мая 2020

Мусаввири саҳнаоро Шобутолиб Шобутолибов

​ Умре саҳна оро додааст. Дар беҳтарин намоишномаҳо ба ҳайси ороишгари саҳна интихоб шудааст. Маҳорати хуби эҷодӣ дорад, метавонад саҳнаро тавре оро диҳад, ки ба муроди дили коргардони он бошад. Истеъдоди фитрӣ ёраш. То кунун дар даҳҳо намоишномаҳои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ номи ӯро чун рассом мехонем. Имрӯз умраш ба 70 расид.

Шобутолибов Шобутолиб Шоиброимхонович рассоми театри тоҷик 30 майи соли 1950 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони

Функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон: Масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ

 Монографияи мазкур ба таҳқиқи илмӣ-амалии функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлат, шаклу усулҳои амалисозии он бахшида мешавад. Дар он ҷанбаҳои гуногуни мафҳум, мазмун намудҳои функсияҳои давлат, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ, низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, мустақилияти функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ дар низоми функсияҳои давлат муайян карда мешавад. Дар раванди таҳқиқи функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ заминаҳои илмӣ ва амалии мустақилияти он, таносубаш бо функсияҳои дигари давлат, аз он ҷумла бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ чун шакли махсуси амалисозии функсияҳои давлат муайян ва таҳлил карда мешаванд.

Китоби нав: Метод ва методологияи таҳқиқи илмӣ

 Дар ин китоб моҳияти методология, асосҳои методологии маърифати илмӣ, маҷмўи методҳои маърифати илмӣ, махсусияти назарияи ВАО, ҷанбаҳои методологии он, самтҳои асосии пажўҳишҳои илмии муосир дар назарияи журналистика, сохтори методологии таҳқиқи диссертатсионӣ ва амсоли ин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Он барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, магистрҳо ва ҳаводорони илмҳои гуманитарӣ, хосса илми журналистика пешниҳод мешавад.

Тақвими моҳ. Июли соли 2020

1-уми июл

60-солагии зодрӯзи Муҳаммад Акрамов (1960), олими соҳаи физика.

75-солагии зодрӯзи Сайфиддин Акрамов (1945), доктори илми филологӣ, профессор, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.