Activities calendar

27 июля 2015

Шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ

Ин шуъба моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он ҷамъ овардани воситаҳои муосири технологияи иттилоотии арзишманд барои равандҳои китобдорӣ аст. 
 Шўъба ҳамчунин ба иттилоъ¬расонии муштариёни Китобхона машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодаба¬ран-дагонро аз маркази маводҳои электронӣ ба шабакаи ИНТЕРНЕТ мепайвандад. 

Шаш моҳи талошҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Китобхонаи миллӣ 165985  нусха адабиёт ба маблағи  умумии  299678,51  сомонӣ ворид шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст.

Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои КМТ

Шўъбаи абонементи байни китобхонаҳо (АБК) низ қадимитарин шуъбаҳои Китобхонаи миллист. Он соли 1933 таъсис ёфтааст. Ва мутобиқи “Созишнома оид ба ташкил намудани абонименти байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳо байни давлатҳои ИДМ (аз 19 уми январи соли 1999 ва бо қарори Шўрои иқтисодии ИДМ аз 16 уми марти соли 2001 «Низомномаи сексияии АБК давлатҳо –иштирокдорони ИДМ» тасдиқ гардид.

Абонементи байни китобхонаҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Дар шаш моҳи сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо  2738   нафар муроҷиат  намуданд,  ки  75  нафари онҳо афроде буданд, ки ба тозагӣ аъзои Китобхона шудаанд. Барои истифодаи муваққатӣ дар хона ба онҳо 6377 нусха адабиёт дода  шуд. 
Бо воситаи абонементи байни  китобхонаҳо 35 нусха адабиёт ба  вилояти  Суғд, 29  нусха ба вилояти Хатлон, 15  нусха ба ВАБК ва 105 нусха ба ноҳияҳои тобеъӣ ҷумҳурӣ  ирсол  карда  шуд. 

Шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Шуъба 48 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии пешниҳодиро мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода, 14 маҷмўаи дастхат ва 21 китоби чопи сангиро барои харидорӣ интихоб кардааст.  
Бойгонии шуъба бо 10  адад нусхаи хаттӣ ва 13 адад китоби чопи сангӣ ғанӣ гардонида шудааст.  Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электрониро ба фонди электронии шуъба  тақдим кардааст. 
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 1634 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, бо ганҷинаҳои нодири шуъба шинос шуданд ва истифода карданд.

Хизматрасонӣ ба кӯдакону наврасон

4866 кӯдакону наврасоне, ки зарфи шаш моҳи сипаришуда ба китобхона ташриф оварданд, на танҳо китоб мутолиа карданд, балки бо истифода аз барномаҳои компютерӣ дониши худро сайқал доданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда шудаанд.  
Кормандони бахши адабиёти кўдакон ва наврасони шуъбаи хизматрасонӣ барои рангорангии ҳузури бачагон дар ҳаёти китобхона пайваста чорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд. Чорабиниҳои хотирмон

Шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Дар шаш моҳи ахир кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 110 нусха китобро дар ҳаҷми 81080 саҳифа нусхабардорӣ  ва ба қолаби pdf  баргардонида, ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир кардаанд. Инчунин маводҳои электронӣ -58 адад диск бо забони тоҷикӣ ва 90 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 1900  китоб феҳристбандӣ  шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери  ftp ҷойгир карда шудаст.

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Ин шуъба 3186 баргаро барои «Хазинаи электронии мусиқии тоҷик» электронӣ кардааст, “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик”-ро дар компютерҳо насб кардааст. Ба ин хазина 21 китоби электронӣ оид ба мусиқии тоҷик ва шарҳи он, авторефератҳо, мақолаҳо, рисолаҳои илмӣ, ба хазинаи “Рассомони Тоҷикистон” 49 мусаввара ва 37 расм доир ба ҳунарҳои дастӣ ворид карда шуд. Барои такмили фонд 18 китоби доир ба фарҳангу ҳунар ва 6 маҷалла ба толори хониши шуъба ва сабти аудиоии рубоиёти Умари Хайём ба Толори маводҳои мусаббат ворид кардааст.

Шуъбаи матбуоти даврӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Ҳар ҳафта ба Китобхона  46 номгўй рўзномаҳо бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 15 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 8 номгўй маҷаллаи хориҷӣ ворид мешавад.
Дар шаш моҳ 6820 нафар хонандагон вориди толори хониши шуъба шудаанд ва ба онҳо дар посух ба дархосташон бо 30328 рӯзнома ва 24422 маҷалла хизмат расонда шуд. Кормандони шуъба бо вуҷуди талош натавонистаанд ба 1 дарсади фармоишоти хонандагонро, ки бештар марбут ба нашрияҳои солҳои 30-и асри гузашта будааст, иҷро кунанд.  

Дар 6 моҳ ба 49979 нусха маводи чопӣ дархост шудааст

Дар 6 моҳ ба 49979 нусха маводи чопӣ дархост шудааст
(Гузориши шуъбаи нигоҳдории китоб)
 Шўъбаи нигоҳдории китоб дар Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда ба шуъбаҳо ва толорҳои хониши китобхона 49979 нусха  маводи  чопӣ ирсол кардаст, ки 32952 адади он китобҳо бо забони русӣ ва 18002 нсхаи дигар бо забони тоҷикӣ буд.  
Чун ҳамеша Шуъбаи хизматрасонӣ бештар аз дигар шуъбаҳои китобхона бо хоннадагон будааст. Аз ин шуъба дар ин шаш моҳ ба миқдори 36708 адад китоб дархост ворид шудаву ҳамин миқдор китоб ирсол шудааст. 

Робитаҳои байналмилалии Китобхона дар нимсолаи аввали соли 2015

Дар моҳи феврали соли равон  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Туркманистон баррасӣ  шуд, ки ҳоло бо вазорату идораҳои зидахли кишвар мувофақа мешавад. 
Моҳи  феврали соли ҷорӣ  вохўрии директори Китобхонаи миллӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва ширкатҳои туристии ин кишвар баргузор гардид.
Инчунин дар моҳи феврал вохўрии директори Китобхонаи миллӣ бо кордори сафорати Кореяи Ҷанубӣ анҷом пазируфт. 

Шуъбаи такмили адабиёт дар шамоҳаи аввали соли 2015

Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2042 нусха (842 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 399 нусха нашрияҳои гуногунро қабул ва ба қайд гирифтаанд ва ба ҳамаи ин китобҳо барга навишта, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол кардаанд. Баргаҳои аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд. 

Шуъбаи фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва такмили ихтисос дар Китобхона

Аз ҷониби кормандони шуъба ва бо талоши онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ оид ба мавзўъҳои 3000-солагии  Ҳисор, 700- солагии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Соли оилаи солим, «Беҳтарин тўҳфаи устод»: бахшида ба 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нигоҳ ба таърих»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Модари шаҳрҳо»: бахшида ба 3000- солагии  Ҳисори Шодмон, «Адиби ширинкаломи форсу тоҷик»: бахшида ба 700- солагии Мир сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нақш ва ҷойгоҳи оила дар ҷомеа»: бахшида ба Соли оилаи солим, «Нақши китоб дар бунёди оилаи солим»,  «Тақдири хонавода дар ҷаҳони муосир» ва