Боз як рӯзи ободкориҳо дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз гурўҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои тозагиву ободонӣ ба саҳни бинои Китобхона ҷалб гардиданд.
Онҳо бештар вақти худро сарфи тозакунии бехи ниҳолҳо, побели қитъаҳои замин, нармсозии заминҳо карданд.
Рӯзҳои низофат дар Китобхонаи миллӣ ҳамарӯзианд ва ин ба худ ҳукми анъана гирифтааст, ки кормандон бонавбат барои ободониву тоза кардани атрофи бино талош мекунанд.
Расмҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз баргузории рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллист.