Activities calendar

12 апреля 2017

Вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар гуфтугӯ бо профессор Сайфиддин Назарзода

Зимни як гуфтугӯ дар барномаи “Суҳбати рӯз”-и телевизиони “Ҷаҳоннамо” кишвар профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон чашмандозе дошт дар бораи вазъи кунунии забони давлатӣ. Вай ба саволи забони модарии мо имрӯз дар кадом вазъ қарор дорад, аз ҷумла гуфт, ки забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро доро мебошад.
Метавон гуфт, ки он ҳам забони расмӣ, ҳам забони коргузорӣ, яъне забони рукнҳои тамоми ҷомеаи кишвар

Чашмандозе ба таърихи пайдоиши Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ

Мувофиқи маълумоти стандарти соҳаи китобдорӣ «Маълумоти библиографии нашр ва савдои китоб» Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ (ТДУ) забони асосии иттилоотӣ–ҷустуҷўӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун субъекти бозори иттилоотӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди истифода қарор дорад. Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ дорои дастгоҳи густаришёфтаи методӣ мебошад, ки бо ёрии он метавон дар самти савдо низ ҷанбаҳои муҳими китобро ба таври осон инъикос намуд.
Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ – эсперантои байналмилалии ҷомеаи иттилоотӣ дониста шуда, ҷустуҷўйи адабиёти зарурӣ бо ёрии ТДУ, ки дар манбаи маълумотҳо махсусан махзани китоби китобхонаҳо ҷой дода шуда, бе донистани забон имконпазир аст ва тавассути шабакаи

Библиографияи монографии профессор Сафар Сулаймонӣ аз чоп баромад

“Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ” дар таҳияи Ҷӯрабой Раҷабов аз чоп баромад.
Китоб, ки бо ду забон дар ҳаҷми ҳудудан 400 саҳифа рӯйи чопро дидааст, аз фаъолиятҳои илмии профессор Сафар Сулаймонӣ, яке аз устодони пуркори соҳаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ, омӯзгорӣ ва пажуҳишгари шинохта ҳикоят мекунад. Мураттиб талош кардааст ҳама маводи то соли 2016 дар расонаҳои хабарӣ, китобҳои ҷудогона ва шабакаи ҷаҳонии Интернет мунташиршударо гирдоварӣ кунад.  Кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гарданд. Дастур барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва маркази иттилоърасонӣ, муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад.
Дар бораи тарҷумаи ҳоли доктори илмҳои педагогӣ, академики

Навад дарсади донишомӯзони Коллеҷи фарҳангии ба номи Бӯйдоқов узви Китобхонаи миллианд

Дар пайи як таблиғот ва даъват 110 нафар донишомӯзони бахши ғоибонаи Коллеҷи фарҳангии ба номи П.Буйдоқов ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва узвияти онро пазируфтанд.
Дар доираи таблиғи китоб ва даъват ба китобхона рўзи 10 – уми апрели соли ҷорӣ гурўҳи сайёри Китобхонаи милии Тоҷикистон бо сардории мудири Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Маҳмадшариф Каримов ва муовини Марказ  Юлчибой Мўсоев, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён Умед