Activities calendar

26 апреля 2017

Семинари муштараки илмӣ- таълимӣ

Субҳи имрӯз, 26-уми март бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – таълимӣ таҳти унвони «Маърифат чароғи саодат аст» баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарони муассисаи таҳсилоти умумии назди  Донишгоҳи тоҷикӣ – славянӣ, хонандагони мактаб ва кормандони КМТ ширкат варзиданд.

Ободонии рӯзи чаҳоршанбе: идомаи гулшинониву кабудизоркунӣ

Аз субҳи имрӯз корҳои ободонӣ дар саҳни Китобхонаи миллӣ идома доштанд.

Боз ҳам гулшинониву побели заминҳо. Нармкунии бехи ниҳолҳо, тоза кардани ҷӯйборе, ки чун наҳраки равон бояд аз он об сӯйи ин сабзазору гулзор ҷорӣ шавад.

Ва боз ҳам сангу алафҳои хушкшударо тоза карданд. Бахше аз заминҳоро нарм намуданд,

Нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Китобдорӣ»

Маҷаллаи «Китобдорӣ» иборат аз 32 саҳифа зери назари директори Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», профессор Сайфиддин Назарзода  аз чоп баромад.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўз то рўз дар ҳама самтҳои фаъолияти худ, хусусан ҷалби хонандагон, ташрифи хонандагон, диҳиши адабиёт, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ғанигардонии фондҳои китобӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар самтҳои фаъолияташ қадамҳои устувор ба пеш мегузорад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари рўшди самтҳои фаъолияти зикршудаи китобхона, ҳамчунин шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ-фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи

Шеъру суруду тарона ва хушгӯиҳо дар маҳфили Равшандилон

Маҳфили навбатии “Равшандилон” бо суханони ифтитоҳии аъзои фаъоли Шуъбаи хизматрасонии махсус Шавкат Мирзоев оғоз шуд. Вай гуфт, ки ин маҳфили идомадор хеле барои афроди эҷодкор аз ҷумлаи касони дорои имкониятҳои маҳдуд зарур аст. “Мо ҳоло метавонем сурудаву навиштаҳои худро аз назари мутахассисон гузаронем, маслиҳат дарёфт кунем ва шеъру ҳикоя ва дигар эҷоди худро такмил диҳем”.
Оростаи Ниёз як шеър қироат кард,

Шуруъи омӯзиши забони инглисӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ

Дарси омӯзиши забони инглисӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Шуъбаи хизматрасонии махсус аз сар гирифта шуд.
Дар айни замон дар он 10 нафар аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони шуъба омӯзиш мебинанд.
Омӯзиши забонҳо дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ҳафтае ду маротиба-рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе барои касоне роҳандозӣ мешавад, ки ятим, нимятим ва афроди дорои имкониятҳои

Рўй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир...

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро “аниси кунҷи танҳоӣ”-ву «фvpyғи субҳи доноӣ» номидааст.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субии доноӣ китоб аст.

Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, ба сайри хаёлии олам барояд.