Activities calendar

30 сентября 2017

Ба ифтихори Рӯзи Мавлоно.


Чаро ҳазрати Мусо (а) аз чӯпон барошуфт?

Миллати Мавлоно аз ҳама динҳо ҷудо – ишқ аст ва «ошиқонро миллату мазҳаб Худост». Ҳамзамон, Мавлоно ошиқи зиндагист, зиндагии пироста аз ахлоқу имону ихлосу ишқи бериё бо он Дилбари бенамунаву беҳамто ва ҳам Ӯст моро офарида ва ин авотифи накӯро дар ниҳоди мо сиришта. Чандин ҳикоёти ҷолибу дилнишини «Маснавӣ» далел бар ин аст. Ишқ низ аз назари Мавлоно бар мабнои покийи зоҳиру ботин аст, ки тавзиҳи муфассали он дар чаҳорчӯби суҳбати ҳозир мавқеву маҳак надорад.