марти 2020

Кӯлбори пурбори адиби маъруф

 Шоир, нависанда, дрматурги маъруф Меҳмон Бахтӣ ба синни мубораки 79 расид. Устод Меҳмон бидуни шак аз чеҳраҳои мондагори олами адаби кишвар аст.  Кам адиберо суроғ дорем, ки дар назму наср ва драматургия баробар муваффақ шуда бошад. Устод Меҳмон дар ҳамаи ин жанрҳо қалам фарсудаву муваффақ шудааст.

 МЕҲМОН БАХТӢ  25 марти соли 1941 дар деҳаи Шул, ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. 

Садубист соли Ҳасан Ирфон

Саду бист сол пеш дар Самарқанди бостонӣ адиби хушзавқ, тарҷумони чирадаст Ҳасан Ирфон дида ба олам кушод. Чилу ҳафт сол аст, ки аз ҷамъи мо рафта, вале ҳамоно ному ёдош боқист. Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» мебошад, ки имрӯз маъруфияти худро гум накардаанд. Вале Ҳасан Ирфон бештар ба тарҷума машғул шудаву беҳтарин асарҳои адибони оламро баргардон кардааст.

(1964) Ҳасан Ирфон 22 марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, Курси дусолаи ҳисобдори

Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад...

 Наврўз биё ба хоки поки Ватанам,
Гулрез намо замину боғу чаманам.
Андар бари ошиқони фархундаи ишқ, 
Ман ошиқи навбаҳору сарву суманам.

 Наврўз (порсӣ: نوروز )-Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврўз бо эҳё

Ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд. Директори Китобхона 

Суманак ва суманакпазӣ дар “Дастони моҳир”

Имрӯз дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи милии Тоҷикистон маҳфили “Дастони моҳир” доир шуд, ки мавзӯъи он ҳунари суманакпазӣ буд. Дар ин маҳфил хонандагон дар бораи баҳор, Наврӯз ва албатта суманак шеърҳо хонданд. Муаллима бошад ба хонандагон дар бораи таърихи пайдоиши суманак маълумот дод. 

Робиндронат Такур. Гора

 Адиб, рассом, оҳангсоз ва арбоби ҷамъиятии бузурги Ҳиндустон Робиндронат Такур 7 майи соли 1861 дар Калкутта бо олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ба иншои шеър аз ҳаштсолагӣ оғоз намуд. Соли 1878 ба Англия меравад ва дар колеҷи донишгоҳи Лондон фанни ҳуқуқро меомўзад. Аммо баъди як сол онро тарк намуда, ба Ҳиндустон бармегардад ва ба касби нависандагӣ машғул мешавад.

Соли 1901 ба мулки авлодиаш Шинтиникетан мекўчад ва он ҷо  бо панҷ нафар омўзгори дигар мактаб мекушояд. Кори нависандагиро якҷоя бо омўзгорӣ давом медиҳад. Шеърҳо, ҳикояҳо, мақолаҳо, романҳо, китобҳои дарсӣ менависад.