октября 2020

Тирамоҳи заррин дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзӯъ тирамоҳ буд. Фасли хазонрез, фасли ҳосил ва фасле, ки рӯзҳояш тадриҷан сард мешаванд ва моро ба зимистон наздик мебаранд. Ин чорабинӣ саривақтӣ ҳам буд. Акнун тадриҷан тирамоҳ ҳам бисоти худро аз замин меғундорад ва рӯзаке чанд ҷояшро зимистон мегирад. Фаслҳо иваз мешаванд ва бояд вобаста ба ин тафаккуру тасаввур ҳам 

Дюрер Албрехт – маъруфтарин наққош ва олими давраи Эҳё

Ин наққоши маъруфи давраи Эҳё ҳамагӣ 57 сол умр дидааст. Аз фавти бармаҳалаш моро 492 сол ҷудо мекунад. Аммо тӯли ин ҳудудан 500 сол аз даргузашташ ҳам маъруфияташ коста нашудаву аз сол ба соли дигар мунаққидон бештар асарҳои ӯро мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор медиҳанд.

Дюрер Албрехт 21 уми майи соли 1471 дар Нюренберг, Олмон  ба дунё омадааст. Вай наққош, ҳаккок ва риёзидони олмонии давраи Эҳё буд. Санъати заргариро дар назди падараш ва санъати тасвириро  дар коргоҳи рассом ва ҳаккоки нюренбергӣ Михаел Волгемут (1486–90) омўхтааст. Аввалин асари худро Дюрер  дар синни 13 солагӣ (1480 эҷод карда буд. Асарҳои аввалини Дюрер  ба санъати 

Рӯзи кинои тоҷик муборак бод!

“Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон  навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 16 октябр ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 октябри

Ҳамоиши « Саразм ёдгори бостонӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ ҳамоиш таҳти унвони «Саразм ёдгори бостонӣ»  баргузор гардид. Дар нишаст кормандони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар 

Меҳргон иди фаровонист

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони 

Китоби нав. Дориюш Раҳимзода. Ишқи нотамом

​“Ишқи нотамом” дар жанри повест иншо шуда, аз ду қисм иборат мебошад. Он ҳодисаи воқеиеро дар бар мегирад, ки дар солҳои аввали ҳокимияти Советӣ рух додааст. Онро муаллиф дар овони наврасӣ аз дўстони бобояш шунида, баъдан ҷузъиёташро дар ҷавонӣ аз иштирокдорони ин ҳодиса, аз мўйсафедон - қаҳрамонони аслии ин саргузашт пайгирӣ ва муайян  кардааст.

Муаллиф повесташро ба тағояш бахшида ва дар аввали китоб навиштааст: “Ба тағоиям, писари ягонаи модаркалонам -  Бобоназар Раҳимов мебахшам, ки якуми июли соли 1941 ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, 

Фаъолияти сесолаи як донишкада дар як китоб

​“Се соли рушди ҳунару истеъдод” китобест, ки ахиран чоп шуда ва аз фаъолияти сесолаи Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нақл мекунад. Муаллифон мегӯянд, дар ин маҷмўа фаъолияти гуногунҷанбаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 2017- 2019 гирд оварда шуда, барои сабти таърихи донишкада ва истифодаи ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёну ихлосмандони соҳаҳои фарҳанг ва санъат пешниҳод карда мешавад. Дар сарсухани китоб омадааст: Фарҳанги  ғании мардуми тоҷик як ҷузъи таркибии таърихи башарият маҳсуб меёбад. Ин фарҳанги бошукўҳ дар тўли  таърих миллати 

Ёқути Мустаъсимӣ – хушнависи маъруфе, ки 61 нусхаи Қуръони китобатнамуда дорад

Ба Ёқути Мустаъсимӣ хаттотии беш аз 60 ҷилд китобро нисбат медиҳанд. Ў 61 нусхаи Қуръони китобатнамуда дорад. Баъзе нусхаҳои он дар китобхонаи Честер Бати Дублин маҳфузанд. Инчунин нусхаҳои китобҳои « Сахифату-с-саҷҷодия»,  «Наҳҷу-л-балоға» ва «Гулистон»- и Саъдиро (1269), ки дар китобхонаи Осорхонаи Гулистони Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, ў китобат кардааст. Ёқути Мустаъсимӣ  номи пурааш Ҷамолуддин Абдулмаҷид Ёқут ибни Абдуллоҳи 

Хусрав Нозирӣ: Мукотиботи дипломатӣ: гирдоварии иттилоот ва таҳияи гузоришҳо. Бахши дувум

Фиристода пайғоми шоҳи ҷаҳон

Бад-эшон бигуфт ошкору ниҳон

Фирдавсӣ

Гирдоварӣ ва пардозиши иттилоот аз муҳимтарин самтҳои фаолияти дипломатӣ ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки аз сифатҳои барҷастаи дипломат кунҷковии ӯ дар касби иттилоот ва ахбори саҳеҳ 

Симои фаромушношуданӣ

​Горкий аз нигоҳи устод Айнӣ. Аввалин мулоқоти ду нобиға. Шуҳрати Горкий аз назари Айнӣ. Ёддошти устоди шодравон Айнӣ  соли 1946 дар «Шарқи Сурх” чоп шудааст ва намедонем баъдан ҳам интишор ёфта бошад ё на. Ба ҳар ҳол бо талоши ҳамкорамон Фирӯза Маҳмадҷонова ин ҷо рӯи чоп омад. Ҳоло мехонем.

***   ***   *** 

Нигоҳе ба тазкира ва тазкиранависӣ

​Аз ниёгонамон ба мо дар қатори асарҳои бадеӣ  боз садҳо асарҳои илмӣ ва адабӣ, ки ба соҳаҳои  мухталиф бахшида шудаанд, ба мерос расидааст. Ҳисоби умумии  чунин рисолаҳо, дастнависҳо, тазкираҳо, мундариҷа ва гуногуншаклии онҳо ҳоло тадқиқ карда нашудааст. Инчунин дар корҳои илмию тадқиқотии  муаллифони тоҷику форс, оид ба тазкираҳо ва дигар асарҳои ниёгонамон  маълумотҳои зиёде мавҷуд мебошад. Ғайр аз дастнависҳо ва баъзе асарҳои чопӣ, инчунин асарҳои адабиро дар  

Таҷлили Рузи байналмиллалии нобиноён дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии «Асои сафед», ки ҳамасола 15-уми октябр дар саросари олам баргузор мегардад, доир шуд. Нишастро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода ифтитоҳ кард ва нобиноёнро ба рӯзашон табрик намуда, барояшон тани сиҳату зиндагии осоиштаро тамманно намуд. - Дари китобхона ҳамеша ба руи шумо боз аст. 

Иди меҳргон таърихи беш аз чаҳор ҳазорсола дорад

Иди Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар меҳррӯз аз бурҷи Меҳрҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Дар гузашта ин ҷашнро зардуштиён дар даҳуми меҳр ва ё наздиктар ба он ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар меҳррӯз оғоз мешуд ва шаш рӯз таҷлил карда мешуд ва дар ромрӯз ба поён мерасид. Нахустин рӯзи ҷашн «Меҳргони омма» (ҳамагонӣ) ва рӯзи охирини ҷашн «Меҳргони хоса» (вижа) номида 

Нуҳ моҳи Китобхонаи миллӣ. Узвияти 14 ҳазору 805 нафар дар нуҳ моҳ

​Дар нуҳ моҳи соли равон ба узвияти Китобхона 14805 нафар пазируфта шуда, шумори хонандагони он дар умум ба  207186 нафар расидааст. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти Китобхонаи миллӣ директори Китобхона профессор Файзализода Ҷумахон Хол иброз дошт.  Вай аз ҷумла гуфт, ки таҳлил нишон дод, ки аксари нав 

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” такони ҷиддие дар омавигардонии мутолиа хоҳад буд

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат (26.12.2019) нақш ва манзалати китобу китобхонаро дар рушди ҷомеаи муосир муҳим арзёби намуда, қайд намуданд, ки “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои 

23979 нусха афзудани бойгонии Китобхонаи миллӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ

Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи сипаришуда ба маблағи зиёда аз 450677  23979 китоб дарёфт кард ва ин миқдор мавриди коркард қарор гирифт. Ба захираи умумии Китобхона 19655 нусха ба маблағи умумии 403174 сомонию 71 дирам ворид карда шуд. Аз ҷумла,  18374 нусха китоб, 806 нусха  маҷалла, 79 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ, 41 адад нотаҳо, 287 нусха диссертатсияҳо, 63 дона СD-DVD ва 5 нусха секограмма.

Китоби нав: Нишонаҳои морфологии намунаҳои топинамбур (helianthus tuberosus i.) дар шароитҳои гуногуни агроэкологӣ

Дар китоб, ки Партоев Қ., Эргашев А., Сафармади М. навиштаанд, маълумоти зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши топинамбур (Ноки заминӣ - helianthus tuberosus I.), доир ба тағйирёбии баъзе аз нишонаҳои морфологии он дар шароитҳои гуногуни агроэкологии парвариш (дар водиҳои К=лобу Ҳисор) ва тавсифи нишонаҳои генетикии намунаҳои топинамбур маълумотҳои зарурӣ пешкаши хонандагон гардидааст. Инчунин, оиди хусусиятҳои генетикии намунаҳои гуногуни ин рустанӣ, қобилияти мутобиқшавии намунаҳои он дар баландиҳои 460 ва 840 м аз сатҳи баҳр, аҳамияти иқтисодии парвариши топинамбур ва хусусиятҳои ғизоӣ ва табобатии он дар пешгирӣ намудани касалии қанд ва дигаркасалиҳои инсон маълумотҳои зарурӣ

Китоби нав: “Дараи Камароб”

Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавсифи табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои обӣ, вазъи радиатсионӣ мебошад.  Дар он оид ба табиати мавзеи дараи Камароб маълумот гирд оварда шуда, хусусиятҳои табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ захираҳои обӣ, вазъи радиатсионии ин мавзеи табиӣ тавсиф карда шудааст.

Китоб барои олимон ва мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷўён ва доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ-Президенти  Академияи милии 

Ёде аз Мир Алишери Навоӣ

Дўстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки  намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошанд.

Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини муносибатҳои

Бист соли рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Хонандагон дар шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ чӣ метавонанд бихонанд?

Магар имрӯз мо мушкилоти бунёди боғҳову гулгашту хиёбонҳо надорем? Магар мутахассиси имрӯз наметавонад аз ин манбаъ истифода барад? Гумон мекунем арзишҳои илмии ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳое, ки дар бойгонии   шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқ нигаҳдорӣ мешаванд, камтар аз китобҳои интишорёфта дар солҳои баъдӣ дар ин мавзуъ нестанд».

Бузургону  орифони ҳама  давру замон 

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем!

Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муовини сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ Юлчибой Мӯсоев ҷиҳати даргузашти нобаҳангоми 

ПАДАРАШ НОРБОЙ МӮСОЕВ

тасаллият арз мекунад.

Ба марҳум аз даргоҳи Холиқи якто Биҳишти барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил мехоҳад. 

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Садаи Х1- и мелодӣ дар Димишқ ва Бағдод таомули аҷоибе вуҷуд дошт. Одамон баъзан гурўҳ-гурўҳ дар растаҳо, майдонҳо ҷамъ мешуданд. Қисме бар тан ҷомаҳои сурхи коғазин доштанд ва аз рўи ин ҷомаҳо зуд шинохта мешуданд. Онҳо одамони адолатҷў буданд.

***   ***   ***

Соли  1351 дар ҳаёти сокинони шаҳри Маскав 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзо Абдуллоҳ Зуҳурӣ

Ҳиротист, ки дар Бухоро истиқомат карда, дар он ҷо ба оташ сўхта вафот ёфтааст.Зуҳурӣ муосир, мусоҳиб ва мухлиси Шоҳин буда.

(Аз таскираи Афзал)

Эй низоминазму ҷомитабъу фирдавсикалом,

Дар бари шоҳини табъат Ваҳшӣ ҷуз усфур нест.

Дяконов Игор – муҳаққиқи варзидаи Мод, Ошур, Урарту, Шумер, Эрон...

Дяконов Игор Михайлович 30 декабри соли 1914 дар Петроград ба дунё омадааст. Шарқшиноси рус доктори илмҳои таърих (1960), узви ифтихории Анҷумани шарқшиносони Амрико (1972),  Академияи  санъат ва илми Амрико (1985),  Академияи  илмҳои  гуманитарии Русия (1992), Анҷумани осиёии шоҳии Британияи Кабир ва Ирландия.

Иштирокчии ҶБВ (1941–1945). Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1938). Муаллими кафедраи сомишиносӣ (1940–41,1945–50), ходими илми, мудири шуъбаи Шарқи қадими Эрмитажи давлатӣ (1936–59), ходими илми шуъбаҳои ленинградии Институти таърих ва институти шарқшиносии АИ ИҶШС (аз 1953). 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрории Фалғарӣ (Вафот – 1337)

Туғрал Шоҳинро мусоҳиб шудаву худро аз шогирдони ў мешуморид, лекин аз ашъораш маълум мешавад, ки шогирдиаш ба Шохин танҳо ба ном аст, танқиду тасҳеҳи ўро надидааст. Зеро агар монанди Туғрал як комилистеъдод аз мисли Шохин як устоди комил танқиду роҳбарӣ медид, ҳеҷ гоҳ ба ашъораш он қадар хомиҳо, ки ба девони Туғрал дида мешавад, пайдо намешуд.

 

Чаро Ҷалол Икромӣ Фотеҳ Ниёзиро танқид карда буд?

Ин мақолаи устод Ҷалол Икромӣ соли 1947 дар “Шарқи Сурх” чоп шудааст. Аслан он тақриз ба аввалин китоби нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ аст. Мақола паҳлуҳои гуногуни аввалин нигоштаҳои адиби ҷавонро ба риштаи таҳлил мекашад. Дар зимн Ҷалол Икромӣ чун як навсандаи аллакай баркамолу маъруф баъзе ҳикояҳо, тасвирҳо, ибораҳои адибро ба боди 

Рӯ ба дониш. Евроосиёро шиносем

Евросиё, Авруосиё, Евразия, бузургтарин материки кураи Замин дар Нимкураи шимолӣ (як қисми ҷазираҳо дар Нимкураи ҷанубӣ). Масоҳаташ 54,7 млн км (зиёда аз сеяки тамоми хушкӣ). Аҳолиаш 4,57 млрд нафар (2016). Евросиё аз ду қитъаи олам – Европа ва Осиё иборат буда, марзи байни онҳо шартӣ аст. Нуқтаҳои канории қитъа: дар шимол- димоғаи Челюскин (77043/ а.ш), дар ғарб – димоғаи Рока (9034\)  дар нимҷазираи Таймир, дар ҷануб – димоғаи Пиай (1016/)

Маҳфили навбатии “Равшандилон” ва китоби нави Хомисаи Аюбзод

Маҳфили навбатии “Равшандилон” ин бор бештар атрофи китоби нави Хомисаи Аюбзод «Ман ва ҳаёт» ҷараён гирифт ва ба гуфтаи муаллиф китоби мазкур ҳоло омодаи чоп шудаву рӯзҳои наздик ба дасти ҳаводоронаш мерасад.

Хомиса аз ҷумлаи аҳли эҷоди маҳфил буда, дар ҳам нишаст армуғоне барои дӯстонаш ва аҳли маҳфил дорад. Бо вуҷуди он ки аз ҷумлаи шахсони имкониятҳои маҳдуд мебошад,