октября 2017

Адиби маъруф ва дромнависи беҳамто

Нависандаи ҷанговар, рӯзноманигор, драматург ва ҳаҷвнависи беҳамто. Аз ҳаҷв шуруъ кардааст, ҳатто баъди бозгашт аз хати ҷабҳа ҳам ҳаҷв навиштааст. Аз Ҳоҷӣ Содиқ ҳикоя ва повесту романҳо ҳам ба ёдгор монда. Аммо дар миёни инҳо ҳеч асараш маъруфияти пйесаи “Интихоби домод”-ро надоштааст. Соли 1980, замоне, ки адиби маъруф дар қайди ҳаёт буд, 600-умин намоиши “Интихоби домод”-ро бо мухлисонаш тамошо кардааст.

25 – уми сентябри соли 1913 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Донишомӯзиро дар мактаби куҳна сар карда, дар мактаби шӯравӣ давом

Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ идома дорад

Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки субҳи рӯзи 25 октябр, дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  оғоз шуда буд, идома дорад. Дар расми ифтитоҳи он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент  Президент Пайрав Чоршанбезода ва муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло

Арастуи Шарқ - Абўнасри Форобӣ

Муаллими сонӣ, Арастуи Шарқ, Устоди сонӣ...инҳо ҳама лақабҳои Абӯнасри Форобианд. Донишманди маъруф аввалин касе буда, ки осори файласуфони мумтози Юнони Қадимро омӯхтаву бар онҳо шарҳҳо навиштааст ва ҳамчунин бар поя ва ҳатто болотар аз онҳо асарҳои худро офарида.

Китоби форсии ӯ дар илми мусиқӣ маъруфтарин таълифот дар ин фан дониста мешавад. Иттилооти вай дар риёзиёт ва мусиқӣ хуб, вале дар тиб ва табииёт  мутавассит будааст. Равиши фалсафии вайро бояд дар ҳақиқат як равиши нави  афлотунии исломӣ номид.

Гаронқадр осори худро бо забони арабӣ  бар ҷой гузоштааст. Ва аз ҷумлаи шахсиятҳои камназир аст, ки осор ва афкораш маъруфияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Дар маҳфили адабии “Равшандилон” навиштаҳои нави аъзои он баррасӣ шуд

Маҳфили навбатии “Равшандилон” бо таҳлили ҳикояи хуби аъзои маҳфил Ҳусейни Нурмуҳаммад шуруъ гардид. Муаллиф ҳикояи худро “Қадри нон” номидааст ва онро пурра дар маҳфил қироат кард. Тавре аз номаш пайдост, ҳикоя дар бораи нон ва заҳмати инсони донистани қадри он баҳс мекунад. Муаллиф кӯшидааст бо тасвири лаҳзаҳои хотирмон хонандаро водор кунад сари ин мафҳум андеша намояд.

“Умедворам китобҳоеро, ки дар ҷустуҷӯяшон ҳастам, ин ҷо пайдо мекунам...”

Ин як ҷумларо чун бардошт аз суҳбати се нафаре, ки ҳоло ба мутолиаи хонандагон пешкаш мекунем, иқтибос овардем. Ва ба гумони мо аксари касоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, ҳамин орзу доранд. Яъне, пайдо кардани он чизе ки дар ҷустуҷӯяш ҳастанд. Бидуни шак, китобҳо қодиранд гумкардаҳои моро ба мо бозгардонанд ва ин гумгашта

«Айни шумо ҳастем, фақат каме қавитар». Арзи сипоси як хонанда ба роҳбарият ва кормнадони Китобхонаи миллӣ

Содда, мисли як вожа, мисли як нигоҳи бетафовути кудакӣ, ки бефикр баёнаш мекунем ва дущвортар аз он рў, ки наметавонем ба дарки комили он наздик шавем; маьюбӣ ё маълулӣ, нобиноӣ ё ношунавоӣ ва дигар...

Мафҳуми маъюбӣ,  ё  маълулӣ  ҳам  шакли  дигари  будан дар иҷтимоъ аст. Бештари ин нафарҳо дар ҷомеа талош мекунанд тафовутии хешро инкор кунанд. Аслан  вожаи  маъюб ё  маълул, ки  дар худ бори зиддиарзишӣ ва зиддифарҳангӣ дорад, на бояд ба шахсони имконияташон

Аз 22 то 28-уми октябри соли 2017


22-юми октябри соли 2017

  • 60-солагии зодрӯзи Азизхон Мирбобоев (1957), забоншинос.
  • 70-солагии зодрӯзи Беҳрон Меҳробов (1937-2014), дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
  • 95-солагии зодрӯзи Худойназар Давлатов (1922), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Аз 15-ум то 21-уми октябри соли 2017

15-уми октябри соли 2017

  • зодрӯзи Абдулфайз Дӯстов (1928-2009), собиқадо­ри кишоварзӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
  • зодрӯзи Баврак Ғафуров (1935-2009), доктори илми биологӣ, профессор.
  • зодрӯзи Галина Матешена (1942), забоншинос.
  • зодрӯзи Дилбар Қозиҷонова (1946), олимаи соҳаи   математика.

Саду ҳабдаҳ соли Нарзулло Бектош

Умри  Нарзулло Бектош басо кутоҳ будааст. Ҳамагӣ 38 сол зистааст. Вале дар ҳамин умри кутоҳ ҳам чанд асари мондагор таълиф кардаву гоҳе ба тарҷумонӣ ҳам машғул шудааст. Аз ҷумла, қиссаи машҳури Лев Толстой “Ҳоҷимурод” –ро бори аввал ӯ тарҷума кардааст. 

Бектош тахаллуси олим аст ва насаби Ҳайдарист. Вай соли  1900, дар оилаи косиб дар деҳаи Боғи

Саидалӣ Вализода-аз маъруфтаринҳо миёни шоирони халқии замони Тоҷикистони Шӯравӣ

Аз миёни шоирони мардумии замони Тоҷикистони сотсиалистӣ касе ба ҳадди Саидалӣ Вализода ва Юсуф Вафо миёни мардум маъруфият надоштанд. Шеърҳои равони иншошуда бо сабки халқӣ ба зудӣ аз бар мешуд. Ин буд, ки аксари ашъори онҳо аз даҳон ба даҳон мегузашт. Бахусус, шеъи “Ленин бародар раҳнамо”-и Вализода шуҳрати бештар дошт ва онро ҳатто ҳофизони маъруф ҳам месароиданд.

Саидалӣ Вализода шоир ва ҳофизи халқии тоҷик 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ҳозира ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Артисти

Истифодаи нав­гони­­ҳои технологияи муо­сир дар ки­тобхонаҳои Тоҷикистон

Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захи­раҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овар­дани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.