Activities calendar

21 октября 2015

Тоҷикистон дар чорумин намоиши байналмилалии “Китоби Боку” ширкат кард

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар чорумин намоиши байналмилалии “Китоби Боку”, ки рӯзҳои 15-18 октябр дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат намуд.
Дар ин намоиш ҳудудан аз 20 кишвари олам намояндагони китобхонаҳо ва ноширон иштирок доштанд. Намояндаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи равобити байналмилалӣ Фатҳулло Бобохонов дар ҷараёни ин намоиш бо  директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон Карим Тоҳиров, директори генералии