сентября 2017

Абурайҳон Берунӣ: олим, мутафаккир ситорашиноси тоҷик

Абўрайҳон Берунӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими бузург, қомуснигор, мутафаккир, муаллифи асарҳои бешумор оид ба таърих, ҷуғрофиё, забон ва адабиёт, ахтаршиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, геология ва ғайра. Олиме буд, ки ҳама илмҳои замони худро фаро гирифта. Танҳо номӯги таълифоти олим 60 саҳифа бо ҳарфҳои хурдро ташкил додааст. Асарҳои худро форсӣ-тоҷикиву арабӣ навиштааст.

Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кот, Хоразм ба дунё омадааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абўнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ соли (940-998) меомўзад.

Ҷалсаи тантанавӣ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Профессор Мирализода қонеъ намудани эҳтиёҷи хонанда ба китобро вазифаи муқаддаси ҳар як корманди Китобхона донист. Шоир Хайрандеш ба унвони“Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ” сазовор гардид.

Имрӯз баъд аз зӯҳр дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида 26  умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мулоқот бо кормандони Китобхона доир гардид.

Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ арзиши олӣ барои ҳар як миллат аст, ки на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Ин арзиши муққадас баъди ҷонбозиҳои зиёд насиби миллати тоҷик гардидааст, ки дар таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

Зодрӯзи Расул Ҳамзатов – дӯсти беғарази Тоҷикистон ва адибони тоҷик

Расул Ҳамзатов аз ҷумлаи маъруфтарин адибони замони Шӯравӣ дар қаламрави паҳновар буд. Адибе, ки даҳҳо китоб аз худ мерос гузошт.  Шояд миёни адибони он замон серкитобтарин адибон ӯ буд. Маъруфияти хос дошт, ашъораш бо ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шудаву китобҳояш берун аз маҳдуди СССР ҳам борҳо интишор ёфтаанд. Ва муҳимтар аз ҳама дӯсти беғарази адибони тоҷик буд. Тоҷикистонро сарзамини

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.

Онлайн-конфронси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Русия.

Китбхонаи миллии Тоҷикистон хостори таҷдиди назар дар нархномаи пешниҳодии табодули китоб аз ҷониби Китобхонаи давлатии Русия шуд.

Рӯзи 7 – уми сентябр миёни Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи давлатии Русия дар мавзуъи «Пешниҳоди  хизматрасонӣ  оид ба абонементи  байни  китобхонаҳо  ва дастрасии ҳуҷҷатҳои электронӣ» онлайн-

Оғози намоиши китоби Рӯзи Истиқлол дар Шуъбаи хизматрасонии махсус

Бештар аз 20 номгӯ китоб намоиши китоб бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатиро дар Шуъбаи хизматрасонии махсус оро дод.

Кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсус бештар аз 20 номгӯ китобро дар намоиши китобе, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ созмон доданд, ба маърази тамошо гузоштанд.

Акнун хонадагони толори хонимши ин шуъба имкон

Нақши китоб дар ташаккули фарҳангии маънавии ҷавонон

Субҳи имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои такмили адабиёт ва коркарди адабиёт мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи китоб 26 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар мавзӯи “Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавии ҷавонон” доир гардид.

Гадобек Маҳмудов – ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони

Падар ва фарзандони ў

Бегоҳӣ марди куҳансол бо ҳазор фикру хаёл ду писари баркамол ва духтари нуздаҳсолаашро сари дастархон гирд овард.

Оҳи чуқур кашид.

Дар ниҳоди худ қудрат меҷуст, то тавони ҳарф задан ёбад.

– Маҷбурам ба иттилои шумо расонам, ки модаратон бемор аст… рўзҳояш

Намоиши китобҳои нашршудаи конуни забони тоҷикӣ

Маркази қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи китоб 8 номгӯ китобҳои зарфи чанд соли охир нашркардаи худро ба намоиш гузошт.

Нимаи аввали рӯз дар толори Осорхонаи забони тоҷикӣ бо ташаббуси маркази Қонуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи китоб рӯнамоии китобҳои нашркардаи Маркази мазбур

Сухане чанд дар бораи Раҳмон Пиров – олими шинохтаи физика ва математика

Раҳмон Пиров 3-уми июли соли 1951 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи математикаи ДДОД (1973). Омӯзгор, номзади илмҳои физикаю математика (1984), дотсент (1990), узви вобастаи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ байналмилалии мактабҳои олӣ (2008).  Аз соли 1973 то соли 1977  ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ аз соли 1977 то 1979 муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада. Аз соли 1979 то соли 1982 аспирант. Аз соли 1982 то 1993 муаллими калон ва дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ, аз соли 1993 то 1998 мудири ҳамин кафедра, аз соли 1998 то соли 1999 муовини декани  факултаи математикаи ҳамин донишкада оид ба илм.

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб...

Китоб пурқимматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаъри­фати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон бо­эҳти­ром сухан меронанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони