ноября 2017

Василий Бартолд – муаллифи аввалин китоби “Тоҷикон”

Василий Владимирович Бартолд машҳуртарин шарқшиносе буд, ки шуруъ аз замони ҳукумати подшоҳии Русия то охири умр талош кард таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро мавриди пажуҳиш қарор диҳад. Шарқшинос, арабшинос, исломшинос, муаррих, адабиётшинос...буд. Шахсе, ки ҳанӯз соли 1925 китобе бо номи “Тоҷикон” навишт.

Василий Владимирович Бартолд шарқшиноси Шуравӣ, академик (соли 1913) 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри  Петербург таваллуд шудааст.

Соли 1891 факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи Петербургро  хатм кард. Приват-дотсент (аз соли 1896) ва профессори (аз соли 1901) ҳамин донишгоҳ. Нахустин мақолаи илмии ў «Дар бораи дини насронии Осиёи

Юсуфшо Яъқубов – маъруфтарин бостоншиноси кишвар

Юсуфшо Яъқубов аз ҷумлаи машҳуртарину маъруфтарин бостоншиносони кишвар ва пурмаҳсултарин олими соҳа аст. Ҷузъитарин кашфиёт ё бозёфти худро китоб кардааст ва ё ҳаддиақал дар мақолае шарҳ додааст. Кам олимони ин соҳаро ёд дорем, ки ҳавсалаи профессор Ёқубовро дошта бошанд. Кореро, ки шуруъ кардааст, ҳамтман ба поён расонидааст.

Юсуфшо Яъқубов  - доктори илми таърих (соли 1988), профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (соли 1991), Арбоби шоистаи илм ва

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Ҳайати кормандони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Муҳриддин Соҳибзода, корманди бахши кадрҳои Китобхона бинобар даргузашти нобаҳангоми МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Аз Худованди меҳрубон барои модари азиз Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд. 

Эй модар, агар дастрасе доштаме, 
Санги сияҳ аз гӯри ту бардоштаме. 

Як ҳафтаи фарҳанг дар мамлакат

Ҳафтаи ҷорӣ дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.

Мақолаи “Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ҳамкориро таҳким мебахшанд” оид ба намоиши ҷамъбастии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Тошканд “Корвонсарой” ва рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рӯзномаи “Баҳори

Гулҳои тирамоҳӣ

Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар растаҳои назди бино гулҳои нав шинонданд. Онҳо аввал ҷойи гулҳои пешинро побел карданд, заминашро нарм намуданд ва баъдан гулҳои тару тозае, ки ба иқлими тирамоҳ созгор бошад, шинонданд. Ободонии атрофи Китобхона ҳамешагист. Шанбеи гузашта низ як чунин корҳои ободонӣ шуда буданд ва кормандон заминҳои ҳотаи китобхонаро аз

Абдурофеъ Рабизодаро шиносем

Абдурофеъ Рабизода - адиб, рӯзноманигор, сенариёнависи шинохта. Хеле аз филмҳое, ки аз рӯйи асарҳои бардошта шудаанд, маъруфият пайдо кардаанд. Қиссаҳои шӯрангези таърихӣ дорад. Ҳар қисса ривоятро бо таърих омезиш медиҳад ва ин сабки навишт асарҳояшро пуртаъсир кардааст. Хеле адиби пажуҳишгар аст, ҷустуҷӯҳои зиёде дорад, ки ба сари худ таҳқиқи таъриханд. Духтаре дошт, ки нобиға буд ва дар синни ҷавонӣ тарки олам кард ва адиби мумтозро солҳо дар сӯг нишонд.

Иттифоқи нависандагон адибро ин гуна муаррифӣ карда:

АБДУРОФЕЪ РАБИЗОДА (Шераки Ориён) 7 ноябри соли 1951 дар

Алоуддин Баҳовуддинов

Профессор Алоуддин Баҳоваддинов агар зинда мебуд, имсол ба 106 қадам мегузошт. Файласуфи шинохта. Аз аввалин олимонест, ки Инқилоби Октябрро қабул кардааст ва то охирин лаҳзаҳои умраш коммунист буду коммунистона кору зиндагӣ кард.

Дар бораи ӯ хотираҳои ҳамкорону шогирдонаш хеле хонданист. Ин хотираҳо нишон медиҳанд, ки Баҳовуддинов шахсияти

Оё шумо дар бораи Вамбери Арминий Герман шунидаед?

Ба баъзе навиштаҳо дар сафарномаҳои ин ҷаҳонгард шубҳа кардаанд. Бахусус,  саргузашташ дар Самарқандро. Аммо бо вуҷуди ин асарҳояш арзиши бойи фарҳангиву маърифатӣ ва таърихӣ доранд. Шояд аввалин нафаре аз қалби Аврупо бошад, ки ба Осиёи Миёна сафар кардаву корҳои пажуҳишӣ низ анҷом додааст. Он ки бист забон медонист, дурӯғ нест. Охирҳои умраш дар донишгоҳи Будапешт дарси забонҳои шарқ мегуфт ва яқинан яке аз ин забонҳо бояд форсӣ бошад.

  Вамбери  Арминий  ва ё Герман Бамбергер  этнограф  ва   сайёҳи маҷористонӣ 19-уми марти соли 1832 дар оилаи яҳудии фақиру нодор таваллуд шудааст.  

Муҳиддин Хоҷазод дар остонаи 80-умин баҳори умр

Сарнавишти Муҳиддин Хоҷазод худ мавзуъи даҳҳо роман аст.  Сахтиҳои рӯзгорро аз замони тифлӣ бар дӯш доштааст; дар кишвари ғариб дида ба олам во кардааст ва ҳамроҳ бо волидон заҳри ғарибиҳо чашидаву кулфати беватаниро эҳсос кардааст. Имрӯз аз зумраи хушнавистарин адибони кишвар аст. Асарҳояд бо чандин забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Хоҷазодро ин гуна муаррифӣ кардааст:

МУҲИДДИН ХОҶАЗОД 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи

Сухане чанд дар бораи Аълохон Афсаҳзод

Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони кишвар буд. Донишманди шинохта, матншиноси барчаста. Ҳамагӣ 63 сол умр дид, вале аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузошт.

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон  Афсаҳзод  10- ўми ноябри соли 1935 дар деҳаи Воруи ноҳияи  Панҷакент дар оилаи деҳқон зода шудааст.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  чанд муддат омўзгор буд. Соли 1961 дар вазифаи  лаборант  ва баъд  ходими  хурд ва калони илмии  Шуъбаи  шарқшиносӣ  ва осори  хаттии АУ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ( солҳои  1962-1968) кор кардааст. Аз соли  1971 то охири  умраш мудирии шуъбаи  матншиносӣ ва нашри  осори адабии

Рўзи наҷотбахши миллат

15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид намуд,ки тибқи он 16- уми ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад.

Интихоби санаи мазкур рамзист, чунки маҳз аз 16- ноябри соли 1992 , яъне рўзи интихоби  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар

Сабатамон ҳамеша пурмева бод!

Тирамоҳу Меҳргон. Барои мо ду мафҳуме, ки тавъаманд. Тирамоҳ танҳо фасли хазон нест, фасли ҳосил, фасли зеботарини сол, ки табиатро бо қабои заррин мепӯшад. Ва дар ин фасл деҳқон ҳосили заҳмати худро меғундорад, то сардиҳои зимистон аз он нӯши ҷон кунад ва то баҳори дигар худро саломат расонад.

Ҳамин ҷашни ҳосил Меҳргон аст.