Ба баҳонаи 80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов: Ҳунарманди нотакрор дар саҳнаи театри тоҷик

  Маҳмудҷон Воҳидов яке аз падидаҳои нотакрори фарҳангӣ буда, дар таърихи маданияти тоҷик мақоми хос пайдо кардааст. Ҳунарпешаҳое ҳастанд, ки дар инкишофи санъат ҳиссаи арзандае мегузоранд, онро то фатҳи ягон қуллаи тоза, мебароранд, дар театр ягон равияи нав, ҷараёни тоза, маҳорати хоси иҷрогариро  ҷорӣ мекунанд. Маҳмудҷон Воҳидов ҳамин хел ҳунарпеша буд.  Ў дар санъати ҳунарпешагии тоҷик ҷараёни нав, равияи ҳунарпешаи андешаманд, хушзеҳн, зиёию таҳлилгарро оғоз намуд.

  Маҳмудҷон Воҳидов ба майдони санъат ибтидои солҳои шастуми қарни ХХ ҳамроҳи як гурўҳ адибон ва санъаткорони ҷавон , балерина Малика Собирова, рассом Зуҳур Ҳабибуллоев, шоирон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, ҳунарпешаҳо Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов ва дигарон қадам ниҳод. Замон аз ин гуна эҷодкорони нав завқи маърифаташон баланд офаридани асарҳои сазовори замон ва талқини фарҳанги баланди маънавиро талаб мекард.     

   М. Воҳидов аввалин ва ягона ҳунармандест, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна театри як актёрро барпо намуд. Ў се намоишро ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва иҷрокунанда рўи саҳна овардааст. Инҳо «Гуфтугў бо худ», - мунтахаби рубоёти У.Хайём, «Ватан ва фарзандон» - мунтахаби ашъори шоирони муосири тоҷик ва «Ишқи зиндагӣ»- мунтахаби ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ буданд.

    Ҳунарпеша намоиши «Гуфтугў бо худ» ба ашъори ҷовидонаи  шоири бузург Умари Хайём бахшид. Ашъори ин шоири инсонпарвар ба ҳама дастрас ва ҷавобгўи талаби замон буд. Тавассути рубоиҳои гуногун ва олимазмуни ў аз саҳна ақидаҳои инсондўстии шоири файласуф баён ёфтаанд. Сухан аз сарнавишти инсон, рафтору кирдори ў, неку бад, маргу зиндагӣ, шодиву ғам буд. Ин намоишнома соли 1976 дар саҳнаи Театри академии бадеии Маскав (МХАТ) ба номи М.Горкий баргузор гардида аз тарафи тамошобинони рус баҳои сазоворро гирифтааст.

   Намоишномаи «Ватан ва фарзандон», ки дар асоси порчаҳои устокорона интихобшудаи шеър ва ҳикояҳои щоирони советии  тоҷик С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М.Миршакар, Б.Раҳимзода, Ҳ.Юсуфӣ, Қ.Қиром,  Ш. Мастон, Лоиқ эҷод            ёфтааст  ин мавзўъро идома медиҳад. Дар композитсия марҳилаҳои муҳими ҳаёти нимасраи Тоҷикистон васф шудааст.  Ў гуфта буд:  Панҷоҳ сол беҳуда нагузаштааст. Падарони мо, фарзандони онҳо  баҳри Ватан хизмат кардаанд, ба фронт рафтаанд, фавтидаанд. Дар ҳама ҷо вожаи Ватан садо медод. Падарони мо бо ҳамин роҳ пеш мерафтанд. Ман мехостам, ки ҷавононро ба ҳамин роҳ даъват намоям, бубинам, ки онҳо  ба даъвати Ватан, душворӣ, тағиротҳои  он ҷавобан чӣ коре карда метавонанд…» Ҳунарманд дар «Ватан ва фарзандон» манзараи пурҳаяҷону щиддатноки ҳаётро меофарад, ки дар он симоҳои шоирона умумияти фалсафӣ пайдо кардаанд.

    Моноспектакли  манзуми «Ишқи зиндагӣ», соли 1971 бахшида ба ҷашни  650-солагии шоири бузург Ҳофизи Шерозӣ таҳия  шуда буд.  М. Воҳидов дар ин моноспектакл низ ҳам муаллифу коргардон ва ҳам нақшофар буд. Ашъори дилнавози Ҳофиз, ки Маҳмудҷон онро бағоят дўст медошт ва ғазалҳои зиёдашро азбар карда буд, дили ҳунарпешаро ба шўр меовард. «Сухани Ҳофиз касро асир мекунад», мегуфт ў ҳар бор, ки шоирро ба ёд меовард. Ҳунарманд андешаҳои пешқадами фарзандони миллатро, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳон ҳисса гузоштаанд муаррифӣ кард. Ба  маънои эҷодиёти шоир фурў рафта, инсони зинда, Ҳофизи бузургро пеши рўи мо ба ҷилва овард.

    Мақоми Маҳмудҷон Воҳидов дар ҷодаи санъат носутурданист. Умри кўтоҳи ў дар умри ҷовидонаи санъат таҷассум ёфт. Ў ҳунарманде буд, ки  қобилияти ақлониро бо эҳсосот, овози нодири зеборо бо ҳаракати мавзун омехта метавонист. Ин хусусиятҳои санъати ў  на танҳо аз истеъдод, балки аз меҳнат низ вобаста буд.Ҳунарпеша дар назди худ ва тамошобинон масъулияти бузургеро ҳис мекард. Ҳар як нақши   офаридаи Воҳидов то ҷузъиётҳояш, аниқ, мантиқан саҳеҳу пурқувват буд.

    Воҳидов дар 17 соли ҳунарварӣ ба одамон лаҳзаҳои муқаддаси шодию таасуроти некро бахшид, дар вуҷуди онҳо изтиробу ҳаяҷон ангехта, қадру қиммати зиндагии инсонро дар назарашон дучанд афзуд, ба ҳурмату эҳтиром ва муҳаббати халқи азиз сазовор гардид. Ў дар дилу дидаи мардуми санъатписанд абадӣ ҷой гирифт. Вай аз қабили онҳоест, ки ҳеч кас ўро иваз карда наметавонад. Лоиқ Шералӣ «Дар ҷанозаи ҳамсолам» ном марсияаш, ки  баъди марги фоҷиавии Маҳмудҷон навишта буд, дуруст ва пурсўзу гудоз қайд кардааст:

                               Дўстам, дўсти сухангўям,

                          Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд.

                          Лек шеъри бузурги тоҷикро,

                            Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд.

 

Адабиётҳои истифода шуда:

Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов (тартиб. Лоиқ Шералӣ, Отахон Латифӣ. – Душанбе: «Ирфон», 1982, 174 саҳ.

Нурҷонов Низом. Маҳмудҷон Воҳидов. – Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2009, 384 саҳ.

Рустам Воҳид. Даме бо Маҳмуд. – Душанбе: «Файз», 2004, 39 саҳ.

Нигина Маҳмудова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг  ва ҳунар.

Ёфтаҳои дигар дар бораи Маҳмуд Воҳидов

Дар сомонаи Китобхонаи миллӣ

Ёде аз Маҳмуди Воҳид дар 78-умин солгарди умраш ва дар остонаи чиҳилумин соли маргаш

90 соли кинои тоҷик: ФИЛМИ «ҲАСАНИ АРОБАКАШ»

90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Филми бадеии «Зумрад»

Панҷ филм аз шаҳкорҳои синемои тоҷик дар толори наворҳои мусаббати Китобхонаи миллӣ

Дар манбаъҳои дигар

Маҳмудҷон Воҳидов — Википедия - донишномаи озод

80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов: дар Душанбе ҷашнвораи ...

Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов

Маҳмудҷон Воҳидов. Рӯзгоре барои ибрат

«Маҳмудҷон Воҳидов ва худшиносии миллӣ»

Зинда аст ӯ, чун ба ӯ аҳли сухан дил додааст

Дар Ютуб

Рубоиёти Ҳофизи Шерозӣ - Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳадя ...

Ғазалҳои Бадриддин Ҳилолӣ - Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳадя