мая 2018

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мутахассиси пешбари Маркази Қонуни забон ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ

САФАРБӢ ҚУРБОНАЛИЕВА

ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи

Ҷавонон пайрави мактаби сиёсии Пешвои миллат

Чунин ном дошт чорабинии сиёсӣ-оммавӣ, ки имрӯз бо ташабусси Ташкилоти ибтидоии “Китобдор”-и ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”   баргузор гардид. Муовини Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Салима Раҷабова мақсаду мароми чорабиниро шарҳ дода, қайд намуданд, ки  ҷавонон дар пешрафту шукуфоии меҳани азиз саҳми арзанда доранд.

Хатми боз як давраи омӯзишӣ барои китобдорон дар Китобхонаи миллӣ

Имруз хатмкунандагони давраи омӯзишии китобдорӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ соҳиби шаҳодатномаҳои хатм шуданд. Гадобек Маҳмудов-ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ баъди як суханронии кутоҳ дар бораи ҳадафҳои давраи хатмшудаи омӯзишӣ дар ҳузури меҳмонон аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Ш.Акобиров, А.Наҷмиддинов, С.Эгамбердиев,

Лухтакчаи зебои ман

Лӯхтакро кӣ чӣ гуна месозад? Ин суоле буд, ки муаллима Фирӯза Аҳророва ба ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” дар миён гузошт. Ва аз ҳар кадом посух гирифт.

Баъдан ӯ тарзи омода сохтани мошинчаву лўхтакро ба хонандагон нишон дод ва гуфт, ки барои сохтани онҳо аз кадом лавозимоти инҷо буда бояд истифода кард.

Ёде аз профессор Хушқадам Қамариддинов

Агар профессор Қамариддинов зинда мебуд, 26-уми май ба синни муборак 85 қадам мегузошт. Олими барӯманд соле пеш, аниқтараш 9-уми май, 17 рӯз пеш аз зодрӯзаш тарки олам карда буд. Аз профессор Қамариддинов, ки табиби ҳозиқ ва донишманди шинохта буд, китобҳои зиёди пажӯҳишӣ боқӣ мондаанд, ки барои наслҳо хидмат хоҳанд кард.

Хушқадам Қамардинов 26 майи соли 1933 дар ноҳияи  Ишкошими ВАБК, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 факултети муолиҷавии Институти тиббии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон) хатм кард. Солҳои 1958-1960 ҷонишини сардухтури беморхонаи райони Ишкошим кор кардааст.

Адабиётшиноси маъруф Ҳамроқул Шодиқулов

18 майи соли 1938 дар деҳаи Чоршанбеи ноҳияи  Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, солҳои 1961-1963, дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Сариосиё омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ва мудири бахши таълим будааст.

Соли 1963 дар Институти забон ва адабиёти ба

Теъдоди китобҳо ва нашрияҳои чопӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 5,8 миллион адад расидааст

Бойгонии китобу маҷалла ва рӯзномаҳо дар Китобхонаи миллӣ ба бештар аз 5,8 миллион нусха расидааст. Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ иттилоъ дод. Абдусалом Мирализода, ки ахиран дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши байналмилалии «Таърихи пойтахтҳои

“Равшандилон”: Ҳикояҳо, шоҳбайтҳо, таронаҳо, латифаҳо...

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус бо таронахониву латифагӯӣ ва ҳикоёти тозаву саргузаштҳои ибратангез басо шавқовару мондагор гузашт. Ин маҳфил баъди зуҳри дирӯз бо ширкати шоири маъруф Хайрандеш, ки маъмулан навиштаҳои навқаламони маҳфилро нақду баррасӣ мекунад, доир шуд.

Хушбахти Одина дар бахши “Афроза” нақли хеле шавқоваре кард. Ширкаткунандагон дар бахши “Афшона” чандин зарбулмасалро таҳлил карданд. Ин зарбулмасалҳои халқиро бо хоҳиши иштирокдорон аъзои маҳфил гирд овардаву қироат карданд.

Баҳудур Саидов ва Ҷомӣ Сафаров ҳикоёти ҷолиб қироат карданд

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон муборак!

Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад.

Дар ин чорабиниҳо беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба  тамошо гузошта мешаванд, консертҳои идона ташкил мегардад. Кўдак дар ҷомеаи мо тоифаи соҳибимтиёз аст ва ҳуқуқи муайяне дорад. Ҳукумати мо ғамхорӣ ба кўдакро вазифаи бисёр муҳим ва аввалиндараҷа медонад ва ҳама чизи беҳтарини мамлакат пеш аз ҳама ба кўдакон бахшида мешавад. Тарбияи хуб дар боғча, таълими ҳамаҷониба дар мактаб ва оила таъмин карда мешавад.

Тамоми умр кӯдак будану тифлона хандидан...

1 июн рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар тамоми гўшаву канорҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин рӯз моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Он бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.

Таълиму тарбияи кўдак дар ҷомеаи имрўза хеле муҳим аст. Истеъдоди кўдак дар оила инкишоф меёбад. Фикру эҳсос, иродаю хислат, шууру ахлоқи кўдак аввалин бор

Семинар –тренинги “Инсон ва фарҳанг” дар Китобхонаи миллӣ

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхона миллӣ ва гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ семинар – тренинг дар мавзӯи “Нақши фарҳанг дар рушди фард” доир гардид.

Семинарро бо суханони муцаддимавь сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ибодат Ғанизода ҳусни оғоз бахшида, фарҳангро ҳастии миллат донист ва гуфт

«Пайравони Пешвои миллатем»

Имрўз дар толори Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабини фарҳангӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон зери унвони «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид. Ҳамасола 1-уми июн чун рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар сар то сари олам ҷашн гирифта мешавад.

Директори Китбхонаи миллӣ, профессор