апреля 2017

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафта....

Боз нафаре аз сафи кормандони Китобхонаи миллӣ аз ин олам ба олами дигар рахти сафар барбаст. Боз ситорае дар осмони зиндагӣ хомӯш шуд.  Боз як инсони самимӣ бо қалби пур аз муҳаббат ёру ошноро тарк кард, хонаи худро ба мотамсаро табдил дод, наздикону пайвандонашро ба азои худ гирифтор кард.

Наргис хеле бармаҳал аз олам рафт, вай нав аз

Академик Баҳодур Искандаров – фотеҳи ҷанг ва олими муваффақ

Олиме, ки майдони пурхатари ҷангро дидаву солҳо бо бӯйи боруту садои тонку тӯп зистааст. Аз муҳоорибаҳо ҷони солим бурдаву чун фотеҳи ҷанги хонумонсӯз ба Ватан баргаштааст. Аммо вуруд ба шоҳроҳи илм дарҳои дигари пирӯзиро ба рӯяш боз кардааст.

Баҳодур Искандаров 12-уми апрели соли 1912 дар деҳаи Сочарви  ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

Боз як рӯзе, ки китобро таблиғ мекунад ва дар радифи он ёдовар мешавад, ки муаллифони китоб ҳақу ҳуқуқҳое доранд. Рӯзест, ки одамон ба ҳамдигар китоб метавонанд туҳфа кунанд ва дар баъзе мамолик ноширон ва тоҷирон ба харидорони китоб садбарг ҳам туҳфа мекунанд. Ва боз: рӯзест, ки ҳамасола як шаҳри олам Пойтхати ҷаҳонии китоб барои як сол интихоб мешавад.

Намоиши китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

Наздик ба 40 нусха китоби гуногунмавзуъ рафҳои намоиши китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифро дар Китобхонаи миллӣ оро доданд.

Ин намоиши китоб бо ташаббуси Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ дар ошёнаи дуюми бино ташкил шуд.
Хонандагон имкон доранд бо истифода аз фурсат бо китобҳо, ки баъзе тозанашр ва идае солҳои пеш

Якшанбеи ободонӣ: Гулҳои нав дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз, якшанбе корҳои ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доштанд. Кормандони Китобхона бештар гулшинонӣ карданд ва гулҳои рангоранги зебо саҳни онро оро доданд.
Чанд рӯз буд, ки заминҳоро побел ва барои гулшинонӣ омода менамуданд. Имрӯз бошад ҳамзамон ба идомаи побели заминҳо ва дарави алафҳои расида, боз гул ҳам шинонданд ва ин ба ҳусни мавзеъ ҳусни тоза бахшид.
Рӯзҳои ободонӣ ҳамоно идома доранд.

Баргузории рўнамоии китобҳои Анастасия Новых “Китобҳое, ки мӯъҷиза эҷод мекунанд”

Санаи 22 –юми апрели соли равон соати 14 00 дар Толори “Осорхона”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси  шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ рӯнамоии китоби Анастасия Новых таҳти унвони “Китобҳое, ки мўъҷиза эҷод мекунанд” доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Тавфиқ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Ҷавонон аз намоиши асарҳои пурмазмуни Пешвои миллат таассуроти нек бардоштанд

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар

Дар хароботи муғон Салмон хароб уфтодааст...

Аз Салмони Соваҷӣ, ки ҳоло бо зикри чанд ҷумла ёде аз ӯ хоҳем кард,  дар ҳаҷми 16000 байт то замони мо расидааст. Ў ҳамчун шоири ғазалсаро эътибори калон дорад, дар инкишофи минбаъдаи ғазал аз ҷиҳати шакл ва мазмуну мундариҷа дар баробари Хоҷуи Кирмонӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Ҷамолуддин бинни Хоҷа Алоуддин Муҳаммади

Ширкати Зулфия Атоӣ дар маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб»

“Ростӣ ману Зулфия дугонаҳои даврони кӯдакӣ ҳастем. Мо ҳарду дар як ҷо калон шудем. Агар ман дар бораи ин шахси наҷиб соатҳо ҳарф занам, ҳам кам аст. Зулфия як зани заҳматдидаву азобкашида аст. Зеро тамоми зиндагии ин адиб худ зиндагӣ аст. Маҳз натиҷаи ҳамаи заҳамоти пайвастааш буд, ки ӯ ба ин мартабаҳо ноил гардид”.  

Баъд аз зуҳри дирӯз, 20-уми апрел дар толори

Чилу се соли фаъолияти пурсамар

Имрӯз, 21-уми апрел Шукурова Гулсара Эргашевна, ҳамкори собиқи мо, яке аз хидматкардагон дар китобдории кишвар зодрӯз доранд.
    Гулсара Шукурова 21 – уми апрели соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) ғоибона соли 1976 ба охир расондааст.
Аз соли 1971 то 2014 корманди Китоб­хонаи миллии Тоҷикистон буд, дар вазифаҳои китобдор, методист, сар­методист, китобдори калон, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ кор

Қуръони «тиллоӣ» чӣ гуна ба Китобхонаи миллӣ роҳ ёфт?

Зеботарин нусхаи китоби муқаддасти Қуръон, ки китобати онро ба асри XVI мансуб медонанд ва ду сафҳаи аввалу ду сафҳаи охири он бо пуррагӣ бо оби тилло ороиш ва гулкорӣ шудааст, таърихи аҷиби вуруд ба бойгонии Китобхонаи миллӣ дорад.
Шояд хонандаи гиромӣ аз хондани унвони моқола дар тааҷҷуб афтад, аммо баъди мӯҳтавои мутолиа аз ҳақиқати он хоҳад фаҳмид.
Имрӯз дар ганҷинаи шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 15 адад нусхаи хаттии