Activities calendar

09 июля 2019

Осорхонаи Конуни забон, яъне чӣ?

 Осорхона чист? Ин аввалин суоле буд, ки ба муҷарради ворид шудан ба осорхонаи забони тоҷикӣ ба сарам омад. Дарвоқеъ, чист осорхона ва чаро мо бояд онро дошта бошем?

 Осорхона макони хосест, ки дар он маҷмуъае аз осори бостониву санъатӣ ва ашёи боарзишро ба маърази намоиш мегузоранд. Ҳатто ҷомеаи байналмилалӣ ҳар сол як рӯз – 18 майро рӯзи осорхонаҳо эълон кардааст ва

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

     Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи  5- уми июли соли 2019, соати 14 00  дар толори “Ошёни Булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 9- ум) чорабинии фарҳангию фароғатӣ  бахшида ба Рўзи  маъюбони Тоҷикистон (8-июл)  таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» доир гардид.

    

Модари Музаффар

Шаб баробари варақгардон кардани шеърҳои Музаффар, хотиротам низ беихтиёр такорӯ шуд; дар пеши назар зодгоҳи чу модар азиз бо тамоми наҷобаташ, ки ки вуҷудамро ҷавонии дубора бахшид, падид омад. Деҳа аҷоиб ҷойгоҳест, мисли ҳарам поку беғубор ва мардумон чун малак бо ҳам дӯсту ғамгусор. Ин деҳа нест, ин як хонадон аст, ки аҳли он дар миёни чордеворҳои пастобаланду яке муҳташаму дигар муҳаққар макон кардаанду, аммо бо ҳамдилӣ, бо меҳру маҳаббати бемонанд, ки дар шаҳр онро Худо гирифтааст, зиндагиро бо тамоми зебоиҳояш гарм кардаанд. Биҳишт бояд ҳамин гуна бошад.

Ишқи ин деҳаи дар орзуҳои ширнини ман ғарқ шуда аз он ҷо дубора ғалён кардааст, ки ҳоло хабари 50-солагии