Activities calendar

27 мая 2015

Анҷоми як семинари муфид

Дар Китобхонаи миллӣ семинарӣ омӯзишии “Нашри китоб дар Тоҷикистон ва раванди таъмини китобхонаҳо бо китобҳои  тозанашр дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои хаттӣ” ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо”   ба анҷом расид. 
Дар семинар Сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Тоҳир Рашидӣ ва Директори

Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ

Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз соли 1938 шуруъ намуда, аз рўзи оғози фаъолият то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Шўъбаи библиографияи миллӣ

Шўъбаи библиографияи миллӣ соли 1971 ташкил шуда, корҳои зиёдеро дар кишваршиносӣ ва библиографияи миллӣ анҷом медиҳад.
Ҳамасола ба шўъба 5-6 ҳазор хонандагон ташриф меоваранд, ки ба онҳо беш аз 5 ҳазор маълумотномаҳои шифоҳӣ ва 4 ҳазор нусха адабиёт пешкаш карда мешавад.
Феҳристнигории анъанавӣ ва электронии ҳуҷҷатҳои Шўъба ва анҷом додани корҳои илмӣ-интишорӣ роҷеъ ба масоили кишваршиносӣ самтҳои асосии

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки  бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2012, №2  тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мемонад.

Вазифаҳои асосии Шуъба:

Шўъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ

Шуъба дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  20 марти соли 2012 таъсис шудааст. Ҳадаф аз таъсиси он баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти Шуъба иборатанд аз:

Шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ

Ин Шўъба бештар аз чил сол ба инҷониб амал мекунад ва яке аз бахшҳои муҳим дар Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад. Аз ҷумлаи вазифаҳои Шўъба роҳандозии таҳқиқотҳои илмӣ-назарявии китобхонашиносӣ, библиография, таърихи китоб ва иттилоот буда, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар заминаҳои гуногун ба ҳам мутобиқ мегардонад.
Шўъба вазифадор аст нақшаҳои солона ва дурнамои илмӣ-методиро тартиб диҳад, корҳои маслиҳатдиҳӣ дар масъалаҳои таҳқиқоти дастаҷамъии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монад.

Шўъбаи коркарди адабиёт

Метавон ин Шўъбаро яке аз шўъбаҳои муҳим ва қадимии Китобхонаи миллӣ номид. Он соли 1933 ташкил шудааст. Соли 1936 феҳристи хизматӣ (генералӣ) ба фаъолият шурўъ намуд. Соли 1939 бо саъю кўшиши кормандони шўъба феҳристи алифбоии хонандагон ташкил шуда, ба истифода омода гардид.

Маркази такмили ихтисос

Марказ дар асоси нақшаи корӣ, ки онро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, аз 1 – уми апрели соли 2012 ба фаъолият оғоз намуд. Вазифаҳои хизматии кормандони Марказ тибқи дастурамалҳои тасдиқнамудаи Директори китобхона муайян карда шуданд. 
Самтҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:

Маркази «Тоҷикшиносӣ»

13-уми июли соли 2007 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Маркази «Тоҷикшиносӣ» ифтитоҳ гардид.
Мақсад аз ташкили Маркази номбурда баланд бардоштани руҳияи миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳамчун бо тариқи воситаҳои пешрафтаи итилоотӣ (интернет, воситаҳои ахбори электронӣ ва ғайра) муъаррифӣ намудани миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон мебошад.

Шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ

Шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ моҳи апрели соли-2012 таъсис ёфт ва он дорои 334078 нусха адабиёт аз ҷумла: 500 –нусха китобҳои калонҳаҷм, 1300-нусха харитаи ҷаҳонӣ, 332176-нусха авторефератҳо, 103 дессертатсияҳо иборат мебошад.
 Самтҳои асосии фаъолияти Шўъба иборат аз қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;
-фароҳам овардани маҷмўаҳои универсалии фонди рисолаҳо;

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Аз моҳи майи соли 1977 бо номи Шӯъбаи нотавию мусиқӣ амал мекард, ки фонди онро  47470 нусха нота ташкил медод ва аз якуми августи соли 2009 ба Шӯъбаи фарҳанг ва ҳунар табдил дода шудааст. Аз 2 апрели соли 2012 бошад,  Шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар номида шуд. Шуъба аз фонди ёридиҳанда иборат аст.
ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА: ташкили хизматрасонии истифодабарандагон бо адабиёти соҳавӣ (адабиёти мусиқӣ, нотаҳо, дискҳо, маводи аудиовизуалӣ), додани маълумотҳои библиографӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ).

Шўъбаи нигаҳдории китоб

Шуъбаи нигаҳдории китоб яке аз калонтарин ва қадимитарин шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта,  он соли 1993 ташкил ёфтааст. 
Шуъба дорои 2084571 нусха китоб аст, ки 233738 нусхаи он бо забони тоҷикӣ, 1797975 нусха бо забони русӣ 51858 нусха бо забониа ӯзбекӣ  мебошад.   
Шуъба аз 40 воҳиди корӣ иборат буда, айни ҳол дар он 9 сармутахассис ва 14 мутахассис, 11 мутахассиси пешбар машғули фаъолият мебошанд. 

Ганҷинае дар бахши илмҳои дақиқ

Шуъбаи адабиёти техникӣ аз соли 1956 инҷониб фаъолият менамояд. Сараввал шуъба бо номи Шуъбаи адабиёти махсуси техникӣ фаъолияташро оғоз намуд. Дар соли 1959 номаш ба Шуъбаи адабиёти патентию техникӣ иваз карда шуд. Аз соли 1984 инҷониб бо номи Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ фаъолият менамояд.

Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Шўъбаи нигоҳдории депозитарӣ 1-уми январи соли 1977 таъсис ёфтааст. Фонд маҷмуъи нашрияҳои ватании то инқилоби Октябр чопшударо, ки ба забони русӣ ва тоҷикӣ мебошанд, дар бар мегирад.
Дар бойгонии шўъба китобҳои нодир, матбуоти даврии тоинқилобӣ, китобҳои андозаашон хурду калон ва варақаҳои изографӣ нигоҳ дошта мешаванд. 
Фонди умумӣ тариқи феҳристи Китобхона тавассути баргаҳо маълумот медиҳад. 

Шуъбаи матбуоти даврӣ

Шуъбаи матбуоти даврӣ таърихи наздик ба 80-сола дорад. 
Соли 1935 бо мақсади ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдошт ва дар ихтиёри хонандагон қарор додани рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи Шўравӣ дар назди Шуъбаи нигоҳдории китоб бахши матбуоти даврӣ ташкил карда шуд.