ноября 2020

Саъид Нафисӣ. Сарзамини поки ниёгонам

Дирӯз китобе дар идораи «Шафақи сурх» дидам, ки ҳамон хурсандиро ба ман бахшид ва беихтиёр маро муҳаррик шуд, ки ин чанд сатрро бинигорам. Ин китоб маҷмӯаест дар 626 саҳифа ба исми «Намунаи адабиёти тоҷик», дар Самарқанд таълиф шуда ва дар соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст. Гирдовардаи ин китоб алломаи муосир Садриддин Айнӣ аз аҳрори ин диёр ва аз удобаи  номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст. Ин китоб шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори

Китоби нав: “Корҳои амалӣ аз химияи фарматсевтӣ”

Китоби мазкур барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ қобили истифода буда,  аз се қисм ва 28 боб иборат аст ва бори аввал ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ҳашт боби қисмати аввалро, ки марбут ба кимиёи ғайриорганикӣ аст, маводи доругии элементҳои гурӯҳҳои якум то ҳаштуми системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев ташкил медиҳанд. Бобҳои боқимонда: Маводи  доругии органикӣ, спиртҳои  алифатӣ, эфирҳо, кислотаҳои карбонӣ, фенолҳо, фенолокислотаҳо, сулфаниламидҳо, пайвастаҳои гетеросиклӣ, алкаллоидҳо, гормонҳо, витаминҳо ва антибиотикҳоро аз бар кардааст. Дар китоб бори аввал маводи доругии

Муаррифии китоб. “Сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ дар шароити мураккаби кӯҳи-геологӣ”

Ин китоб як дастурамал таълимӣ оид ба  иҷрои кори курсӣ ва хатми бакалаврӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ихтисосҳои «Сохтмонҳои зеризаминӣ ва шахтаҳо» ва «Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ»буда, аз ҷониби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ чанде пештар рӯи чоп омадааст. Дар муқаддима мехонем:

Солҳои охир дар мамлакати мо ва хориҷи кишвар бунёди иншоотҳои зеризаминии саноатӣ, шаҳрвандӣ, коммуналӣ ва нақлиётӣ аҳамиятӣ бузург дорад. Бо назардошти ин, дар соҳаи сохтмони  кишвар барои коркарди усулҳои бунёди иншоотҳои зеризаминӣ диққати махсус дода мешавад.

Эҳсон Ёршотир ва мактаби пажӯҳишҳои шарқӣ

Ёршотир Эҳсон 3 апрели соли 1920 дар шаҳри Ҳамадон таваллуд ёфтааст. Нависанда ва донишманди эронӣ. Муҳаққиқ ва мутахассиси фарҳангу забонҳои бостонии эронӣ. Профессори донишгоҳи Колумбия. Хатмкардаи факултаи  забону адабиёти форси донишгохи Теҳрон (1947). Дар факултаи ҳуқуқ низ тахсил намуда, соли 1948 дараҷаи докториро дарёфт кард. Ёршотир дар Донишгоҳи Теҳрон  забон ва адабиёти форсиро дарс медод. Баъдан барои таҳсили илм ба Англия рафта ба шарқшинос – эроншиноси олмонӣ В. Б. Ҳенинг (1908–67) ба таҳқиқи забонҳои бостонии эронӣ пардохт. Ёршотир соли 1950 дар Мактаби пажӯҳишҳои шарқӣ ва африқоии донишгоҳи Лондон, ки онро

Оё мо жанрҳои киноро медонем?

​Жанрҳои кино, гурўҳи асарҳои кино, ки бо хусусиятҳои шабеҳи сохтори дохилияшон аз ҳам фарқ мекунанд. Жанрҳои кино ба таври комил мушаххас набуда, номи бештари онҳо аз жанрҳои адабӣ ва дигар ҳунарҳои бадеӣ гирифта шудаанд. Мафҳуми «жанри кино» бо зуҳури студияи кинои Ҳолливуд шакл гирифтааст. Замоне, ки студияҳо филмҳои зиёд истеҳсол  мекарданд, барои табақабандии онҳо

Баргузории ҷаласаи умумии 24-умини аъзои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) дар низоми онлайн

25 ноябри соли 2020 дар реҷаи алоқаи видеоӣ дар платформаи ZOOM Ҷаласаи умумии 24-умини аъзои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) баргузор гардид. Ҷаласаро директори генералии Китобхонаи давлатии Русия В.В. Дуда ва президенти (БАЕ) А.И. Вислый ифтитоҳ намуданд. Аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи ИДМ

Маҳфили “Дастони моҳир” бахшида ба Рӯзи Парчам

Маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.  Муаллима дар оғоз дар бораи таърихи парчаму парчамдорӣ ҳарф зад ва гуфт:  Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.​ Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати

Мо аз азал ба шеваи Мансур будаем... Нигоҳе ба зиндагиномаи Завқии Самарқандӣ

Шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Миёнколи Самарқанд, аз ин рў дар баъзе маъхазҳо бо номи Завқии Миёнколӣ низ ёд шудааст. Дар ҷавонӣ дар баробари аз худ кардани улуми роиҷи замон, ба шеър гуфтан пардохт. Ҳамзамононаш ўро соҳиби завқи баланд ва дар гуфтани шеър нексухан тавсиф кардаанд. Дар баробари ҳокими Самарқанд – Қулаҳмадхон ба унвони «маликшшуаро» мушарраф гардидааст. Завқии

Профессор С.Сулаймонӣ: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши аввал

То қарни ҳафтум арабҳо нақши муҳиме дар минтақаи Ховари наздик ифо накардаанд, аммо пас аз зуҳури Паёмбари ислом, Муҳаммад ( с)  дини ҷадид ( ислом ) – ро, ки онон зиндагӣ ва нишоти азиме бахшид, поя ниҳоданд. Баъд аз реҳлати ҳазрат Муҳаммад (с) футуҳоти шитобанда ва мавқеиятомези худро дар кишвариҳои хориҷ оғоз карданд. Чунон, ки тўли танҳо чанд даҳа ба ҳаёти империяи нерўманди

Муаррифии китоб. Зариф Ғулом. «Исёни Назир»

Қиссаи таърихии «Исёни Назир» ба корномаи Назир, писари Халифа қурбон, ки дар деҳаи Кўли Сўфиён зиндагӣ мекард, бахшида шудааст. Қаҳрамони қисса ҷавонмарди ҳақталош буда, баҳри манфиати мардуми деҳаҳои гирду атрофи Кўли Сўфиён алайҳи зулму истибдоди бекигарии Балҷувон  баромада, дар ин роҳ  шуҷоату мардонагӣ ва матонату диловарӣ нишон дода, дар натиҷаи роҳбарии дурандешона бар ҳокими Балҷувон ғалаба мекунад ва дар мубориза бо сарбозони мири Ҳисор шикаст хўрда, дар талошу ҷонбозиҳо ба ҷазо гирифтор мешавад.

Асари мазкур ба равияи печутоби зиндагӣ ва бархўрдҳои

Муаррифии китоб: Тазкираи адабиёти бачагон. Душанбе, соли 1979

Ҳамчуноне аз сарлавҳа дарёфтед, ин китоб чиҳилу як сол пеш рӯи чоп омадааст. Ҷилди аввали асари панҷҷилдаи “Тазкираи адабиёти бачагон” дарбаргирандаи назм аст, ки аз устод Айнӣ оғоз мешавад ва бо Наимҷон Назирӣ ба поён мерасад. Китоб асосан назми бачагонаи шуарои кишварро гирд овардааст ва он имрӯз ҳам аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор марҳум Раҷаб Амонов ба ин китоб як сарсухани пурмуҳтаво навишта ва дар он аз ҷумла

Выступление директора Национальной библиотеки Таджикистана на национальном онлайн-семинаре

По инициативе Компании «Антиплагиат» Российской федерации, 26 ноября был проведён национальный онлайн-семинар на тему «Система «Антиплагиат» как инструмент повышения качества научных и учебных работ в Республике Таджикистан». В работе семинара наряду с Национальной библиотекой Таджикистана приняли участие ведущие вузы республики. На семинаре с докладом на тему «Электронные

Иштирок ва суханронии Директори Китобхонаи миллӣ дар онлайн-семинари ширкати “Антиплагиат”-и Русия

​Бо ташаббуси Ширкати Антиплагати Федератсияи Русия рӯзи 26 ноябр дар мавзӯи «Системаи Aнтиплагиат” ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари миллӣ дар низоми онлайн баргузор гардид. Дар кори семинар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ якҷо бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин семинар Директори

Фарзона Мирзоева: Тоҷикистон ба як нашрияи ҳамарӯзии англисизабон ниёз дорад

​Фарзона Мирзоева - сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, ки чанде пештар рисолаи номзади худро дар соҳаи журналистика дар мавзӯъи «Пайдоиш ва ташаккули сарчашмаҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон»  дифоъ карда буд, аввали ҳафтаи равон соҳиби Шаҳодатнома шуд ва акнун расман номзади илмҳои филологист. Ҳамкору ҳамкасбамонро ба ин муносибат муборакбод мекунем. Ба ҳамин муносибат як суҳбати кутоҳе ҳам доштем ва нахуст пурсидем, ки  рӯ овардани шумо ба илм интихоби кӣ буд: аз худатон ё

Парчам – баёнгари ормонҳои миллат

Яке аз рамзҳои давлатдории мустақил барои ҳар як миллат мавҷудияти  парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору сарбаландии мо аст, ки яке аз суннатҳои дерину бостонии давлатдории мо, нишони шукўҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо дар даврони Каёниён ин дирафш ё ба ибораи дигар «Дирафши Ковиён» буд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёти гуногун, ки то замони мо расидаанд, дурустии андешаи моро собит менамоянд. То давраи суқути давлати

Каъбаро пеши ман оред, ки зоир бошад! Чанд шеъри устод Низом Қосим дар остонаи маҳфили “Ҳамешабаҳор”

Қарор аст ин маҳфил рӯзи дигар, 28-ноябр соати 15:00 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шавад. Мавзӯъ: “Баҳори Низом Қосим”, ки дар он китоби шоири маъруф “Биё, дилро ба барги гул бипечонем” ба баҳс кашида мешавад. Вуруд ба маҳфил озод аст. Маҳфилафрӯз Афзалшоҳи Шодӣ, маҳфилоро Хайрандеш. Маҳфил аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияи бачагонаи “Пайрав” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Каъбаро пеши ман оред... 

 

Завқиҳо дар адабиёти форсу тоҷик

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирону нависандагони зиёде бо ному тахаллуси Завқӣ эҷод кардаанд. Ҳар кадоме дар гӯшае аз қаламрави форсзабонон макон доштаву бо завқу салиқаи хос шеъру достон сурудаанд. Шояд бо ин тахаллус хеле зиёд донишмандон дошта бошем. Ва ин бояд бештар пажӯҳиш шавад. Дар ин матлаб аз чанде ёд мекунем.

Завқӣ

Абдуқаҳҳор ибни Муҳаммадкарим, шоири тоҷик. Дар Бадахшон маълумоти ибтидоӣ гирифта, таҳсилашро дар Бухоро давом дод ва пас аз хатми мадраса  ба зодгоҳаш