Activities calendar

20 января 2020

Маҳфили “Дастони моҳир”: Тасвири манзараи зимистон дар ҷангал

​ Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» баргузор шуд, ки мавзӯъи он тасвири манзараи «Зимистон дар ҷангал»  дар рўйи коғаз будЗимистон фасли сарди сол аст ва бачаҳо, ки ба тозагӣ аз таътили зимистона ба синфхонаҳои худ баргаштанд, таассуроте ҷолиб шояд аз он доранд. Вале мавзӯъ “Зимистон дар ҷангал” буд ва табиист, ки мураббӣ мебоист аввал онро шарҳ диҳад.

Паёми наҷотбахши Мавлоно барои башарият

 Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба