декабря 2019

Чаро аз Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон”-и ӯ бояд ҳамеша ёд кард?

  Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои муаззами миллат, ки мақолаи аввалини он ба  Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад». Сарвари давлат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат, «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд.

 Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби 

Дастури раҳнамо аз маркетинг ва менеҷмент

 Китобхона дорои 28 толори хониш барои 1800 ҷойи нишаст, 28 махзан барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, толори намоишгоҳи китоб, 36 шуъба, бахш ва марказ буда, 518 воҳиди корӣ дорад.

 Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури наве бо номи “Раҳнамои хонанда” тоҷикиву русӣ омода кардааст. Ин китобча чуноне аз номаш пайдост, дастури раҳнамо ба хонанда ва меҳмонони Китобхонаи миллист. Дар сарсухан омада:

Шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ ба 198 ҳазору 544 нафар расидааст

  Ин рақамҳоро дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Китобхонаи миллӣ, ки то зуҳри имрӯз баргузор шуд, профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ эълон кард. Вай гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ бо ба имрӯз 31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар аз 10 ҳазор нафар зиёд аст.

Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо

 Дирўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзуъи «Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо ва ороиши Арчаи солинавӣ» баргузор шуд, ки дар он хонандагони наврас ширкат ва дар атрофи мавзуъ баҳс карданд.

  Мураббӣ ба бачаҳо рӯ овард ва гуфт, ки зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно 

Шеъре аз Фурӯғи Фаррухзод ба ифтихори зодрӯзаш

 Ёди бигзашта ба дил монду дарег,

Нест ёре, ки маро ёд кунад.

Дидаам хира ба рах монду надод,

Номае то дили ман шод кунад.

Худ надонам чи хатое кардам,

Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.

Дар дилаш чойе агар буд маро,

Беш аз 60 ҳазор хонандагони наврас дар як сол зиёда аз 60 ҳазор китоб дархост ва мутолиа кардаанд

 Соли ҷорӣ толори хониши матбуоти даврӣ аз толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ буд. Ҳудудан 13 ҳазор нафар хонандагон бо ҳузури худ 44 ҳазору 391 бастаи маҷаллаву рӯзномаҳоро дархост ва мутолиа кардаанд.  Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Китобхона иттилоъ дод.

Толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ дар охири сол

 Бо фаро расидани мавсими имтҳонҳонот кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ аз хонанда пур шуданд. Ҳар сол ҳол ин аст, баъзан бо вуҷуди мавҷудияти толорҳои зиёд хонандагон ҷой намеёбанд. Шароити фароҳамовардашуда, хизматрасонии хуб хонандагонро бештар аз пештар ба Китобхона меорад. Соли ҷорӣ  31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар

Ифтихорномаву унвонҳо дар остонаи Соли нави милодӣ

  Дар остонаи Соли нави милодӣ як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ барои ширкати фаъолонаашон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” соҳиби Ифтихорномаҳо шуданд. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳудудан 100 нафар кормандонро шоистаи ифтихорномаҳо донист. Инҳо касоне буданд, ки рӯзҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи судҳи доноӣ...” хеле фаъол буданд. Ба

Тақвими моҳ. 1-уми январи соли 2020

 90-солагии зодрӯзи Рафаэл Айрапетянс (1930-1997), мутриб, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

 90-солагии зодрӯзи Асрор Аминҷонов (1930-1989), рассом.

60-солагии зодрӯзи Ҷонибек Асрориён (1960), муаррих, фарҳангшинос.

 90-солагии зодрӯзи Умар Валиев (1930-1984), журналист.

 80-солагии зодрӯзи Нурулло Дайхудоев (1940), журналист.

Рўнамоии сомонаи расмии нависанда Баҳром Фирўз

 Ба ифтихори 80-солагии нависанда, шоир, мунаққид Баҳром Фирўз пайвандонаш сомонаи адибро ба  сурати дигар роҳандозӣ кардаанд. Ният доранд кулли осори адиби номвар, нигоштаҳои ҳамқаламону устодону шогирдон, нақди осорашро дар ин сомона ҷой диҳанд.  Ин сомонаи тозатаъсис марбут сирфан ба масоили адабӣ  буда, бо нишонии www.firuz.tj дар паҳноии интернет қобили дарёфт аст.

 Боздидкунандагон дар ин саҳифа метавонанд бо шеъру сурудаҳо,ҳикояву достонҳо, очерку мақолаҳо ва пахши куллии маҷмўаи осори адиб, ки дар бедории рўҳӣ  ва маънавиёти иҷтимоии мардуми тоҷик аз масири

Рӯзи якуми соли нав ба зодрӯзи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 80 сол мешавад

 Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, шоир, носир ва рӯзноманигори варзида буда, охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба майдони адабиёт ворид гардидааст. Ӯ аз зумраи қаламкашонест, ки дар адабиёти навини тоҷик мавқеи босазо дорад. Ин сарояндаи ишқу ормонҳои миллат дар қатори чанд тан аз ҳамсолонаш, аз қабили М.Қаноат, Бозор, Лоиқ, А.Самадов ва дигарон, ки тавонистаанд, дар солҳои бозсозӣ руҳияи наву ичтимоиро шиносанд ва ифода намоянд.

 Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 1 январи соли 1940 дар деҳаи