Activities calendar

30 июля 2019

“Биология умумӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед

 Хонандагон дар синфи 11 омўзиши биологияи умумиро, ки дар синфи 10 ба он шурўъ карда буданд, давом медиҳанд. Дар  синфи 10 кадом мавзўъҳоро омўхтанд? Гуногуншаклии олами зинда, эволюцияи кимиёвӣ ва биологӣ, эволютсияи биосфера, пайдоиши ҳаёт дар рўйи Замин, ташаккули кимиёвиии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳо, инкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии генетика ва қонунҳои ба мерос гузаштани аломатҳо ва ғайраро.

Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ

 Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 508 китоб тақдим кард, ки яке аз он “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад.  Феҳристи  номҳои  миллии тоҷикӣ  тибқи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.

Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд

 Хонаводаи олими шинохта Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ 638 нусха китоби китобхонаи шахсии ӯро тақдим карданд. Аксари ин китобҳо илмианд ва бештар дар мавзӯъи пажӯҳишҳои олими варзида навишта шудаанд. Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо чандин китоб аз илмҳои дақиқ, геология, экология, минерология ва авторефератҳои зиёде, ки солҳои мухталиф навишта шудаанд, ғанӣ гардид.

 Кист Кабут Вазиров?