Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир дар Китобхонаи миллӣ (ВИДЕО)

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосирРӯи гузаша, 23-уми ноябр бо ташаббуси шуъбаи нигоҳдории депозитарии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-мубоҳисавӣ дар мавзўи «Вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодири китобхонаҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ» баргузор гардид, ки дар он муҳаққиқон ва донишмандони риштаи китобдорӣ ва китобшиносӣ, намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Аз ҷумла, дар ин ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Сайдалӣ Муҳиддинов, доктори илмҳои филология, профессор, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сўфизода, сармутахассиси Маркази тоҷикшиносии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Ҷўрабой Раҷабов ва дигарон суханронӣ намуданд.

Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода дар сухани муқаддамотии худ оид ба нақшу мақоми фонди депозитарӣ ва нигоҳдошти адабиёт дар он ва яке аз сохторҳои асосӣ шуморидани шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар Китобхона изҳори назар намуд.  Вай аз ҷумла гуфт: Фонди шуъбаи депозитарӣ аз маводи чопӣ, китобу маҷаллаҳо, варақаҳои изографӣ (яъне мусаввараҳо), китобҳои қимматнок ва ғайра иборат мебошанд. Чунин махзан фарогири асарҳоест, ки шаклан куҳнашуда, вале мазмунан қиммати баланди илмӣ доранд. Аз ҷумла, китобҳои нодир, бузургҳаҷм, хурдҳаҷм, мусаввар ва сафарномаву экспедитсияҳо аз зумраи чунин китобҳо мебошанд.

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир

Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дош, ки сарчашмаҳои таърихӣ калонтарин китоби оламро «Кодекси Гигас» номидаанд, ки маҷмўи қонунҳои дастинавишта дар аввали асри XIII мебошад. Хурдтарин китоб бошад, китоби «Буқаламун” («Хамелион»)»-и Антов Павлович Чехов маҳсуб мегардад. Китобҳои миниатурӣ, ки  дар гузашта аз коғазҳои мармарин, пўсти мор, дарахт ва ҳатто нуқра таҳия гардидаанд, як бахши аъзами ин фондҳо маҳсуб мешаванд. Бо мурури замон шакли чунин китобҳо тағйир ёфтааст. Дар махзани шуъбаи китобҳои нодири Муассиссаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» тамоми намудҳои китобҳои дар боло зикргардида мавҷуд аст. Як нуктаро бояд хотирнишон намоям, ки дар самти китобдорӣ тасвирнигории чунин навъи китобҳо куллан фарқкунанда аст. Зимни тасвирнигорӣ китоб бо тамоми ҷузъиёт тасвир карда мешавад.

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир

Профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Сайдалӣ Муҳиддинов ба ин назар аст, ки ба эҳтимоли зиёд вожаи “депозитарӣ” ба китобхонаҳо шояд аз соҳаи бонкӣ ворид гардида бошад. Вожаи депозит – маблағҳо ё коғазҳои қиматноке, ки ба муассисаи қарзӣ барои ҳифз ё мақсадҳои м ахсус ворид мегарданд. Дар ин ҳошия китобхона  – депозитарияҳо – китобхонаҳое мебошанд, ки қабули асноди камистифодаро аз дигар китобхонаҳо барои ҳифзи доимӣ ва инчунин таъмини  эҳтиёҷон ба онҳоро амалӣ менамоянд. Ин гуна китобҳо метавонанд умумӣ ва махсус бошанд. Дар бисёр мамлакатҳо ин муассисаҳои нусхаи ҳатмии дар мамлакат чопшударо ҳифз менамоянд”. Профессор Муҳиддинов, ки дар мавзӯи “Зарурати созмондиҳии фондҳои депозитарӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ» суханронӣ мекард, иброз дошт, ки ҳамкориҳои шуъбаи нигоҳдории депозитарии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобхонаҳои манотиқи кишвар ва берун аз он зарурӣ ва саривақтист.

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир

Директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шодимуҳаммад Сўфизода дар мавзўи «Китоби нодир дар ҷаҳони муосир: интихоб, нигоҳдорӣ ва истифодаи он» суханронӣ кард ва аз нақшу мақом, мафҳуму меъёрҳои китобҳои нодир, ҷойгоҳи ин адабиёт дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ ва китобхонаҳои бузурги олам, ки бо нигоҳдошти китобҳои нодир дар ҷаҳон ҷойгоҳи махсус доранд, маълумотҳои ҷолиби диққат пешниҳод намуданд. Вай аз ҷумла гуфт: “Зарурат ба таърифи мафҳуми «китоби нодир» нахустин бор дар миёни китобдӯст (библиофил)-он ва ноширон ба вуҷуд омад. Истилоҳи «китоби нодир»-ро бори аввал китобшинос ва китобдӯсти лаҳистонӣ Аджей Хризостом Залуский истифода кардааст”. Ба андешаи профессор Сӯфизода “Муаррих, китобшинос ва китобнигор (библиограф) М. Н. Куфаев (1888-1948) бар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ба натиҷае расид, ки бояд байни мафҳумҳои «китоби нодир», «арзишманд» ва «хеле нодир» фарқ гузошта шавад. Манзури ӯ аз «китоби нодир», китобе буд, ки шуморагони бисёр каме аз он вуҷуд дорад. Ӯ китоби арзишмандро китобе мешуморад, ки аз назар шакл, мӯҳтаво ё аз ҳар ҷиҳати дигар, сарфи назар аз теъдоди он, аҳамияти вежае дорад”.

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир

Дар мизи гирди «Вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодири китобхонаҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ» донишмандони соҳаи китобдорӣ Ҷурабой Раҷабов, Шариф Комилзода, Сафар Шосаидов суханронӣ ва андешаҳои худро баён намуданд. Онҳо низ аз ташкили як маркази махсуси нигоҳдории китобҳои нодирро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар атрофи мавзӯъ табодули афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи нигоҳдориидепозитарӣ яке аз сохторҳои асосии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ташкил шудааст Дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ аз нав бо шароити хуби замонавии хизматрасониву нигоҳдорӣ таъмин гардид.

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир

Фонди шуъба тавассути феҳристи умумии китобхона ва феҳристи алифбоиву рақамии шуъба ба хонандагон муаррифӣ мегардад. Дар шуъба асарҳои аз солҳои 1700-ум то соли 2015 нашршуда ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Бояд қайд кард, ки таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ китобу маҷаллаҳо ва рақамҳои изографӣ (мусаввараҳо) китобҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷм иборатаст. Ин сарчашмаҳо аз ҷиҳати мазмун камдархостшаванда буда, қиммати баланди илмӣ доранд.

Баҳси дурнамои китобҳои нодири ҷаҳони муосир

Барои беҳтар гардонидани раванди хидматрасонӣ ба хонандагон феҳристи шуъба ба тариқи электронӣ ҷорӣ гардонида шудааст, ки ин боиси пешрафти раванди иттилооткунонии кори шуъба ва сарфаи вақти хонандагон, саҳми босазо мегузорад. Баҳри ҳифзу нигаҳдории фонд як қатор асарҳо ба шакли электронӣ баргардонида шудаанд. Дар аввали соли хониш ташрифи хонандагон башуъба зиёд шуда истодааст ва кормандони шуъба барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба хонандагон ҳамеша омода ҳастанд.

Нусратуллозода Идигул,
сардори шуъбаи
нигоҳдории депозитарӣ.