апреля 2018

Лаҳзаҳое бо ёди устод Айнӣ

Ҷамъе аз донишмандон, адибон, хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар чорабинии фарҳангӣ-адабии “Машъали рахшони миллат” аз Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби маъруф устод Садриддин Айнӣ ёд карданд. Ин нишаст бо ибтикори Шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ субҳи имрӯз дар толори “Ошёни булбулон” баргузор шуд.
«Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо…». Ин

Ниҳонӣ барои кӣ шарт гузошт?

Дар тазкираи «Ҳафт шаҳри ишқ» омадааст: Хонум Ниҳонии Кирмонӣ шоире латифтабъ буд. Ва бо волидаи Шоҳсулаймон мусоҳабату ҳамнишинӣ дошт. Падари Ниҳонӣ ҳам аз сардорони бузурги султон буд ва мақоме баланд дошт. Ниҳонӣ аз ҳар ҷиҳат саромади ақрон (ҳамсолон, ҳамнишинон)-и худ буд ва овозаи ҷамоли дилкашу фитрати баланди ӯ бар сари забонҳо уфтода буд. 

Намоиши китоб ба рўзи гиромидошти устод Айнӣ

Бо ибтикори Шӯъбаи тар-иб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ бахшида ба 140-умин солрӯзи бунёдгузори ададбиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Сабриддин Айнӣ намоиши китоб ташкил шуд.

Хоҳишмандон зарфи чанд рӯзи оянда имкон дорад бо китобҳои устоди сухан “Мактаби кӯҳна”, “Ғуломон”, “Одина”, “Дохунда”, “Марги

Ёде аз Султон Шоҳзода –шоири ғӯрамарги тоҷик

Аз таваллуди Султон Шоҳзода-шоири хушнависи тоҷик 75 сол ва аз маргаш 23 сол гузашт. Султон Шоҳзода журналист буд, умре дар нашрияҳо ва нашриётҳои кишвар кор кардааст. Вале фаъолияти шоириаш аз рӯзноманигорӣ барҷастатар будааст. Соҳиби шаш маҷмуаи шеъ буд, ки аввалинаш соли 1975 ва охиринаш соли 1994 чоп шудаанд. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон омадааст:

СУЛТОН ШОҲЗОДА 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст.

Бузургонро бузургон зинда медоранд...

Дар боби ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ бузургони мо зиёд суханҳои ҳикматомез гуфтаанд, ки гулчини онҳо вақти зиёд мехоҳад. Намунае аз он фармудаҳо:

Э писар ҳамсояро хушнуд дор,
То ту бошӣ
раста дар рўзи шумор.

Ё ин ки:

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧОШБАРДОРОН

Дар Кӯлоб ва баъзе деҳоти Рашт дар паҳлуи чоши хирман кордеро (теғаш ба самти қибла) мегузоштанд, то ки он аз чашми бад ва таъсири манфии махлуқоти зиёнрасон муҳофизат намояд. Сипас, пирмарди табаррукеро, ки гузаштагонаш деҳқон будаанд,ба сари хирман даъват менамуданд. Муйсафед бо пойи таҳорат аз чош як мушт ғалларо гирифта, ба он сураеро аз Қуръон хонда медамид ва ба болои чош мепошид.

Тафреҳ: Ғазали ноб Хоҷа Ҳофиз

Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастат яке соғар набошад.

Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.

Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.

Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,
Бубахшо бар касе, к-аш зар набошад.

Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: БОЗИҲОИ МАРДУМӢ

Баъзе  бозиҳои миллӣ ва халқӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз  дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқиӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои Дорбозӣ, Масхарабозӣ,  Қофиябозӣ (Аския), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Юрмонбозӣ, Суғурбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ

Таърихи пайдоиши коғаз ва намудҳои он

Таърихи коғаз ҳам ба мисли дигар масолеҳи хаттӣ тўлонист. Истеҳсоли он ҳама масолеҳи пешинаро ба танг оварда ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳқиқотчии рус Н.П. Лихачёв навиштааст, ки «аз рўи ривоятҳои интишоршуда коғаз садаи II- уми мелодӣ аз ҷониби ихтироъкори чинӣ  Чай – Лун ба вуҷуд оварда шудааст». Инро солноманависони Чинӣ ба асос гирифтаанд. Вале гуфтаҳои онҳо ба якдигар начандон алоқа доранд. Зеро ба ривояти яке соли 95, дигаре соли 105, сеюмӣ соли 153-и милодӣ мебошад. Байни ин солҳо 60 сол фарқ ҳаст. Инчунин яке аз он солноманависон навиштааст: «Чай – Лун соли 105 ба императори Чин тарзи омода намудани коғазро аз зағирпоя, канаб, пўсти дарахти лиф, латтапора,

Апрели соли 2018

1-уми апрел

60-солагии зодрўзи Гулбегим Ватанбекова (1958), олимаи соҳаи тиб.

85-солагии зодрўзи Александр Войченко (1933), олими соҳаи педагогика, профессор.

60-солагии зодрўзи Дўстмуҳаммади Дўст (1958), муаррих.

60-солагии зодрўзи Шариф Комилзода (1958), олими соҳаи педагогика, китобшинос.

Рӯзи ҷаҳонии китоб: Нигоҳе ба имрӯзи китоби кӯдак дар кишвар

Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳони таърихи 2-юми апрелро чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак ҷашн мегиранд. Ҷашни мазкур ба ифтихори  рўзи  таваллуди Ҳанс Кристиан Андерсен, даромнависи  даниягӣ,  рабт мегирад.  Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн ё худ  Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак дар соли 1967 аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (IBBY) таъсис дода шудааст.

Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии иктоби кӯдак Рузи дарҳои боз баргузор гардид.  Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳо буд.