Activities calendar

01 июля 2019

Таърихи халқи тоҷик барои синфи 10

 Таърих як қисми хотираи халқ аст.Бо ҳама пастию баландиҳояш, бо ҳама хубу бадиҳояш, бо ҳама фардҳои ҷоҳилу оқилаш дар ёди ҳамзамонону дар сабти қаламкашонаш боқӣ мемонад. Ҳар давру замони таърихӣ хусусиятҳои худро дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон давлатҳою халқҳо, ҳокимону қаҳрамонҳо ва аҳли заҳмат ба таърих ворид мешаванд.

Пораҳо аз китоби “Маҳдудаи матолиби хонданӣ»

 Китобҳои бад на танҳо бефоида, балки бисёр зараррасон мебошанд. Зеро навад дар сади матбуоти дар дасти интишор фақат бад-он манзур чоп мешаванд, ки бад-ин васила он ду тангаи зиёдатии хонандагони хушбоварро аз ҷайбашон берун бикашанд. Бад-ин манзур аст, ки муаллифон, ноширон ва чопхонадорон бар ҳаҷми китобҳо меафзоянд. Дар муқобили чунин мусибате, ки рух додаст, бояд тарки китоб хондан кард, ба иборати дигар, яъне китобҳоеро, ки таваҷҷуҳи иҷтимоъро ба худ ҷалб мекунад ё ба ҳечигарӣ ихтисос дорад, аслан набояд хонд. Ба гуфторе