Activities calendar

10 октября 2018

Забони модариро аз ў мебояд омўхт

Агар  Фарҳод Қобилович Зикриёев зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 72 қадам мегузошт. Ҳайфову дареғо, ки ин олими забардаст ва ин забоншиноси маълуф чанд умри тӯлонӣ надид ва дар айни гулшукуфти умр тарки олам кард.

Забоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, про­фес­­сор Фарҳод Қобилович Зикриёев 10 октябри соли 1940 дар деҳаи Шай­до­ни ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.

Хонандаи ин сатрҳо маълумоти заруриро нисбати зиндаги­но­маи за­бон­­шинос аз энсиклопедияи «Дониш­го­ҳи слав­янии То­ҷи­кис­то­ну Рос­сия» (2006. – С.99-100) ва якчанд очерку мақолаҳо, ба монан­ди «Омўз­

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи пурхонандатарин шеъру манзумаҳо ва яке адибони хушзавқу пуркор Нурмуҳаммад Ниёзӣ имрӯз дар синни 72-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Хабари марги ӯро пойгоҳҳои хабарии Интернет пахш карданд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамагӣ бист рӯз пештар ба синни мубораки 72 даромада буд. То ин соат садҳо тан аз ҳаводорони шеъри шоир аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ реҳлати шоири маъруфро тасаллият арз карданд.

НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи

Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми: ГУЛОБКАШӢ

Гулобкашон аз гули атргул, садбарг як навъ нӯшокӣ омода мекунанд, ки тарзи омода намудани он чунин аст: баргҳои гули садбарги аз шохчаҳо ҷудакардашударо бо оби соф шуста, дар андаке об дар дег ва ё дегчаи сирдор меҷӯшонанд. Барои он ки таги дег нагирад (насӯзад), онро тагу рӯ мекунанд ё омезиш медиҳанд. Пасон баргро аз об ҷудо мекунанд ва он обро аз дока мегузаронанд.

Зиндагинома ва осори илмии беш аз 1600 олими тоҷик дар таълифи Ёрмуҳаммади Сучонӣ

Арзишмандтарин китоб, ки ин моҳ интишор шуд. Ёрмуҳаммади Сучонӣ, таърихнигор, фарҳангнавис ва донишноманависи маъруф натиҷаи заҳамоти чандинсолаи худро зери   “Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)”  бо дастгирии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз чоп баровард. Ин китоб донишномаест, ки дар бораи бештар аз 1600 нафар донишмандони кишвар маълумот медиҳад.

Корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёрмуҳаммади Сучонӣ натиҷаи ҷустуҷӯи чандинсолаашро дар шакли китоби алоҳида ба хизмати хонандагон гузошт. Дар он зиёда аз 1600 нафар намояндагони илми тоҷик муаррифӣ шудаанд. Инҳо зодагону парвардагони

Маҳфили Ҳамешабаҳор бо ширкати устод Гулназар Келдӣ

Ин навбат маҳфили «Ҳамешабоҳор» бо иштироки муаллифи суруди миллӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ бо номи “Баҳори устод Гулназар” дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ширкати зумрае аз донишмандон, дӯстдорони шеър ва маҳфилҳои адабӣ баргузор гардид.  Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи шашум Эмомалӣ Раҳмонов шуд.

Андар китоби Рамазон Раҳимзода «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»

Китоби Раҳимзода Рамазон Ҳамро номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия таҳти унвони «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» , ки ахиран ба теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст, аслан як китоби дарсӣ барои донишомӯзони риштаи ҷустуҷӯист. Ин китоб зери назари  доктори илмҳои ҳуқуқ К.Ҳ. Солиев бо тақризин Т.Шарипов, И.Бобоҷонзода, Ф.Шарифзода ва М.Ғозиев интишор гардидааст.

Курси таълимии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» аҳамияти калони илмӣ-амалӣ дошта, барои беҳтар намудани омодагии касбии мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ нигаронида шудааст.