Activities calendar

13 октября 2015

Нуҳ моҳи Шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ

 Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ 150  нусха китоб дар ҳаҷми 90020  саҳифа нусхабардорӣ карда, ба формати pdf баргардонидаанд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд.
Инчунин маводҳои электронӣ -90  адад диск бо забони тоҷикӣ ва 100 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 2500  китоб феҳристбандӣ  шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери  ftp ҷойгир карда шуданд.

Шуъбаи Робитаҳои байналмилалии Китобхона зарфи 9 моҳи соли 2015

Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ корҳои зеринро ба сомон расонид:  
Моҳи феврали соли равон  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Туркманистон баррасӣ  шуд, ки ҳоло бо вазорату идораҳои зидахли кишвар мувофақа мешавад.
Моҳи  феврали соли ҷорӣ  вохўрии директори Китобхонаи миллӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва ширкатҳои туристии ин кишвар баргузор гардид.

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар нуҳ моҳи соли 2015

Корҳои ғанигардонии маводҳои гўёи Китобхона аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба сомон расонида мешавад, ки дар заминаи он дар нўҳ моҳи соли 2015 кормандони шуъба барои таҳияи дастури библиографӣ бо номи «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунар» 596  нишондиҳандаи библиографӣ аз матбуоти даврӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷамъ ва омода намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  210 адад зиёд мебошад.       

Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар нуҳ моҳи соли 2015

Дар Китобхонаи миллӣ  давоми нўҳ  моҳи соли равон чорабиниҳои зерин баргузор гардид.
   28.01.2015. Семинар оид ба муҳокимаи лоиҳаи “Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникии Тоҷикистон”, бо ташаббуси Бонки Рушди Осиё.
 29.01 2015. Гуфтугў аз тариқи Скайп бо номи “Мо толиби сулҳем”, бо ҳамдастии Бунёди хайриявии “Маркази таълимии Самира”
13.02.2015.Маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон рўнамоии китоби Дилафрўзи Қурбонӣ “Розҳои оиладорӣ”

Нуҳ моҳи Маркази “Тоҷикшиносӣ”

Маркази «Тоҷикшиносӣ» зарфи нуҳ моҳи соли 2015 ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» (565 с. А-4) ва асари А. П. Шишов   «Тоҷикон (500с. А-4)-ро таҳия намуда, барои табъу нашр пешниҳод намуд.   

Нуҳ моҳи Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо

Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо  3463  нафар  истифодабарандагон   муроҷиат  намуданд,  ки  105 нафари онҳо хонандагоне мебошанд, ки нав аъзо шудаанд.
Бо дархости истифодабарандагон  8109 нусха адабиёт ба хона барои  истифодаи  муваққатӣ  дода  шуд.

Маркази такмили ихтисос дар нуҳ моҳи соли 2015

Кормандони Маркази такмили ихтисоси Китобхона ду барномаи таълимӣ барои бозомўзии кормандонро таҳия карданд:  барномаи таълимии «Омўзиши донишҳои компютерӣ» ва “Омўзиши донишҳои библиографӣ». Курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 15 нафар корманди Китобхона ва курси “Омўзиши донишҳои библиографӣ»-ро 20 нафар хатм намуда,  соҳиби сертификат гардиданд.  

Шуъбаи такмили адабиёт дар нуҳ моҳи соли 2015

Кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар тӯли ин нуҳ моҳ 2762 нусха (1238 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 892 нусха (110  номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт намуданд. Ба шумораи мазкури китобҳо барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд. Баргаҳои  аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.

Торихи Русия: муҳоҷирони корӣ бояд аз ин торих чиро донанд?

Ин китобест аз торихи Русия, Русия  дирӯз ва
имрӯз ва барои он зумра аз ҳаммиллатони мост,
ки дар ин кишвар нони муҳоҷират мехӯранд.
Ҳукумати Русия дар танзими қонунҳои
муҳоҷирати худ донистани торихи ин кишварро
барои хориҷиён на танҳо муҳим донист, балки
яке аз шартҳои боқӣ мондани онҳо дар ин
қаламрав донист. Яъне, касоне, ки дар Русия
мехоҳанд иқомат кунанд, заҳмат кашанд, ризқ

Таърихи Русия

Торихи Русия. Дастури омӯзишӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик. (Нашри дуввум, ислоҳшуда ва пуррашуда)
 Китоби нави донишманди тоҷик Зафар Саидзода, ки талош кардааст торихи Русияро барои муҳоҷирини тоҷики муқими ин кишвар бо забони хеле содаи русӣ нависад, то дар супурдани имтиҳонот ҷиҳати дарёфти ҷойи кору зиндагӣ истифода кунанд.