Activities calendar

19 мая 2018

ЛОИҚИ ЗАМИНӢ

Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш,

Тасаллияти Пешвои миллат ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат

Имрӯз, 18 - уми майи соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар синни 86 - солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати