Аз таърихи пайдоиши китоб

 

   Китоб - (аз арабӣ: كتاب — навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда) воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ (тасвир) ва донишҳо. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо китоб гуфтан мумкин аст. Китоб маҷмуае аз саҳафоти  навишташуда, мусаввар, чопшуда ё саҳафоти холӣ, сохташуда аз коғаз,  пӯсти ҳайвонот ё маводи дигар аст, ки маъмулан аз як тараф ё самт ба якдигар м аҳкам шудааст. Ҳар барга дар китоб варақ ва ҳар самт ё рӯйи ҳар варақ саҳфа номида мешавад.

   Таърихи пайдоиши китоб ба тараққиёти хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқа дорад. Дар замонҳои қадим дар рўйи санг, чўб, сафол, мису биринҷӣ, баргҳои дарахтони нахл, устухонҳо ва ғайра аз одамон дастнависҳо боқӣ мондаанд, ки ба китоб вобастагӣ доранд.

   Аввалин дастнависҳои папирусӣ дар Мисри Бостон ёфт шудаанд, ки ба ҳазораи 4-3-юми то милод мансубанд. Дар асри VI бори якум ксилография (асбоби махсуси китобчопкунӣ) ба кор даромад. Асри XI бо ёрии литераи (қолибчаҳои) махсус (аз гилу чўб тайёр карда мешуд) чоп карданро ҷорӣ намуданд. Асри XIV дар Куриё бо ёрии литераҳои фулузӣ китобчопкунӣ ҷорӣ шуд, ки барои такмили минбаъдаи интишори китоб ёрӣ расонд.

    Китобҳои Юнони Бостон, ки ба асри IX то милод тааллуқ дошта, дар папирус навишта шудаанд. Дар Рум нашри китобҳо авҷ гирифта буд, ки ба он бештар ғуломони махсус ҷалб карда мешуданд.

   Дар Аврупо чопи китоб аввал аз папирус ба варақҳои яклухт, баъд ба пергамент (пўст, навиштафзор) ва ниҳоят ба коғаз гузаштанд. Китоби Авасто аввал дар пергамент (асри 1 то милод) навишта шуда буд. Дар Аврупои асримиёнагӣ китобҳо мазмуни динӣ дошта, ба забони лотинӣ чоп мешуданд. Назар ба баъзе маълумотҳо дар Самарқанд асри VIII китобҳои коғазӣ ёфт шудаанд. Вобаста ба китобнависӣ хаттотӣ, муқовабандӣ барин касбҳо пайдо шуданд.

 

   Асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Ҳисор санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абўрайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни СиноСаъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Улуғбек ва дигарон аз тарафи хаттотҳо рўйнавис шуда, аз насл ба насл мегузаштанд. Санъати хаттотӣ дар Осиёи Миёна дуру дароз давом кард. Ҳатто баъди кашфи асбоби китобчопкунӣ ҳам китобҳо бо роҳи дастнавис зиёд карда мешуданд, ки вақт ва меҳнати зиёдеро талаб менамуд. Аз онҳо оммаи васеъ баҳраманд шуда наметавонист. Дар натиҷаи афзоиши талабот ба китоб ксилография пайдо шуд.

   Солҳои 40-уми асри XV дар Олмон аз тарафи Иогани Гутенбург (1400-68) ихтироъ намудани воситаи интишори китоб пай дар пай такмил ёфта, ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шуд. Соли 1798 бо ихтироъ шудани литография (чопи сангӣ) кори китобчопкунӣ, хусусан бо суратҳо оро додани китоб осон гардид.

    Дар Осиёи Миёна бошад китобчопкунӣ баъди ба Русия ҳамроҳ шудан ташкил шуд.Дар ин давра китобҳои мактабҳои мусулмонӣ ва русии маҳаллӣ дар Осиёи Миёна дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Қазон, Когон бо ҳуруфоти арабӣ ва русӣ нашр мегардиданд. Баъди Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна давраи нави тараққиёти китоб сар шуд. Дараҷаи идеявӣ ва илмии китобҳои шӯравӣ мунтазам баланд шуда, ороиши бадеӣ ва полиграфии онҳо тадриҷан беҳтар гардид. Иттиҳоди Шўравӣ аз ҷиҳати китобчопкунӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол менамуд.

      Дар замони Истиқлол дар Тоҷикистон низ як қатор нашриётҳои нав ташкил шуданд, ки китобҳои пурмазмуну пурмуҳтаво, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Шоҳнома», «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Фарҳанг ва истиқлол», «Уфуқҳои истиқлол», «Авасто» ва ғайраҳоро пешкаши хонандагон намуданд.

Адабиётҳои истифодашуда:

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2015. – Ҷ. 1.

2. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ. 2.

3. Энсиклопедияи советии тоҷик, 1981. – Ҷ. 3.

 

Таҳияи Оинамо Имомназарова  

Мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.

Маводҳои ҳамсон