Activities calendar

10 октября 2017

Як ҳафтаи фарҳанг дар матбуоти кишвар

Ҳафтае, ки гузашт дар матбуоти кишвар як силсила хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои мамлакат дар бораи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии Шашмақом дар шаҳри Конибодом, Рўзҳои фарҳанги федератсияи Русия дар Тоҷикистон, назорат ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму анъана ва ҷашну

Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот фаъолияти яксолаи худро китоб кард

Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти яксолаи худро дар шакли китоби алоҳида интишор дод.

Дар ин китоб натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва нашрии Пажўҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (минбаъд ПИТФИ) дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳо ва раванди татбиқи воқеии мавзўъ ва лоиҳаҳои илмӣ хулоса шудааст.

Соли 2016 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ ва хотирмон маҳсуб ёфта, аз бисёр ҷиҳат баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи фарҳангу санъат шароит муҳайё гардид.

Ёде аз Маҳмуди Воҳид дар 78-умин солгарди умраш ва дар остонаи чиҳилумин соли маргаш

Ҳар сол бо сад дарду алам дар ин рӯз аз ӯ ёд мекунем. Ва чиҳил сол аст, ки зодрӯзаш бе ӯ мегузарад. Чиҳил сол аст, ки дар сӯги ӯ менависанд ва ин чиҳил сол захми набудани ӯ дар қалби ҳаводорони санъати асил шифо наёфт. Имрӯз ҳам дар сӯгаш сухан мегӯем, имрӯз ёди ӯ мекунем. Ва ҳамин гуна солҳову даҳсолаҳо дар ёду хотири миллат Маҳмуди Воҳид 38-сола боқӣ мемонад. Зиндаёд Одина Ҳошим гуфта: «Маҳмудҷон ҷуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт. Ҳама вуҷуди ў санъат буд. Ў як рукни хеле бузурги санъати халқро обод дошта буд, акнун ин гўша холи мондааст. Вале наслҳо ба хотири  ў ин гўшаро  пур мекунанду ёди ўро зинда медоранд. Ман бошам ўро ҳамеша бо шеърҳои Ҳофиз ёд мекунаму ёдашро ҳам ба шеърҳои Ҳофиз месупорам».