января 2017

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар...

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Аз ҳастии оби файзбор аст.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву

Қадаме дар ҷодаи рушд

Аз 14 январи соли равон дар кишвар маҳдудияти таъминоти барқ ба аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо пурра аз миён бардошта шуд. Ин иқдоми устувор дар самти амалӣ намудани се нақшаи стратегии мамлакат мебошад, ки яке аз онҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб мешавад. Сар аз 14-уми январ дар тамоми шаҳру деҳот, манотиқи дурдасту музофоти кўҳии кишвар таъминоти барқ пурра ба роҳ монда шудааст.

Баргузории мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, шанбе, 14-уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи нигаҳдории китоб ва тармими ҳуҷҷатҳо таҳти унвони «Паём–роҳнамои имрўзу фардо» мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Профессор Ислом Ҷӯраев аз олам даргузашт

10-уми январи  соли 2017 яке аз собиқадорони соҳаи китобдорӣ, профессор Ҷўраев Ислом Акрамович дар синни 85-солагӣ олами моро тарк гуфт ва даҳҳо тан аз пайвандону шогирдон ва дӯстонашро дар ғам нишонд. 
Ҷўраев Ислом Акрамович соли 1931 ба дунё омад. Дар Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳангии ноҳияи Рўдакӣ) ва Институти фарҳанги шаҳри  Маскав таҳсил кардааст.

ОБ ва КИТОБ ду вожаи муқаддас

Об манбаи  ҳаёт аст, китоб сарчашмаи дониш. Ин ҷумлаҳо бо ҳам алоқаи бунёдӣ дошта, зери ин ду мафҳум занҷирае мавҷуд аст, ки пайвастагии ду ҳастӣ об ва китобро асос мегузорад. Агар об сарчашмаи ҳаёт ва асоси мавҷудоти зинда, алалхусус инсоният дар замин бошад, пас китоб манбаи инкишоф ва рушди тафаккури инсонӣ дар бунёди зиндагии шоиста мебошад.
Муҳаққиқон ва пажўҳишгарони соҳаи биологӣ мавҷудияти об дар кураи заминро ба 20 млн сол

Забони қазоқӣ бо 27 ҳазор истилоҳи нав ғанӣ мешавад

Комиссияи давлатии истилоҳот дар Қазоқистон табдили номҳои ҷуғрофиро раванди хос барои ҳамаи ҷамоҳири пасошӯравӣ медонад ва мегӯяд дар ин самти фаъолият Қазоқистон ягона нест.
Дар Дастгоҳи марказии ҳизби “Нур Отан”-и Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии “Мирас” таҳти раисии вакили Парламони Ҷумҳурии Қазоқистон, нозири

Таъмири 2405 китоб дар як сол

Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар тӯли як сол  2405 нусха китобро таъмир кардааст. Аз ҷумла, бо таҷҳизотҳои махсус 90 104 варақаҳои дархостиро буриданд ва 26 000 баргаҳоро сӯрох намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз шуъбаҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он қонеъ гардонидани талаботи шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхона доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо мебошад.

Толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ имрӯз

Аз субҳи имрӯз, 5-уми январ ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пур аз хонандагон буд. Аз сӯйе таътили мактаббачагон онҳоро ба китобхона кашидааст ва ҷониби дигар ин донишҷӯёни макотиби олии кишваранд, ки ба имтиҳонҳои нимсола омодагӣ мегиранд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод гузорише мебошанд аз чандин толорҳои хониш, ки мебинед.

Ёди гулӯсӯзи устоди китобам...

Хурд будам. Аввали соли хониш буд. Мо нав аз синфи ибтидоӣ ба синфи панҷум гузашта будем.
Баъд аз шиносоӣ бо роҳбари синфамон муаллима Марзия Утаева ва синфхонаи навамон, мо ба саҳни мактаб баромадем ва ман ҳамроҳи писархолаам Фурқат, ки якҷо ба мактаб рафта меомадем, бо мақсади обнўшӣ паси бино гузаштем. Он ҷо шоҳиди як воқеа шудам, ки дар тўли чор соли таҳсилам чунин воқеаро дар миёни гурўҳи ҳамсинфон ёд надоштам. Ҳамсинфон дар

Дар як сол хонандагони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 5 920 адабиёти нодир мутолиа кардаанд

Кормандони Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ дар як сол 32 мақола аз фаъолиятҳои худ интишор додаанд.
Соли 2016 Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба 5017 нафар хонанда хизмат расондааст, ки нисбат ба як соли пеш 2416 зиёд мебошад.Дар як сол хонандагони шуъба бо 5 ҳазору 920 адабиёти нодир ошно шудаанд.
Бо истифода аз технологияи муосири иттилоотии компютерӣ, сабти номи муштариёни шуъба дар

38 нафар кормандон давраҳои омӯзишии Маркази такмили ихтисосро хатм карданд

Соли 2016 бори аввал бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ курсҳои сайёри кутоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар минтакаҳои гуногуни кишвар гузаронида шуд
Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхона дар соли 2016 -ум   курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 18 нафар ва курси омўзиши “Фаъолияти китобдорӣ”-ро 20 нафар

Тафреҳ: Як ғазали нағз аз хоҷаи Шероз

Эй Подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.

Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.

Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.