“Бухорои Шариф” сароғози мактаби рӯзноманигории миллати тоҷик»

  Чунин ном дошт Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ  бахшида ба 110-солагии нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф», ки имрӯз дар  Китобхонаи миллӣ барзуор гардид

    Бо шарофати истиқлоли сиёсии давлатамон ва зери ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бухорои Шариф» ҳамчун нахустрўзномаи тоҷикӣ шинохта шуда, рўзи нашри аввалин шумораи он, яъне 11 март аз соли 1994 ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Расо 110 сол муқаддам, дар ин шабу рӯзҳо равшанфикрони оянданигари тоҷик новобаста аз фазои номусоиди замон тарҳи нашри рӯзномаи “Бухрои Шариф”-ро рӯи даст гирифта, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ин нашрияро ба чоп расониданд. Тавре муҳаққиқон таъкид намудаанд, «Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе буд, ки дар қаламрави Осиёи Миёна пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид ва аз манфиатҳои миллии мардуми тоҷик ҳимоят менамуд,  ин нуктаро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ бахшида ба 110-солагии нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» зери унвони “Бухорои Шариф” сароғози мактаби рӯзноманигории миллати тоҷик», ки ба ифтихори «Рӯзи матбуоти тоҷик» бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, баён дошт.

    Ин нашрия тавонист, ки андешаҳои наву пешрафтаро дар миёни ҷомеа шарҳу тавзеҳ намояд ва ҳадафҳои фаъолияташро, ки рушди мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат ва худшиносии мардуми тоҷик буд, густариш диҳад. Ба андешаи профессор Ҷумахон Файзализода – Директори Китобхонаи миллӣ рӯзномаи «Бухорои Шариф»-ро дар замони фаъолияташ ва то имрӯз, ки чанд марҳилаи таърихӣ сипарӣ шудааст, ба шаклҳои мухталиф шинохтаанд. Гоҳе ин нашрияи тоҷикиро “манбаи куфру бидъат” мепиндоштанд ва гоҳе “моли замони Аморат” меҳисобиданд. Аммо ҳамеша ҳақиқати ин нашрия нодида гирифта шудааст.

    Мо дар ин замина нақшаҳои зиёди фарҳангӣ дорем. Аз ҷумла нашри маҷмўаи мақолаҳо доир ба «Бухорои Шариф» ва чопи намунаҳои маводи нашршуда аз саҳифаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф».

    Мо зиёд мешунавем ва зиёд мехонем, ки «нахустрўзнома буд», «маорифпарвар буд», вале аксарият аз саҳифаҳои ин рўзнома хабар надоранд. Мақсади мо ин аст, ки хонандагони худро бевосита бо маводи нашрия шинос намоем. Бовар дорам, ки дар иҷрои ин амри хайр Шумо низ ҳамкорӣ менамоед, изҳор намуд Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

      Дар конфронс мушвоири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рӯзноманигорон ва гуногунандешӣ дар ҷомеаро пуштибонӣ мекунад. Афзоиши шумори нашрияҳо, ки бо риояи гуногунандешӣ дар кишвар сурат мегирад, баёнгари ин воқеият аст, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократӣ эҳтиром гузошта мешавад. «Барои мисол, айни замон дар ҷумҳурӣ 620 рӯзномаву маҷалла фаъолият менамояд, ки аз онҳо 226 нашрияҳои давлатӣ ва беш аз 390 нашрия ғайридавлатӣ мебошанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 11 агнетии иттилоотӣ амал мекунад, ки аз онҳо танҳо 1 агентии иттилоотӣ давлатӣ буда, 10 агентии дигар ғайридавлатӣ мебошад. Ҳамзамон шумораи шабакаҳои телевизионию радиошунавонӣ низ нисбат ба давлатиҳо шабакаҳои ғайридавлатӣ ба маротиб зиёд буда, барои иттилоотрасонӣ ба мардуми азизи кишварамон хизмат мекунанд» изҳор дошт М. Паншанбезода.

       Ба андешаи мавсуф таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҷомеаи мо як рӯзи муҳим мебошад. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти ин сана таъкид доштаанд, ки «Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад. Зеро барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд”.

     Муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадиқбол Атозода зимни маърӯза худ изҳор дошт, ки таъсиси нахустрӯзнома бешубҳа барои муқобилият ба афкори зиддимиллӣ буд. Маҳз дар нахустин шумораи рӯзнома таъкид шудааст: «Ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад гӯё забон надорад… Чунончи, ҳар гоҳ як миллатеро он дигар … таън ва ё ҳақорат кунад ба воситаи ҷаридаи худ адо хоҳад кард ва тарафи муқобил ҳам агар ҷарида дошта бошад ҷавоб гуфта, аз таън ва ҳақорат халос мешавад ва илло хомӯш буда, абадуддаҳр зери бори таъну маломати дигарон хоҳад монд».

     Бо чунин марому мақсад ва ҳадафҳои миллӣ зиёиёни тоҷик дар муҳити Аморати Бухоро, ки таҳти таъсири шовинизми пантуркистон қарор дошт, ба ҳимоят аз манофеи миллати худ бархостанд.  Муассисони «Бухорои шариф» аз рӯзҳои аввали нашр шудани рӯзнома рисолати тарбиятгарӣ, фикрофаринӣ ва равшангароиро пеша намуда, дар иҷрои ин рисолат муқаддамтарин нашрияҳои замон, агентиҳои иттилоотӣ ва пойгоҳҳои хабарии минтақаро ҳамчун сарчашмаи муътамади иттилоотӣ ва ҳамчун далел бар андешаҳои худ истифода менамуданд, гуфт М. Атозода.

    Ба андешаи муҳаққиқ маҳз ин талошҳои масъулини “Бухорои Шариф” боис гардидааст, ки нашрия дар як марҳилаи кӯтоҳ дар муҳити Аморати Бухоро ва вилоятҳои атрофи он хонанда пайдо намуда, андешаи миллӣ ва тафаккури навгароиро таблиғ намудааст. Инчунин дар муҳити адабӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии Аморат мавқеи таҳриккунада ёфта, то андозае ба шуури ҷамъиятӣ мусаллат шудааст. Маҳз ин ҳолат боис шуд, ки Аморати Бухоро ва намояндагии Русияи Подшоҳӣ дар Бухоро мавҷудияти ин нашрияро бар зидди сиёсати худ дониста, нашри рӯзномаро қатъ намуданд. Аммо қатъи фаъолияти «Бухорои шариф» на қатъи як рӯзнома, балки роҳ кушодан ба чопи нашрияҳои дигар буд. Зеро «Бухорои шариф» барои аҳли қалам, маорифпарварон ва сармоядорон мактаби хуби нигориш ва иттилоотрасониро замина гузошт.

    Дар идомаи чорабини аз ҷонибӣ муҳаққиқон ва устодони соҳаи матбуот профессор Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ислмоилзода Зинатуллоҳ, муҳаққиқ Қироншоҳ Шарифзода, устодони факултаи журналистика ва дигар намояндагони ВАО маърӯзаҳои пурмуҳатво ва суханрониҳо, ки фарогири мавзуҳои мухталифи фаъолияти нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухрои Шариф” буданд, пешниҳоди ҳозирин карда шуд.

Ҳамзамон шоири маъруф Бузургмеҳри Баҳодур шеъри ба рӯзномаи Бухорои Шариф навиштаашро қироат намуд. Аз ҷониби аҳли толор хуб пазируфта шуд ва аз шоир даъват шуд ,ки шеъри дар васфи Модар бахшидаашро қироат намояд. Бузургмеҳри Баҳодур пеш аз қироати шеър бонувонро ба иди баҳор ва омад- омади  Рӯзи  Модарон табрику муборакбод намуд.

Дар поёни чорабини муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода ба музокира баромада,  заминаи нашри нахуст рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф”-ро заҳмату талошҳои бевоситаи устод Садриддин Айни қайд дошт. Ҳамзамон шеъри ба устод Садриддин Айни бахшидаашро қироат намуд, ки аз ҷониби аҳли толор хуб пазироӣ шуд.

     Қобили зикр аст, ки имрӯз нусхаҳои электронии рӯзномаи «Бухорои шариф» дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхона нигоҳдорӣ ва барои хонандагон пешкаш карда мешавад.

    Шуъбаи матбуоти даврӣ бойгонии азими нашрияҳои даврӣ буда, аз соли 1935 то имрӯз барои ҷамъоварию ҳифзу нигаҳдорӣ намудани матбуоти даврӣ ва иттилоотонию ташаккул додани маърифату маънавиёти мардум саҳми арзанда гузоштааст.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР