Activities calendar

29 декабря 2016

Китобу китобхона

Бузургтарин  ганҷина, таърих ва хазинаи тиллои ҳар як миллату қавм ва давлат дар китобхонаи он маҳфуз аст. Имрўз хазинаи Китобхонаи милли Тоҷикистон  ғанитарин боргоҳи маърифат дар кишвар маҳсуб мешавад. Бо ворид гардидан  ба  хазинаи  китобхона вуҷуди касро эҳсосоти бузурге фаро мегирад. Чиқадар адабётҳои  гуногун ва  хонданибоб, намедонӣ кадом китобро  ба даст бигириву аз куҷо  мутолиаи  онро  оғоз  намоӣ. Имрўз нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти

Назри Яздонӣ: Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ
-  Устод  Шумо аз ҷумлаи он шахсиятҳои баруманди миллат ҳастед, ки тўли фаъолияти беш аз 40 солаи худ мудом аз арзишҳои милливу асолати миллӣ ҳарф мезанед, дар ин замина таҳқиқоти комиле низ анҷом додаед. Баромадҳои Шумо дар телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мунтазам дар самти Ваҳдати миллӣ, асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ садо

Забони миллат ҳастии миллат аст

Донишманди тоҷик, профессор Сайфиддин Назарзода мегӯяд, дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста - оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои  сокини ҷумҳурӣ

Хеле кутоҳ дар бораи фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ дар Китобхонаи миллӣ

Самти дигари муҳимми фаъолияти Китобхонаи миллӣ роҳандозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва методӣ-библиографӣ, таҳия ва чоп намудани дастурҳои методӣ, дастурҳои библиографӣ, баргардон ва  ба нашр омода намудани осори ниёгон ва асарҳои илмии ба таъриху фарҳанги мо бахшидашуда мебошад.
Дар соли 2016 китобҳои силсилаи «Тоҷнома» («Мероси хаттии бостон», ҷилди 2, «Таърихи Байҳақӣ», «Ҳудуд-ул-олам»),

Зарфи як сол хонандагони шуъбаи матбуоти даврӣ 31 ҳазору 756 рӯзномаву маҷалла дархост кардаанд

Дар ин сол баргардони шумораҳои маҳфузмондаи ( аз №1 то №112 ва №35) аввалин рўзномаи тоҷикӣ-“Бухорои шариф” ба анҷом расид.
Шуъбаи матбуоти даврӣ дар соли 2016 ба 14030хонанда хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2874 нафар зиёд буда, ба хонандагони ташрифоварда 31756 нашрия пешниҳод карда шуд.
Барои таъминиталаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 46 номгў рўзнома бо забони давлатӣ, 19 номгўмаҷаллаҳои дохилӣ, 6 номгў рўзнома бо забони русӣ ва 55номгў маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣба фонди шуъба ворид карда