октября 2016

15 нафар баъди хатми давраи нави омӯзишӣ соҳиби сертификат шуданд

Боз панздаҳ нафари дигар баъди анҷоми давраи нави омӯзиши забони арабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Маросими эътои сертификатҳо ба хатмкунандагони давраи омӯзишӣ баъди зуҳри дирӯз, 18-уми октябр баргузор шуд
Муҳаммадӣ Хоҷаев, омӯзгори забони арабӣ ва Абубакр Аминов-сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар ин маросим ширкат карданд ва хатмкунандагонро барои

Гулдўзиҳои тоҷикон дар солҳои 1900

Китоби «Нақшу нигори тоҷикони куҳистони Дарвоз (Куҳистони Бухоро)» (Орнамент горных таджиков Дарваза (нагорная Бухара)) маҳсули илмии олими рус, бостоншинос ва сиёсатмадори давлатӣ Бобринский Алексей Александрович буда, соли 1900 дар шаҳри Москав аз ҷониби «Чопхонаи дўстӣ И.Н.Кушнерев» ба нашр расидааст. Асари мазкур тасвири ҳаёти ҳунармандии тоҷикони куҳистони Дарвоз буда, муаллиф маълумотҳои пешниҳод намудаашро аз рўи қайдҳои сафари худ

Бозомўзии китобдорони навоҳии Кӯлоб

Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир  сиёсати кадрии  соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ  равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ нарасидани  кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ

578 нусха китоби тозавуруди кӯдак ба Китобхонаи миллӣ

Имсол бори аввал  578 нусха китобҳои тозанашр барои кўдакони синни аз 3  то 7-сола вориди фонди шуъбаи нигоҳдории китоб шуд. Аз ҷумла:
Латофат К.
Қофиябозӣ: Барои кўдакони сини 5-6 сола (3 нусха);
Суруди наврўз: Ҳикоя. Барои кўдакони сини хурди мактабӣ (3 нусха);
Баррача ва зангула: Ҳикоя. Барои кўдакони сини хурди мактабӣ (3 нусха);
Мўрчаяки баднафс. Ҳикоя. Барои кўдакони сини 6-7

Омӯзгорон мегӯянд бо шогирдонашон сайри Китобхона хоҳанд омад

Рӯзҳои 11, 13 ва 15 -уми октябри соли ҷорӣ муаррифии  имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхона дар  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии №5, № 17, №18, №24, № 28 , №30, №40, № 42 ва № 45- и  шаҳри  Душанбе  идома  ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гуруҳи кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, шуъбаи феҳристнигорӣ ва  Маркази иттилооти ҳуқуқии  Китобхонаи миллии Точикистон ба ин  чорабинии муҳим сафарбар гардидаанд.

Вуруди 22 хонандаи сифи якум ба Китобхона

Як гуруҳи 22-нафараи хонандагони синфи якум аз мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 18, ноҳияи Фирдавсии пойтахт таҳти раҳнамоии омӯзгорашон Оламафрӯз Назирмадов ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо толори хониши кӯдакон ошно шуданд.
Толори хизматрасонӣ ба атфол дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст ва дар он асосан хонандагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ, ҳамчунин тарбиягирандагони боғчаҳои кӯдакона

Даъвати табибони оянда ба Китобхона

Рӯзҳои 8 – ум ва 12 - уми октябри соли равон як гуруҳ кормандони шуъбаи абанименти байни китобхонаҳо ва шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқякҷо бо шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи
давлатии тиббии Тоҷикистонколеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣбарои даъвати донишҷўёни курсҳои аввал ба Китобхона  рафтанд.
Кормандони Китобхонаро раёсати донишгоҳ ва

Пешвои миллат ва сайёҳӣ: намоиши китоб дар Осорхонаи миллӣ

Дар осорхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси илмӣ- назариявии «Пешвои миллат – Асосогузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи
байналмилалӣ»
баргузор шуд.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби китобҳои тозанашр

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...

Ду рӯзи охир барномаи даъват ба Китобхона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мактабҳои № 26,  № 34 ва № 70 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ якҷо бо Шуъбаи  маркетинг ва менеҷменти  фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардидаанд.

Ҷисму ҷони одамӣ дар «Маснавӣ»

Чанд сол аст, ки масъалаи зиёд, дақиқтар бигўем ҳуҷуми бераҳмона ба тассавуф идома дорад. Аслан истилоҳи тассавуф дар луғати аз тоифаи дар тохтутоз камтар истифода мешавад. Ҳуҷум сахт ҳадафгир аст. Ин ҳуҷуми ҳадафгир ғолибан бар сари Мавлоно Ҷалолиддин аст. Чаро Мавлавӣ? Зеро сабки ҷидоли ин тоифа бараҳмона аст. Яъне, ин набард ҳеч кадом қонуну қоидеҳое, ки дар ҷангу набардҳои гузашта камтар ва бештар риоя мешуданд,