марти 2017

Рӯзҳои ободкорӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доранд

Субҳи имрӯз, ки насими Наврӯзӣ бӯйи баҳор меорад ва хиёбону гулгаштҳои пойтахти кишвар гулафшон шудаанд, кормандони Китобхонаи миллӣ ҳам бо белҳои худ сари заминҳо ҳозир шуданд, то бо заҳмати хеш ба ин зебоӣ зебоии дигар зам кунанд.
Баҳор худ зебост ва инсонҳо ба ҳар навъе талош мекунанд ба ин зебоӣ зебоии дигар илова кунанд. Коре, ки имрӯз анҷом гирифт, идомаи корҳои рӯзҳои қаблӣ буд. Яъне, побели заминҳо ва нарм

Рамзҳои наврӯзӣ дар расмҳои кӯдакон

Озмуни беҳтарин тасвири наврӯзӣ миёни хонандагони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ нишон дод, ки атфол аксаран дар бораи Наврӯз медонанд ва рамзҳои онро метавонанд тасвир кунанд.
Дар толори шуъбаи Кўдакон ва наврасон тибқи нақшаи кории шуъба бахшида ба рўзи Модарон ва ҷашни байналмиллалии Наврўз озмуни расмкашӣ баргузор шуд.
Мураббӣ ба бачаҳо қабл аз шуруъи озмун дар бораи

Ба истиқболи Наврӯз: Боз як рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Омодагӣ ба вуруди баҳор ва вуруди Наврӯз. Ҳар субҳ кормандони Китобхонаи миллӣ ба хотири истиқболи хуш аз баҳор ва Наврӯз даст ба ободонии муҳити атроф мезананд. Ва ин субҳ ҳам кор дар ин боргоҳи маърифат аз ҳамин шуруъ гардид.
Гуруҳе дар даст белу каланд вориди заминҳои атроф шуданд ва ба побели баҳорӣ оғоз карданд.
Умуман баҳор бо сабзаву гулаш зебост, бо таровати гулҳои рангоранг ва бӯйи хуши сабзаҳои

Пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб

Ҷавонон  қувваи  бузург ҳастанд ва ҳар миллат  дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз  ин  рў, онҳо  дар кадом муҳите, ки  ба воя  расанд, мувофиқи он  дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рўҳияи  ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия  ёбанд. Имрўз масъалаи тарбияи ҷавонон  дар мадди назари  ҳукумати  кишвар  қарор дорад.  Агар шахсони синнашон  аз 15 то 35- ро ин ҷо ба назар  гирем,

Чопи рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ

Маркази миллии тестӣ барои довталабон дастуре омода намудааст, ки дар он номгӯйи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисос, тахассус ва зерихтисосҳо вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо, шакл, намуд, маблағ, забони таҳсил ва теъдоди ҷойҳо ба ихтисосу зерихтисосҳо (дар асоси нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2017-2018 ва тайғиру иловаҳо ба он)

Шиносоӣ бо Китобхонаи миллии Малайзия (Видео)

Директори кулли Китобхонаи миллии Малайзия хонум Дато Нафиса Аҳмад хостори ширкати намояндаи Тоҷикистон  дар Конфронси байналмилалии «Нигаҳдории дастхатҳои қадима» шуд. Қарор аст ин конфронс бо ширкати зиёда аз 4,5 ҳазор нафар аз беш аз 80 кишвари олам моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Малайзия баргузор шавад.
Хонум Нафиса Аҳмад дар як мулоқоташ бо

Бештар аз бист нафар як давраи омӯзиши забони арабиро дар Китобхонаи миллӣ хатм карданд

Бештар аз 20 нафар донишомӯзони давраи омӯзишии Китобхонаи миллӣ аз фанни забони арабӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Рӯзи шанбеи гузашта маросими супурдани шаҳодатномаҳо барои афроде, ки давраи омӯзишии забони арабиро дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расондаанд, доир шуд. Боз бештар аз 20 нафар аз донишомӯзони ин силсиладавраҳои омӯзишӣ баъди супурдани имтиҳон соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Накҳати баҳории аввалин намоиши китоби наврӯзӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз бо талоши Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ аввалин намоиши китоби наврӯзӣ дар фазои ин боргоҳи маърифат атри хуши Наврӯз пошид.
Номгӯи беш аз 50 китоби наврӯзӣ ҳадя ба алоқамандони толори хониш барои маъюбон шуд. Ҳар касе мехоҳад дар бораи оини Наврӯз, сайри таърихии он, шуъаро дар бораи Наврӯз ва ғайра ошноӣ пайдо кунад, саре ба ин толор, воқеъ дар

Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Чун расми рӯзҳои гузашта субҳи имрӯз низ ҷамъе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба коргоҳашон ҳозир шуданд, то тибқи нақшаи ҳаррӯза дар ободониву тозагии Китобхона саҳм бигиранд.
Онҳо атрофи бинои муҳташамро чорӯб заданд, хасу хасрубаҳоро бардоштанд, барои кабудизоркунии атроф корҳои дигарро анҷом доданд.
Баҳор ҳам фаро расид, то Наврӯзи оламафрӯз рӯзҳои бошумор мондаанд ва бояд корҳои ободониву сарсабзгардонӣ то Наврӯз анҷом бигиранд.

Даричаи ошноӣ: Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо 12-уми март зодрӯзи Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, яке аз машҳуртарин ва маъруфтарин достонсароёни адабиёти форсу тоҷик аст.
Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бинни Юсуф бинни Закӣ бинни Муайид мутахаллис бо номи Низомӣ ва номвар ба Ҳаким Низомӣ шоир ва достонсарои порсигӯи ҳавзаи тамаддуни форсӣ дар қарни шашуми ҳиҷрӣ (дувоздаҳуми милодӣ) аст, ки ба унвони пешвои достонсароӣ дар адаби форсӣ шинохта шудааст.

Низомӣ дар зумраи гӯяндагони тавонои шеъри форсӣ аст, ки на танҳо

Экспедитсияи Ҳисор дар солҳои 1896 -1899

Русҳо водии Ҳисорро ҳанӯз охири асри ХIХ омӯхта буданд. Императори рус ҷиҳати омӯзиши ҷуғрофӣ ва сарватҳои табии ин водии зархез ҳанӯз солҳои 1896-1899 экспедитсияи вежа ташкил кардааст, ки ба он олимони саршиноси соҳа сафарбар шудаанд. Ҳеч медонед, ки як нусха китобе, ки аз натиҷаи ин экспедитсия охири қарни 19 дар Санк-Петербург нашр шуда буд, дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад?