Activities calendar

09 декабря 2019

Дунёи Мирзоватан Миров. Синни ҳунарманди маъруф ба 70 расид

 Ҳарчанд аз мактаби ҳунари Одина Ҳошим гузаштааст, сабки хоси хониш дорад, аз  осори шуарои пешину муосир ва мероси халқӣ сурудҳои зиёд бо лаҳни хуш иҷро кардааст. Ба ҳайси оҳангсоз «Саҷда ба деҳкон», «Ғофил мабош», «Ошиқ шудаам», «Сабзина», «Ман ҷавонам», «Им­шаб», «Қадри шоир», «Ситораи ман», «Назира», «Кўҳнадиёро», «Дастат нагирам», «Лолагун бод», «Асар накард» барин сурудҳо эҷод кардааст, ки овозхонони шинохта  мехонанд.

 МИРОВ Мирзоватан 8 декабри соли 1949 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омаадааст. Актёр ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз! (Такмилшуда бо иловаи библиографӣ)

«Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон»-у «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум монда буд».

Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин 

Китоби нави Зафар Сайидзода дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат

 Китоби нави Зафар Сайидзода “25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (солҳои 1992 – 2017): исторические аспекты становления и развития» аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли ахир ҳикоят мекунад. Таҳлили олимонаву коршиносонаи муаллиф имкон медиҳад, ки ҷомеаи всеъи хонандагон: сиёсатшиносон, Дипломатҳо, пажӯҳишгарон, муаррихон, устодони макотиби олӣ, донишҷӯён аз он ба таври густардаву ҳамаҷониба истифода кунанд.