани Ғалабаро аввал аз худи онҳо пурсид, то дониста шавад, ки мавзуъ то кадом ҳад барояшон ошност.
Сипас, онҳо тасаввури худро дар бораи ҷангу ғалаба рӯйи коғаз оварданд.
Басо рангин буд тамошои дуёни тифлон ва

«Родмардони Ватан”: Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад

Дар чорабинии фарҳании “Родмардони Ватан”, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 6-уми май дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, бештар аз 30 нафар ҷанговарони интернатсионалист ва бартарафсозони оқибатҳои фоҷеаи Чернобил ширкат карданд. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, чорабинӣ ба ифтихори 71-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм  доир шуд.
    Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии...

Дар хонаи ман ҳанӯз сипанди падар аст...

Оқибати зиндагӣ бозгашт аст, бозгашт ба сӯйи Парвардигоре, ки офарид.
Ва чораи дигаре нест, инсони омада бояд баргардад.
Зиндагӣ ба сони сафарест аз диёр ба диёре ва сафаркарда бояд ба маконаш бозгардад.
Аммо аз рафтагон ёдҳои ширине боқӣ мемонанд ва ин ёдҳо ҳастанд, ки бозмондагонро зинда медоранд.
Ин ёдҳо ҳастанд, ки гумон мекунем он азизи

Китоб ҳикмат ва саодати ҷомеа аст

Даъват ба китоб ва китобхона. Ин миллат бояд як бори дигар руҷуъ ба китоб кунад, зеро наҷот аз ҳар гирифтории маънавӣ маҳз дар мутолиаи китоб аст.
Китоб аст ҳамдами дерин дар вақтҳои дармондагии маънавӣ, китоб аст рушангари роҳи торик, китоб аст беҳтарин рафиқи танҳоӣ.
Ва куҷо бояд онро ҷуст? Ин китоб аст, ки хона дорад ва номи он КИТОБХОНА аст!
Суқроти ҳаким фармуда: “Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори ҳамарӯзааш бошад”.