Activities calendar

15 июля 2017

Ободонии рӯзи шанбе: Гулҳо набояд пажмурда шаванд!

Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат ва рӯзи нигоҳубини гулу сабзаву дарахтон буд.
Тобистони гарми имсол бо гармои бесобиақааш дар ин 10 соли охир водор кард, ки кабудизор дар ҳар гӯшаи шаҳр нигоҳубини вижа дошта бошад. Ҳавои гармро баъзе рустаниҳо ва гулҳо таҳаммул надоранд ва агар сари вақт об зерашон нарезад, зуд хушк менаванд ва он манзараҳои хебо аз миён мераванд.

Раҷаб Мардон – адиб ва журналисти муваффақи кишвар

Аз ҷумлаи очекрнависони маъруфи кишвар аст. Ҳикояҳои хуб ҳам хеле зиёд навиштааст, вале бештар илҳои публистистика ва очерк доштааст. Марди зариф аст, ба ҳаддест, ки кас дар суҳбаташ соатҳо низ нишинад, хастагӣ ҳисс намекунад. Марҳум Имомназар Холназар (журналист ва ҳаҷвнигори муваффақи тоҷик) хушгӯиҳои ӯро дар китобаш ҷо додааст, ки дар фурсати муносиб намунаҳо аз онро ин ҷо мекорем. Раҷаб Мардон 3 июли соли 1940 дар деҳаи Халқаёри ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1957 мактаби миёнаи рақами 4 шаҳри Кўлоб ва соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонд.

БАҲМАНЁР: Ман на вақти мушаххаси кори эҷодӣ дорам, на барои худ низомеву равишеро муайян кардаам

Ин мусоҳибаи се соли пеш аст, ки дар “Нигоҳ” чоп шуда буд ва имрӯз, ки зодрӯзи маъруфтарин насРнависи муосир Баҳманёр аст, бо каме ихтисор нашр мекунам. Умедворам мақбули хонандагон қарор мегирад.

Нахуст мехостем дар бораи қадамҳои аввалинатон ба наср донем. Маъмулан ҳар касе мехоҳад ба майдони адабиёт ворид шавад, аввал шеър мегӯяд. Шумо чӣ?

- Ман наметавонам гӯям, ки нависанда шудан ин орзуи кӯдакии ман буд. Зеро то синфи 5 ман аслан ягон китоб нахонда будам. На китоби бачагона ва на китоб барои калонсолон. Вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам

Зодрӯзи шоҳаншоҳи Сармаддеҳ

Баҳманёр аз зумраи маъруфтарин адибони муосир аст. Дар навиштани ҳикоя дасти расо дорад. Рустои тахаюлӣ бо номи Сармаддеҳ офарид ва як силсила ҳикоёти ҷолиберо аз ҳаёти мардуми он навишт, ки ба зеҳни хонандаи имрӯз хуб нишаст. Шояд аксари кулли ҳикоёташ бастаи ҳамин Сармаддеҳи хаёлист. Роман ҳам навишт бо номи “Шоҳаншоҳ”, вале ба иқрори худаш ин роман алҳол ҷойгоҳи худро дар адабиёт пайдо накард, чуноне ҳикояҳояшро мехонанд, романашро нахонданд.

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Зодрӯзи ӯ ба ин хотир ҷои гап дорад, ки  рӯзи марги яке аз шинохтатарин фарзандони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буд. Баъдҳо, вақте дар нишастҳои дӯстон сухан аз ин боб мерафт, бо шӯхӣ мегуфтанд: