Activities calendar

06 мая 2019

Саду ҳафт соли Мирсаид Миршакар

 Ҳар шахсияти адабӣ шарофату хосияте дорад ва дар ҳамин замина дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа мемонад. Масалан: ҳамин ки қадами Боқӣ Раҳимзода ба Иттифоқи нависандагон мерасид, дар як лаҳза деги ҳазлу шӯхӣ ба ҷӯш меомад. Бо муаллим Мирсаид Миршакар рӯ ба рӯ меомадед, ҳатман мепурсид: "Ягон асари нав навишта истодаӣ ё не?".

- Ҳо, кам-кам ҷумбуҷӯл дорем, - посух медодем.

- Асари нағз бо ҷумбуҷӯли кам-кам рӯи коғаз намеояд, - бо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

 Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Террори олими номвар

 Бисту cе сол пеш дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе ду олими барҷастаи соҳаи тибб – Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ кушта шуданд. Ин ду абармарди илми тоҷик замоне ҳадафи тири нохалафон қарор гирифтанд, ки илми тибб ба ҳузури пурбаракати онҳо ниёзи бештар дод. Тоҷикистон дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатии худ аз олимоне ҷудо шуд, ки фахри тибби ҷаҳонӣ буданд. Дар бораи шахсият ва кушоишҳои илмии академик Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ мақолаи Қобилҷон ҚОБИЛОВ, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро ин ҷо мегузорем.