ноября 2016

Боздиди Сафири Куба аз Китобхонаи миллӣ

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куба дар Осиёи Марказӣ  (Сафорат дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон) ҷаноби  Карлос Валдес де ла Консепсион дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Китобхонаи миллӣ дидан кард ва бо роҳбарону кормандони он ҳамсуҳбат шуд.
Ҷаноби Сафир зимни ин боздид ба Китобхона 6 адад китобҳои тозанашри ноширони кишварашро тақдим кард.
Ин аввалин дидори дипломати баландпояи

Китоб сарчашмаи бахти баландам...

Дар идомаи талошҳо барои ҷалби донишҷӯён ва мактабиён ба китоб ва китобхона имрӯз кормандони Маркази Тоҷикшиносӣ ва Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон рафтанд.
Мулоқот дар ин муассисаҳои таълимӣ бо донишҷӯёни солҳои 2-юм ва 3-юм баргузор шуд ва табиист, ик дар миёни онҳо касоне, ки аъзои китобхона убдаву муттасил ба он омадурафт

Парчами миллӣ рамзи Истиқлолияти миллӣ

Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои  давлатдории худро дошту дорад , ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори  давлатдорӣ  ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан , хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Парчам бо сифати рамзи давлату миллат

Нусхаи ягонаи китоби Герман Вамбери аз таърихи Бухоро

Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ ягона нусхаи «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр»-и Герман Вамбери нигаҳдорӣ мешавад, ки соли 1873 дар Санкт-Петербург чоп шудааст.
Бухоро, пойтахти қадимаи илм, фарҳанг ва гаҳвораи дониш буда, дар масири таърих муқаддимаи асарҳои таърихӣ ва мавриди омўзишии яке аз қитъаҳои шашгонаи олам – Осиёи Миёна, гаштааст. Доир ба ин шаҳри таърихӣ  ва пойтахти Давлати Сомониён - шаҳри Бухоро аз ҷониби олимону сайёҳон ва умуман аҳли қалам таҳқиқотҳои зиёде сурат гирифтааст.
Китоби «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр» (История Бохары или Трансоксании) яке аз асарҳои нодир ва қадима дар риштаи илми таърихи тоҷикон ва сарчашманигорӣ  ба ҳисоб рафта,

Бахтномаи миллат

Ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.

Намоиши китоб бахшида ба рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

Дари боз як намоиши китоб дар Китобхонаи миллӣ боз шуд. Ин бор Шуъбаи хизматрасонии махсус бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон як намоиши хеле ҷолиби 16 китобро барои касоне ташкил кардааст, ки мехоҳанд дар бораи Конститутсияи кишвар хонанду донанд.

Даъват ба китоб ва Китобхона дар ду муаасисаи олии пойтахт

         Ҳамарўза барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» дар Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Донишгоҳу Донишкадаҳои Ҷумҳурӣ тибқи нақшаи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҷараён дорад.
Имрӯз, 4-уми ноябр гуруҳе аз кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир муштаракан бо шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти

Конститутсия – бахтномаи миллат

4 – уми  ноябри соли 2016  чорабинии фарҳангию маърифатӣ  бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ  дар Бахши кўдакон ва наврасон баргузор гардид. Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро аз номи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ба муносибати рӯзи Конститутсияи кишвар муборакбод

Санъати коғазгарии анъанавӣ

Санъати коғазсозӣ, яке аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон буда, дар гузашта дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот,Чорҷўй, Хуқанд ва ғайра маъмул буд. Устоҳои коғазгар анвои коғазҳоро истеҳсол намуда, ба кишварҳои дигар содир мекарданд. Вале дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ аз тавсифи коғази самарқандӣ бештар сухан рафтааст, ки он тақрибан аз асри XVIII инҷониб дар Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур будааст. Яке аз асарҳои қадимтарини

Мулоқот бо хонандагони шаш мактаби шаҳри Душанбе

Иқдоми даъват ба Китобхона ва китоб идома дорад.
Баъд аз зуҳри имрӯз, панҷшанбе чанд тан аз кормандони шуъбаҳои маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва Маркази такмили ихтисос ба мактабҳои  № 36, 39, 63, 64,48 ва 49-и пойтахт рафтанд ва аз муҳассислини ин макотиб даъват карданд, ки ба китобхона оянд.
Маъмурияти ин мактабҳо иқдоми Китобхонаи

Дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон аз куҷо?

Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва дар ҷараёни ошноӣ бо ин боргоҳи маърифат 42 номгӯй китоби ноширони Қазоқистонро туҳфа кард.
Дар суҳбат бо масъулини Китобхона  дипломати қазоқ аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд ва дар гузашта иртибот миёни адибони ду кишвар хеле қавӣ буд. Баргузории рӯзҳои ададбиёти ду кишвар