Activities calendar

04 февраля 2020

Моҳи феврали соли 2020

1-уми феврал

90-солагии зодрӯзи Хайрулло Абдуллоев (1930-2008), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

70-солагии зодрӯзи Хадича Абдуҳалимова (1950-1997), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Китоби нав: “Дар офариниш”

​Муаллифи ин китоби хонданӣ Ҳоҷимурод Хурсандӣ аст. Асари мазкур дастури муфиде ҷиҳати густариши дониш ва камолоти маънавии оммаи васеи хонандагон аст.  Рисола дар асоси оятҳо Қуръон, илми муосир ва таҷрибаи зиндагии муалиф таҳия гардида, баҳри дастёбӣ ба саодати ҷавонӣ, ки имон аст, равона мегардад.

Чи тавре ки муаллиф дар оғоз мегӯяд-фарди пешрафта фақат дар доираи хурдану хуфтан набояд маҳдуд бошад. Ӯро лозим аст аз мантиқи пешрафтаи иқтисодиёт, муносибатҳои иҷтимоӣ, сохтори сиёсӣ, соҳаҳои маънавиву ахлоқӣ, соҳаи идора ва ниҳоят аз оғозу анҷоми сайёрае, ки дар он умр ба сар мебарад, огоҳ бошад. 

Бонк чист ва бонкдор кист?

​Бонк яке аз субъектҳои иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар ҳар давру замон байни харидор ва фурӯшандаи пул мақоми миёнаравиро дорад.  Айни замон ҳаёти мусирро бе бонкҳо ва низоми бокӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Китоби Мавзуна Сабзаева “Бонк ва бонкдор” шуморо бо вижагиҳои зиёде, ки хости низоми бонкдорист, ошно месозад. Ин китоби таълимӣ ба  таҳқиқи фаъолияти бонкҳо, амалиёти бонкӣ, низоми бонкдорӣ ва шуғли бонкӣ дар Тоҷикистон ва шарҳи комёбиҳои бонкдорҳои машҳур бахшида шудааст. Он ба донишҷўёни тахассуси бонкдорӣ ва доираи васеи алоқамандони адабиёти иқтисодӣ тавсия карда шудааст.

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши аввал

​  Китоби донишманди эронӣ – Фазлуллоҳ Ризо, «Нигоҳе ба Умари Хайём» ба забони форсӣ соли 2000 дар Эрон нашр гардида, диққати хонандагон ва мухлисони Умари Хайёмро ба кашфиёти илмии риёзӣ, физикии мутафаккири  машҳур ҷалб намудааст, ки ин кашфиёт дар Аврупо дар нимаи дуюми асри 19 аз ҷониби Ф. Вопке, Д. Э Смит, аз ҷумла тарҷумаи рубоиёти Хайём аз ҷониби Э. Фитсҷералд ба англисӣ шўҳрати Хайёмро дар Аврупо ва Амрико ҳамчун олими навовар дар соҳаи улуми табиатшиносӣ ва шоири воқеъбин, мунаққиди хурофотпарастию мунофиқӣ муаррифӣ намуд.