Activities calendar

11 июля 2019

Боз як роман аз адибони ҷопонӣ: “Хонуме дар регзор

Муаллифи ин роман нависандаи маъруфи Ҷопон Кобо Абэ буда, онро аз русӣ Абдуғаффор Қурбонов баргардон кардааст. Китоб дар бораи ҳодисаҳое нақл мекунад, ки бар асари он одамон бенишон ғайб мезананд а ин рафтану бенишон шуданҳо  аксаран ба фоҷеа табдил меёбанд. Дирсардӣ аз зиндагӣ, дунёбезорӣ, ҳаёти сангину фақри аҳли деҳот, ки аз назари мақомот берун мондааст, кӯшишу талошҳои такрор ба такрори қаҳрамонони асар ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳо барои халосӣ ёфтан аз асирию ғуломӣ ва ғайра.

Соате бо Зариф Ғулом

 Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи  Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавзўъ «Дар суҳбати  адиб» бо иштироки рўзноманигор ва нависанда Зариф Ғулом  баргузор гардид.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов меҳмони маҳфил ва ҳамаи ширкаткунандагонро хайрамақдам гуфт. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар бораи Зариф Ғулом ҳарф зад, ӯро ба ҷамъомадагон шинос намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки  хабару мақола, очерку лавҳа, ҳаҷвию латифа, қиссаю ҳикояҳояш воқеӣ буда, дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз соли 1959 то инҷониб ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ ба табъ мерасанд. 

Тасвири гул дар маҳфили “Дастони моҳир

 Маҳфили «Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасон ба мавзуи “Гулҳои Душанбе” бахшида шуд ва ҳадаф сохтани гул буд.  Чаро мо ин мавзуъро интихоб кардем? Тоҷикистон ва бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе ахиран ба як шаҳри гулҳо табдил шуд. Имрӯз ба ҳар кӯчаву хиёбон наравед, аз ҳар раста гузар накунед, шумо ба гулҳои рангорангу зебо рӯ ба рӯ мешавед. Баъзе намуди гулҳоро мо бори аввал мебинем. Шаҳрдории пойтахт барои ободе зебо гардонидани шаҳри Душанбе аз кишварҳои дур гунаҳои мухталифи гулҳои зеборо овардаву парварш кардааст ва онҳо ҳоло зеби кӯчаву хиёбонҳои моянд.

Афсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон

   Ҳиндустон мамлакати сераҳолӣ ва сермиллат аст. Он дорои 18 забони давлатӣ : ҳиндӣ, банголӣ, маратҳӣ, гуҷаратӣ, панҷобӣ, ория, ассамӣ, кашмирӣ, тамилӣ, телугу, малаялам, каннада, урду, синдҳӣ, непалӣ, манипурӣ, биҳорӣ ва санскрит буда, ҳазорҳо  лаҳҷаҳои гуногунро дорад. Ҳар як забон ва ҳар як лаҳҷа дорои фолклори худ аст, ки бо хусусиятҳои миллӣ ва маҳаллиаш аз ҳамдигар фарқкунандаанд. Вале баъзан ҳамон як афсона ва ё ривояту достонҳо, ҳарчанд сужаи як дошта бошанд ҳам, бо ҷою макон ва қаҳрамони худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.Баъзан ин тавр ҳам мешавад, ки бисёр достону ривоятҳо ва афсонаҳо аз байн беному нишон ғайб мезанад ва ҷои онҳоро афсонаҳои нав мегиранд.