Чилу се соли фаъолияти пурсамар

Имрӯз, 21-уми апрел Шукурова Гулсара Эргашевна, ҳамкори собиқи мо, яке аз хидматкардагон дар китобдории кишвар зодрӯз доранд.
    Гулсара Шукурова 21 – уми апрели соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) ғоибона соли 1976 ба охир расондааст.
Аз соли 1971 то 2014 корманди Китоб­хонаи миллии Тоҷикистон буд, дар вазифаҳои китобдор, методист, сар­методист, китобдори калон, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ кор кардааст.
Муаллифу мураттиби дастурҳои методию  нишондиҳандаҳо аз қабили «Юсуф Акобиров – донишвари  мумтози наср», «Ҷалол Икромӣ – нависандаи маҳбуби мо», «Сарояндаи фатҳу зафар» (Раҳим Ҷалил), «Хуршеди назми муосири тоҷик» (Лоиқ Шералӣ), «Боқӣ Раҳимзода – шоири маҳбуби мо», «Мирзо Турсунзода сарояндаи сулҳ ва дўстӣ», «Фарзанди бузурги халқи тоҷик» (дар бораи Бобоҷон Ғафуров) «Мутафаккири барҷастаи тоҷик» (Муҳам­мад Осимӣ) мебошад.
Як силсила маслиҳату тавсияҳои методӣ, ба монанди «Саҳми китобдорон дар мубориза зидди нашъамандӣ», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст», «Истиқлолият-дастоварди бузурги миллат аст», «Тарғиби адабиёти техникӣ», «Тоҷикистон-соҳибистиқлол» ва ғайраро низ нашр намудааст.
Бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр шудааст.

Намунаи осор

  1. Тоҷикистон – соҳибистиқлол: Маслиҳатҳои методӣ. – Душанбе, 1993. – 20 с.
  2. Фарзанди бузурги халқи тоҷик: Тавсияҳои методӣ барои китобдорон оиди 90-солагии зодрўзи академик Бобоҷон Ғафуров. – Душанбе, 1998. – 18 с.
  3. Тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорони китобхонаҳои чумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2000. – 77 с. – Бо ҳамроҳии Ҷ. Раҷабов.
  4. Истиқлолият- дастоварди бузурги миллат аст: Тавсияҳои методӣ. – Душанбе, 2001. – 18 с.
  5. Асарҳои адибони муосири тоҷик дар хазинаи китобхонаҳои Тоҷикистон: Маводи методию библиографӣ. – Душанбе, 2002. – 32 с.
  6. Дастурҳои нав борои китобдор: Оиди  дастурҳои методӣ барои китобдорон // Китоб­дор. – 2006. – №1. – С.31. – Бо ҳамроҳии Содиқова З. Маҳмадҷонов Ҳ.
  7. Шукурова Г. Корнамои халқи тоҷик дар муҳорибаҳои ҶБВ: Оид ба фаъолияти кормандони Китобхона дар солҳои ҶБВ // Баҳори аҷам. – 2011. – 6 май.

Адабиёт дар бораи Гусара Шукурова

  1. Каримзода, Б. Сабурӣ асоси хушбахтӣ // Оила. – 2003. – 30 май.
  2. Юнусов, А. Шукурова Гулсара Эргашевна // Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ. – Душанбе, 2004. – С.50-51.
Барчаспҳо: