марти 2018

Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КАНДАКОРӢ

Кандакорӣ рӯйи чӯби мақбараи Исмоили Сомонӣ (асри 10), арақаи Чашмаи Айюб (асрҳои 14–17, Бухоро), рафҳои мақбараи Қуссам ибни Аббос (Самарқанд), айвони мақбараи деҳаи Чоркӯҳи Исфара, меҳроби Искодар (асри 10, ноҳияи Айнӣ), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (асрҳои 14–15, Хуҷанд), мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ (асри 14), дари Гӯри Мир (асри 15, Самарқанд) ва ғайра нақшҳои ҳандасӣ ва табиӣ доранд.

Наврўз ва наврўзшиносӣ дар Тоҷикистон

Наврўз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои  Афғонистон, Эрон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рўзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Наврўз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда,

Ду миллати ҳамсоя ва дӯсту бародар ин рӯзро кайҳо боз мунтазир буданд

Бояд эътироф намуд, ки ба роҳ модани робитаҳои дўстӣ, дипломативу иқтисодӣ  ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн бо кишварҳои ҳамсоя аз рўзҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тақвият ва густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Узбекистон ҳамеша аз бахшҳои калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод. Бо вуҷуди андешидани тамоми тадбирҳо омилҳое буданд, ки то андозае барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба монеа эҷод мекарданд.

Тамаддуни ҷаҳонии Наврӯз

Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҷашни Наврӯз дар  аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати  тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукӯҳи хоса мебахшиданд. Маросими баргузории ҷашнии Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои

Лаҳзаҳои нотакрор: тақдими китоб ба Президенти Тоҷикистон

Яке аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу нишотовари сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин лаҳзае буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон ба Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоберо, ки дар Ӯзбекистон ба тозагӣ ба нашр расида буданд, ҳадя намуд. Яке аз ин китобҳо «Ҷомӣ ва Навоӣ» ном дошта, дар он номаҳое, ки ин устоду шогирд ба якдигар

Рӯзи низофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату покӣ буд. Кормандон гирду атрофи биноро тоза карданд, бехи гулҳо ва дарахтонро нарм намуданд. Ҷӯйборҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.

Саҳни бинои Китобхона сарсабз шуда ва дарахтони нав шинондашудаи сӯзанбаргу ороишӣ ва гулҳои тару тоза ба ҳусни он ҳусни тоза зам кардаанд.

«Бухорои шариф» - сароғози матбуоти тоҷик

«Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рўзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард. Баъди нашри шумораи 153-юмаш, 2-юми январи соли 1913 баста шуд. Вале дар ин муддати кўтоҳ, тавре муҳаққиқон зикр кардаанд, тавонист, ки дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдўст ва худшиносу

“Дастони моҳир” ва Рӯзи модар: Атфол дар бораи ин рӯз чӣ медонанд?

 

Рӯзи модар ва тифлон. Онҳо дар ин бора чӣ медонанд? Ин суоле буд, ки дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” ба хонандагони навраси толори хониши кӯдакону наврасон дар миён гузошта шуд.

Даҳ моҳи бемодарӣ...

Даҳ моҳ аст, ки бемодарам. Ва имрӯз, ки зодрӯз дорам, беихтиёр ёди модар кардам. Аслан ёди модар на якрӯзиву дурӯзист. Муддати ин даҳ моҳ, ки вуҷудашро, сояашро намебинам, ҳарфашро намешунавам, садояш ба гӯшам намерасад, мисли он ки чизе гум кардаму ҳеч намеёбам. Оре, ин модар будааст он ганҷе, ки инсон гум кардаву дигар ҳаргиз намёбад. Ман ҳам ин даҳ моҳ ганҷ гум кардам ва меҷӯяму намеёбам.

Имрӯз зодрӯзам аст, зодрӯзе, ки тӯли 27 сол бо модар ҷашн мегирифтем. На ман, балки ӯ талош мекард бо баҳонаи ҳамин зодрӯз гирди як дастурхони хоксорона ороёфта бо ҳам биншинем. Солҳои

Модар-олиҳаи зиндагист

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нўш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват  аз борон,  шукўҳ  аз  осмон,  борандагӣ  аз  абр, равшанӣ аз  субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро  қатра-қатра ҷамъ оварду зан  офарид, то ҷаҳонро равшвну мунавар гардонаду  инсониятро хушбахт.

Модар шахси муқаддас аст. Вақте  ки симои ў пеши назар меояд,  аз чашмони  ў, балки аз

Гуфтори бузургон дар васфи зан – модар

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: РАҒЗАБОФӢ

Аз матои рағза бештар чакман медўзанд ва он яке аз афзори болопўши чўпонҳо ба шумор меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад. Дар Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин тайёр мекарданд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, инчунин барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд.

Рағза матои дурушти пашминиест, ки риштааш аз пашми